[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Ин мавзуъҳо фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомӯз аз ҳаёти рӯзмарраи босаъодати пешвои башарият ва хотимул – анбиё Муҳаммад (с) мебошад. Мавзуъҳо барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷӯён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусалмонон тақдим мегардад.
Хоҷаи дунёву дин, ганҷи вафо,
Cадру бадри ҳар ду олам – Mустафо.
Oфтоби шаръу гардуни яқин,
Hури олам, раҳматан лил оламин.
Mеҳтарину беҳтарини анбиё,
Pаҳнамои асфиёву авлиё Meҳдии Ислому ҳодии субул,
Mуфтии ғайбу имоми ҷузву кул.
Mаҳв шуд шаръи ҳама дар шаръи ту,
Aсли ҷумла кам бувад дар фаръи ту.
Tо абад шаръи туву аҳкоми туст,
Ҳамбари номи илоҳӣ номи туст.
Ҳар кӣ буд аз анбиёву аз русул,
Ҷумла бо дини ту оянд аз субул.
Зиндагиномаи Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Уламо ва риёзидонони машҳур ба ин назаранд, ки Расули акрам (с) рӯзи душанбе нуҳуми рабиъулаввали (соли Фил), ки мутобиқ ба бистӯми апрели соли 571 мелодӣ аст, таваллуд шудааст. Хонадони паёмбари гиромӣ аз қабилаи Қурайш мебошанд. Он Ҳазрат (с) қабл аз валодат аз падар маҳрум монда ва дар синни шаш солагӣ аз модар ятим мемонад. Даврони ширхорагии он Ҳазрат (с) назди Ҳалимаи Саъдия (р) сипарӣ мегардад ва чун дар синни чаҳор солагӣ ҳодисаи шаққи садр, яъне шикофтани синаи муборак ба вуқуъ мепайвандад, Ҳалима аз хавфи он, ки мабодо ба тифл зараре расад, Муҳаммад (с)-ро ба хонаводааш бармегардонад. Пас аз вафоти Омина модари он Ҳазрат (с) бобояш Абдулмутталиб тарбияи ӯро ба зимма мегирад ва чун бобояш мефавтад, барои тарбияи он пешвои башарият, амакаш Абутолиб камар мебандад ва то лаҳзаи маргаш ин масъулияти муҳимро ба хубӣ анҷом медиҳад. Дар синни 25 - солагӣ бо Хадиҷа бинти Хувайлид издивоҷ намуда ва дар синни 40 - солагӣ ба паёмбарӣ мабъус мегардад. Сенздаҳ сол дар Маккаи мукаррама мардумро ба тавҳид, яъне тарки бутпарастӣ ва ибодати Худои ягона даъват менамояд. Сипас ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуда то поёни хатми рисолат вазифаи аз тарафи Парвардигор ба зимма доштаашро бо сарбаландӣ анҷом медиҳад. Дар соли 11 - ҳиҷрӣ, мутобиқ бо соли 633 мелодӣ дар Мадинаи мунаввара дар манзили ҳамсари гиромиаш уммулмӯъминин Оишаи Сиддиқа (р) дори фониро видоъ гуфта ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида мешавад.
Қиссаи пешниҳоди он Ҳазрат(с) ба қавми худ ҳангоми вафоти Абутолиб
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Ҳангоме, ки Абутолиб бемор шуд, гурӯҳе аз сарони Қурайш назди ӯ омаданд ва Абуҷаҳл низ ҳамроҳи эшон буд. Онҳо гуфтанд: - Бародарзодаи ту маъбудҳои моро таҳқир карда ва чунину чунон мегӯяд. Кош ӯро назди худ мехондӣ ва аз ин кор манъаш мекардӣ. Абутолиб нафареро равон кард ва Паёмбар(с)-ро ба назди худ хонд. Паёмбар (с) дохили ҳуҷра шуд ва байни нишастагон ва Абутолиб миқдори ҷои нишасти як шахс холӣ буд. Ровӣ мегӯяд: Абуҷаҳл хавф бурд, ки агар Паёмбар (с) дар паҳлӯи амакаш Абутолиб нишинад, ӯ нармдил мешавад, аз ин рӯ дарҳол аз ҷояш ҷаста хест ва он ҷо нишаст. Паёмбар (с) назди амакаш Абутолиб ҷои нишаст наёфта, назди дар нишаст. Абутолиб ба вай гуфт: Эй бародарзодаам, барои чӣ қавмат аз ту шикоят доранд ва даъвогаранд, ки ту Худоҳои эшонро дашному носазо мегӯӣ? Ровӣ мегӯяд: Чун дар борааш бисёр суханҳо гуфтанд, Паёмбар (с) билохира оғози сухан намуда гуфт: «Эй амак, ман аз эшон танҳо гуфтани як калимаро мехоҳам, ки дар натиҷаи он ҳамаи араб тобеъи онҳо мешаванд ва ҳамаи аҷам ҷизяпардозашон мегарданд». Аз ин суханони он Ҳазрат (с) онҳо дар ҳарос афтода гуфтанд: Танҳо як калима!! Садақаи сари падарат, як не даҳ калима бигӯй. Сипас қавм гуфтанд: Чист он калима? Абутолиб гуфт: Эй бародарзода, чист он як калима? Паёмбар (с) гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Қавм, пас аз шунидани ин калима ҳаросон аз ҷой бархоста доманҳояшонро афшонда ва (суханеро, ки Худованд, дар сураи «Сод», ояти 5, ҳикоятан аз забони онҳо овардааст) мегуфтан: «Оё ҳамаи маъбудонро Худои якто гардонидааст? Ва ҳароина, ин чизи аҷиб аст?». (Сураи Сод, ояти 5) Ровӣ гуфтааст: - Аз ин, яъне ҳамин ояти (панҷуми сураи «Сод») то охири ояти «бал ламмо язуқу ъазобӣ» (яъне, балки ҳанӯз азоби Маро начашидаанд) нозил шудааст.
Қиссаи фармони Паёмбар (с) ба Алӣ (р) дар муҳорибаи Хайбар, барои даъвати мардум ба сӯи Ислом
Аз Саҳл ибни Саъд ба ин мазмун ривоят аст, ки мегӯяд: - Паёмбар (с) дар рӯзи муҳорибаи Хайбар фармуд: - Албатта, ин парчамро фардо ба дасти шахсе медиҳам, ки Худованд бо дастони ӯ кушоишу фатҳро насибамон мегардонад. Он шахс Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худову Расулаш низ, ӯро дӯст медоранд. Ровӣ мегӯяд: - Мардум он шабро ба ин фикр, ки Расули Худо парчамро ба кӣ хоҳад дод, гузарониданд ва саҳаргоҳон назди Расули Худо (с), ба умеде, ки парчамро соҳиб мешаванд, ҳозир шуданд. Расули Худо (с) гуфт: - Алӣ ибни Абутолиб куҷост? Гуфтанд: - Эй Расули Худо (с), ӯ аз дарди чашм шикоят дорад. Чун Алиро назди он Ҳазрат ҳозир карданд, Расули Худо(с) луоби даҳонашро ба чашмони Алӣ (р) бимолиду дар ҳаққаш дуъо намуд ва Алӣ (р) дарҳол шифо ёфт ва гӯё ҳеҷ дарде ба ӯ нарасида бошад. Сипас, Расули Худо (с) ливоро ба дасти Алӣ (р) супорид. Алӣ (р) гуфт: - Эй Расули Худо (с), бо онон меҷангам, то ки монанди мо бигарданд? Расули Худо (с) фармуд: - Ба майдони эшон ворид шав ва эшонро ба Ислом бихон ва ҳаққи Худоро бар онҳо дар Ислом баён намо.Савганд ба Худо, албатта ҳидоят кардани Худованд як шахсро беҳтар аст барои ту, аз ин ки бошад бароят уштурҳои сурхи гаронбаҳо.
Қиссаи даъвати Паёмбар (с) хешу табори худро ба Ислом ва исрори Абуҷаҳл бар куфр
Ибни Аббос (р) ривоят мекунад: - Ҳангоме, ки Худованд ояти «ва анзир ъаширатакал ақрабийн, яъне, хешону наздиконатро ҳидоят намо»-ро нозил кард, Паёмбар (с) болои кӯҳи Сафо баромада нидо кард ва мардум назди ӯ ҷамъ омаданд. Сипас, Расули Худо(с) фармуд: - «Эй бани Абдулмутталиб, эй бани Фиҳр, эй бани Каъб, агар ба шумо гӯям, ки лашкаре дар зери ин кӯҳ саф ороста, мехоҳанд ба шумо ҳамла кунанд, оё маро бовар мекунед»? Гуфтанд: - Бале. Боз фармуд: «Пас, ман аз азоби дардноки дарпешистода шуморо огоҳ мекунам». Абулаҳаб дар ин асно гуфт: - Ҳалокати бардавом бод бар ту! - Оё моро танҳо барои ҳамин хонда будӣ? Худованд ин замон сураи Масадро нозил кард. низ (ҳамроҳи ӯ) дарояд, ки ҳезумкаш (яъне, суханчин) аст ва бар гардан ресмоне аз лифи (пусти) хурмо дорад (яъне, бо хаффа ва буғӣ кардан азоб карда шавад)».
Қиссаи мардумро ба Ислом даъват кардани он Ҳазрат(с) дар бозор ва дурӯғгӯ шуморидани қавмаш ӯро
Ториқ ибни Абдуллоҳ мегӯяд: - Ман дар бозори «Зил-маҷоз» будам ва дидам, ки ҷавонмарде бо либоси сурх аз назди мо мегузашту мегуфт: - «Эй мардум, бигӯед: - Маъбуде нест, ҷуз Худованди якто, растагор мешавед». Ва марди дигаре, ки аз пойҳояш хун мерафт, аз қафои вай роҳравон мегуфт: - Эй мардум, ӯ дурӯғгӯй аст, итоъаташ накунед. Гуфтам: - Ин шахс кист? Гуфтанд: - Марди ҳошимист, ки даъвои паёмбарӣ дорад ва он марде, ки аз пасаш меояд, амакаш Абдул-уззо аст.
Қиссаи мужда ба ҷаннат додани Набӣ(с) Аммор ва аҳли байташро ҳангоме, ки онҳоро гирифтори азобу уқубат мебинад
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) мегӯяд: - Расули Худо (с) аз назди Аммор ва аҳли байташ,
ки дар банди азобу уқубат буданд гузашт ва эшонро дида гуфт: - «Башорат (хабари хуш) бар шумо эй оли Ёсир, бе шак, насиби шумо ҷаннат аст». Фурӯд омадани ҳазор малоика баҳри ҳамроҳӣ намудан
Паёмбар (с)-ро дар муҳорибаи Бадр бар зидди мушрикон Умар (р) мегӯяд: - Рӯзи муҳорибаи Бадр буд. Расули Худо (с) ба саҳобагонаш назар карда дид, ки онҳо зиёдтар аз сесад нафар ва мушрикон аз
ҳазор нафар болоанд. Пас, Набии акрам (с), ки дар тан ҷомаву эзор дошт, рӯ ба сӯйи қибла карда, гуфт: - «Эй бор Худоё, он ваъдае, ки маро дода будӣ ҷомаи амал бипӯшон. - Эй бор Худоё, агар ин
тоифаро, ки аз аҳли Ислом ҳастанд, ҳалок намоӣ, пас, баъд аз ин дар рӯи замин дигар Туро ибодатгузоре нахоҳад буд». Ба Парвардигораш чунон зорию тавалло ва муноҷот мекард, ки ридояш (болопуши
либос) аз танаш афтод. Абубакр (р) омада ридои ӯ (с)-ро ба китфонаш гузошт ва мулозимати он Ҳазрат (с)-ро намуда гуфт: - Ё Расулаллоҳ, муноҷоте, ки Худовандро кардед, кифоя аст. Он чизеро, ки
Парвардигор ба шумо ваъда кардааст, албатта, иҷро мекунад. Пас Аллоҳ ин оятро нозил кард: «Ва (ба ёд оред) он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо бипазируфт, ки Ман бо ҳазор фаришта,
ки аз паи якдигар меоянд, ёриатон мекунам!» (Сураи Анфол, ояти 9)
Қиссаи марде, ки ҷиҳод ва шаъну шарафи дунёро ҳамроҳи Паёмбар (с) мехоҳад
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марде гуфт: - Эй Расулуллоҳ (с), марде мехоҳад, ки дар роҳи Худо ҷиҳод кунад ва дар айни замон обрӯи дунёиро низ соҳиб шавад. Расули Худо (с) гуфтанд: - «Аҷре нахоҳад гирифт». Мардум ҷавоби ин суолро зарурӣ шуморида ба он кас гуфтанд: - Суолатро ба Паёмбар (с) такрор кун, шояд нағз нафаҳмонида бошӣ. Чун мард бори дуввум ва саввум низ такрор кард, Паёмбар (с) ҳамон як ҷавоб мегуфт: - «Аҷре нахоҳад гирифт». Дар ривояти дигар чунин омадааст: - «Худованд аз амалҳо танҳо онеро қабул мекунад, ки холису беғараз ва хос барои дарёфти ризои Парвардигор бошад».
Қиссаи марде, ки дохили ҷаннат шудааст ва ҳол он ки боре ҳам намоз нагузорида ва Паёмбар (с) бар он шаҳодат додааст
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Аз мардум пурсидам: - Маро аз марде хабар диҳед, ки дохили ҷаннат шудааст ва ҳол он ки боре ҳам намоз нагузоридааст. Чун мардум он шахсро нашинохтанд ва ҷавоб гуфта натавонистанд, аз Абуҳурайра (р) пурсиданд: - Он мард кист? Абуҳурайра (р) мегӯяд: - Он кас шермарди шуҷоъу боғайрати бани Ашҳал, Амр ибни Собит ибни Вақш мебошад. Ҳасин мегӯяд: - Ба Маҳмуд ибни Лабид гуфтам: - Аҳволи он мард (, ки боре ҳам намоз нагузорида дохили ҷаннат мешавад) чӣ гуна будааст? Гуфт: - Он марде аст, ки ҳангоми ҳамроҳи қавмаш будан ҳанӯз Ислом наоварда будааст ва чун рӯзи ғазваи Уҳуд мешавад Ислом меорад ва шамшер ба даст ҳамроҳи Расули Худо вориди майдони ҷанг мешавад ва баъд аз задухӯрдҳои зиёд маҷруҳ гашта ҷароҳати вазнин мебардорад. Ровӣ мегӯяд: - Чун гурӯҳе аз бани Абдулашҳал шаҳидони дар майдони ҷанг кушташудаи ҳамқавмонашонро барои шиносои ҷустуҷӯ мекунанд, тасодуфан он марди шуҷоъро маҷрӯҳу захмин меёбанд ва байни худ мегӯянд: - Савганд ба Худо, ин шермарди шуҷоъи худамон аст, чӣ чиз ӯро ба майдони ҷанг оварда бошад?! - Чун вақте ҳамроҳи мо буд Исломро инкор мекард. Сипас аз худи ӯ мепурсанд: - Эй Амр, чӣ чиз туро ба майдони овард? - Оё номуси қавмат, ё рағбатат ба Ислом? Ӯ мегӯяд: - На ! (Номуси қавмам не,) балки рағбат доштанам ба Ислом маро ин ҷо овард. - Чун ман Исломро пазируфта ба Худову Расулаш имон овардам, шамшер гирифта ҳамроҳи Расули Худо (с) вориди набард шудам ва мубориза бурдам, то ин ки чунин ҷароҳат бардоштам. Дар ҳамин гуфтугузорҳо ҳастанд, ки чанд лаҳза пас он шермард рӯи дастони ҳамқавмонаш ҷон ба ҷонофарин месупорад. Чун саргузашти Амрро ба Расули Худо (с) мерасонанд, мефармояд: - «Албатта, ӯ аз аҳли ҷаннат аст».
Қиссаи марде, ки бо Паёмбар (с) бар ҷаннат паймон баста буд
Шадод ибни Илҳод ривоят мекунад, ки марде аз аъроб назди Расули Худо (с) омада имон овард ва пайравиаш карду гуфт: - (Эй Расули Худо)
ҳамроҳи шумо ҳиҷрат мекунам. Паёмбар (с) ӯро ба баъзе аз асҳобаш тавсия намуд, ки ҳамроҳи эшон бошад. Чун муҳорибаи Хайбар оғоз шуду фатҳи Хайбар насибашон гашт, Расули Худо (с) ғаниматҳои
гирифтаро тақсим намуд ва барои он мард низ ҳақ ҷудо намуда ба асҳобаш дод, то ки ба ӯ бирасонанд. Аъробӣ (он мард), ки масъулияти муҳофизати бехатарии лашкарро дошт, дертар ҳозир шуд. Чун
ҳиссаашро аз ғанимат ба ӯ доданд, гуфт: - Ин чист? Гуфтанд: - Ин ҳиссаест, ки Расули Худо (с) ба шумо додааст. Ӯ мегӯяд: - Эй Расули Худо (с), ман барои ин гуна чизҳо пайравии шуморо накардаам.
- Ман барои он аз шумо пайравӣ мекунам, ки аз ин ҷо тир хӯрам - ба ҳалқаш ишора мекунад - ва бимираму дохили ҷаннат шавам. Паёмбар (с) мефармоянд: - «Албатта, тасдиқи Худованд, садоқататонро
нишон хоҳад дод». Баъд аз он ба сӯи майдони набард бархостанд ва баъд аз чанд лаҳзае ӯро бардошта назди Расулуллоҳ (с) оварданд, ки тире дар он мавзеъи ишора намудааш расидааст. Набии акрам (с) мепурсад: - «Оё ин ҳамон мард аст»?! Ӯро овардагон мегӯянд: - Бале. Паёмбар (с) мефармоянд: - «Ин мард Худовандро тасдиқ кард, Худованд ростқавл буданашро нишон дод». Паёмбар (с) ӯро дар либоси
болопӯшаш кафан карда бар ӯ намоз гузорид ва аз ҷумлаи он чӣ, ки дар намозаш шунида шуд, ин аст: - «Эй бор Худоё, ин бандаат дар роҳи Ту ҳиҷрат карда ва ба шаҳодат расидааст ва ман бар ӯ шоҳидам».
Қиссаи дидани Паёмбар (с) марди сиёҳпустро бо ду ҳамсар аз Ҳурул-айн
Аз Анас (р) ривоят аст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: - Эй Расули Худо (с), ман марди сиёҳпӯсти бадшакли нодорам. - Агар бо он мушрикон то дами охиринам биҷангам, оё дохили ҷаннат мешавам? Он Ҳазрат (c) мефармоянд: - «Бале». Сипас, он мард вориди майдони набард мешавад ва то охирин нафасаш меҷангад ва кушта мешавад. Вақте ҷасади беҷони ӯро назди Расули Худо (с) меоварданд, мефармояд: - «Худованд чеҳраи зебо, буйи хуш ва моли зиёдеро насиби шумо гардонид». Инчунин мефармоянд: - «Ду ҳамсари ӯро аз Ҳурул-айн дидам, ки барои дар оғуши вай даромадан бо ҳам кашмакаш мекарданд».
Қиссаи Паёмбар (с) бо марде, ки аз бемориҳо мепурсад: Оё аз онҳо мо аҷр мегирем?
Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Марде гуфт: - Эй Расули Худо (с) ин бемориҳое, ки ба мо мерасад, барои мо дар ивазаш чӣ хоҳад буд? Паёмбар (с) фармуд: - «Каффорати гуноҳонатон ҳастанд. Убай ибни Каъб гуфтааст: - Эй Расули Худо (с) ва гарчанде (шиддати он бемориҳо) кам ҳам бошад? Он Ҳазрат (с) фармуданд: - «Ва агарчи хоре ҳам бошад, ё дардноктар аз он». Ровӣ мегӯяд: - Пас, Убай (р) барои худ дуъо кард, ки ҳаргиз дарду алам то дами марг аз ӯ ҷудо нашавад ва он дард ӯро аз ҳаҷҷу умра ва ҷиҳод дар роҳи Худо ва намозҳои панҷгонаи дар ҷамоъат маҳрумаш нанамояд. Ҳар касе, ки ба дасти ӯ даст мерасонид, шиддати гармиашро ҳис мекард ва ин ҳолат то дами маргаш бо Убай (р) боқӣ монд.
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]