[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Қиссаи иззату икроми Паёмбар (с) мусалмонони камбағалро
Саъд ибни Абуваққос (р) мегӯяд: - Мо ҳамроҳи Паёмбар (с) шаш нафар якҷо будем, ки мушрикон гуфтанд: - Онҳоро аз худат дур кун, яъне аз наздат бирон, зеро онҳо чунину чунон (яъне, нодор ва камбағал) ҳастанд! Ӯ мегӯяд: Он ҷо ман ва Ибни Масъуд ва марде аз қабилаи Ҳузайл ва Билол ва ду шахси дигаре буд, ки номашонро фаромуш кардаам. Ровӣ мегӯяд: - Ин суханон барои Паёмбар (с), бо хости Худо чи таъсири сахте карданд, ки худ ба худ чизе гуфт ва Худованд ин оятро нозил кард. «Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонгоҳ Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар зумраи ситамкорон дароӣ». (Сураи Анъом, ояти 52)
Қиссаи имтиноъ варзидани Набӣ (с) аз ҷавоби атсаи шахсе, ки ҳамди Худоро намегӯяд
Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки ду мард дар назди Паёмбар (с) атса заданд, ки яке аз дигаре бообрӯ ва шарофатманд буд. Он шахси шариф атса заду ҳамди Худоро нагуфт. Паёмбар (с) ҷавоби атсаашро надод. Дуввум шахси атса зада Худоро ҳамд гуфт. Паёмбар (с) ҷавоби атсаашро дод. Марди шариф гуфт: - Эй Паёмбари Худо назди шумо атса задам, ҷавоби атсаамро надодед? Ва он кас атса зад, шумо ҷавоби атсаашро додед, чаро? Паёмбар (с) гуфт: - «Ба таҳқиқ, ӯ Худоро ёд кард, пас ӯро ёд кардам ва шумо Худоро фаромуш кардед, пас шуморо фаромӯш кардам».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки хоҳиши садақа кардани сеяки молашро мекунад
Омир ибни Саъд ибни Абуваққос (р) аз падараш ривоят мекунад, ки гуфтааст: Паёмбар соли Ҳаҷҷатул-видоъ дар беморие, ки доштам маро аёдат карданд, пас гуфтам: - Ин дард ба ман чунин асар кардаасту ман сарвати зиёд дорам. Маро танҳо як духтари меросбар аст, оё аз се ду ҳиссаи моламро хайру садақа намоям? Фармуданд: - На. Гуфтам: - Нисфашро чӣ? Фармуданд: - На. Сипас гуфтанд: - «Аз се як ҳиссаашро ва ин ҳам хеле ҳиссаи бузург ва ё бисёр аст. Дарҳақиқат, шумо меросбаронатонро сарватманд гузоред беҳтар аст аз он, ки баъд аз шумо фақиру талбанда бошанд. Бешак, шумо ҳар хароҷотеро, ки дар роҳи Худо мекунед, барои он аҷр дода мешавед, ҳатто он чӣ, ки барои ҳамсаратон масраф мекунед. Гуфтам: - Эй Расули Худо баъд аз ёронам боқӣ мемонам? Фармуданд: - «Шумо ҳаргиз боқӣ намемонед. Чун амали нек, ки анҷом диҳед, дараҷа ва мартабаатон зиёд мешавад. Баъд аз он шояд, ки боқӣ монед, то ки қавмҳое аз шумо нафъ баранд ва дигарон аз шумо зарар бинанд. - Эй бор Худоё, ҳиҷрати ёрони маро идома бахш ва бар собиқаашон пас магардон, лекин қашшоқтарин ва гирифтортарини ҳама Саъд ибни Хавла аст!» Паёмбар (с) бар ӯ марсия мехонд, ки дар Макка вафот кардааст».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки иҷозат талабид дар ҳоле, ки рӯ ба рӯи дар аст
Саҳл ибни Саъди Соъидӣ (р) ривоят мекунад, ки марде сурохиеро, ки ба дари Паёмбар (с) буд назар кард. Паёмбар (с) ҳамроҳи худ чуб ё оҳани хурде ба шакли дандони шона ва дарозтар аз он дошт, ки бо он сарашро мехорид ва чун ӯро дид гуфт: - «Агар донам, ки маро интизори мекашӣ, ҳароина, инро ба чашмат мехалонам». Расули Худо (с) фармуд: - «Албатта, иҷозат пурсидан қабл (пеш) аз назар кардан машруъ гардидааст».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки аз муомилаи бади хешутабораш ба ӯ шикоят дорад
Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки марде гуфт: - Эй Расули Худо, ман бо хешу таборам рафту омад дорам, аммо онҳо бо ман рафту омад намекунанд. Ман бо эшон некӣ мекунаму эшон бо ман бадӣ мекунанд. Ман бо онҳо боақлона рафтор мекунаму эшон бо ман ҷоҳилона муъомила мекунанд. Он Ҳазрат (с) фармуданд: - «Агар чунин ҳастӣ, ки мегӯӣ, пас гӯё бар эшон хокистари сӯзон мепошӣ. - Ҳамеша нусрати Худо бо шумост, модоме, ки бар ин шакл рафтор мекунед».
Қиссаи ҳилми Паёмбар (с) бар яҳудие, ки ҷодуяш карда буд
Зайд ибни Арқам (р) мегӯяд: Марди яҳудие Паёмбар (с)-ро ҷоду кард, ки дар натиҷа он Ҳазрат (с) чандин рӯз аз он шикоят карданд. Ровӣ мегӯяд: Пас Ҷабраил (а) омада гуфт: - Бе шак, марде аз яҳуд шуморо ҷоду кардааст. Барои шумо гиреҳ бастааст, ки дар чоҳи фалону фалон аст. Нафаре бифирист, то онро биёрад. Пас, Паёмбар (с) Алӣ (р)-ро фиристод ва онро аз чоҳ кашида оварда кушод. Ровӣ мегӯяд: - Расули Худо (с) аз нав бархостанд, мисли ин ки аз банд раҳо ёфта бошанд. Расули Худо онро барои яҳудӣ ёдовар нашуд ва то дами мурданаш яҳудӣ осори ғазабро дар чеҳраи мубораки он Ҳазрат (с) мушоҳида накард.
Қиссаи Паёмбар (с) ва зани яҳудие, ки ба ӯ гусфанди заҳролудро пешниҳод кард
Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки зани яҳудие гӯсфанди заҳролудеро ба Паёмбар (с) овард ва эшон аз он хӯрданд. Пас, он занро пеши Расули Худо (с) оварданд ва эшон аз сабаби анҷоми ин амал ӯро пурсид: Он зан гуфт: - Хостам шуморо ба қатл расонам. Паёмбар (с) фармуд: - «Худованд шуморо бар ман мусаллат намегардонад, ё гуфт: - Бар ин кор мусаллат намегардонад». Гуфтанд: - Ин занро намекушед? Паёмбар (с) фармуд: «На». Анас (р) мегӯяд: - Пас, ҳамеша асари он заҳролудшавиро дар коми он Ҳазрат медидам. Дар ривояти дигар омадааст: Паёмбар (с) аз он зан пурсид: - «Чӣ чиз сабаби ин амалат шуд?» Он зан гуфт: - Мехостам бидонам, ки агар Набӣ бошед, пас Худованд аз ин кор шуморо огоҳ мекунад ва агар козиб (дурӯғгӯ) бошед, мардум аз шумо осуда мешаванд. Ровӣ мегӯяд: - Пас, Расули Худо (с) садди роҳи ӯ нашуд.
Қиссаи шӯхии Паёмбар (с) бо зани кӯҳансол
Ҳасан (р) мегӯяд: - Пиразане назди Паёмбар (с) омада гуфт: - Эй Расули Худо (с), дуъо кунед, то Худованд маро дохили ҷаннат кунад. Паёмбар (с) гуфт: - «Эй Умми фалон. Ҳеҷ гоҳ пиразан дохили ҷаннат намешавад. Ровӣ мегӯяд: - Пас он пиразан гирёну нолон баргашта рафт. Паёмбар (с) фармуд: - Ӯро хабар кунед, ки дар ҳоли пиронсолӣ дохили ҷаннат намешавад, зеро Худованд ба таври яқин мефармояд: «Он занонро Мо биёфаридем офаридане ва дӯшизагон сохтем». (Сураи Воқеъа, оятҳои 35-36)
Қиссаи Паёмбар (с) ва Умми Ҳориса дар суол кардани ӯ аз тақдири писараш
Анас (р) мегӯяд, ки Ҳориса ибни Суроқа рӯзи муҳорибаи Бадр кушта шуд. Ӯ иштирокчии муҳориба набуда, балки наззорагар буд, ки ногаҳон аз тири дайдуе ба ҳалокат расид. Модари ӯ назди Расулуллоҳ (с) омада гуфт: - Эй Расули Худо, аз Ҳориса маро хабар деҳ! - Агар дар биҳишт бошад сабр мекунам, вагарна, пас Худо медонад, ки чӣ хоҳам кард. Яъне чӣ гуна нолаву фарёд мекунам ва он ҳангом нолаву фиғон барои мурдагон ҳаром ҳукм нагардида буд. Расули Худо (с) ба вай гуфт: - «Вой бар ту, ақлатро гум кардӣ? - Бе шак, ҳашт биҳишти барин аст ва ҳатман, ба писари ту ҷаннатул Фирдавс расидааст».
Қиссаи Паёмбар (с) ва зане, ки (аз бемории саръ) беҳуш мешуд
Ато (р) ривоят мекунад, ки Ибни Аббос (р) ба ман гуфт: - Мехоҳед, зани ҷаннатиеро ба шумо нишон диҳам? Гуфтам: - Нишон деҳ. Гуфт: - Ана ҳамон зани сиёҳпӯсте аст, ки назди Паёмбар (с) омада буд ва мегуфт: - Ман аз ҳуш меравам ва авратам кашф мешавад. (Эй Паёмбар (с) мехоҳам) назди Худо бароям дуъо кунед. Паёмбар (с) фармуд: - «Агар хоҳед (дар ин бемориатон) сабр кунед ва бароятон ҷаннат насиб мешавад ва агар хоҳед, аз Худо шифоятонро металабам». Зан гуфт: - На, (ин тавр бошад, шифоямро талаб накунед), балки сабр мекунам. - Мехоҳам аз Худо дуъо кунед, ки авратам кашф нашавад ва ман бе сатр намонам. Ровӣ мегӯяд: - Пас, он Ҳазрат (с) барояшон дуъо карданд.
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки Худованд ҷазои гуноҳашро фавран нишонаш дод
Аз Абдуллоҳ ибни Муғаффал (р) ривоят аст, ки зане дар замони ҷоҳилият зинокор ва сабукпо буд. Боре марде аз наздаш гузаштааст ва ё ӯ аз назди марде мегузаштааст, ки он мард ба сӯяш даст дароз кардааст. Зан гуфтааст: - Даст нигаҳ дор ва ором бош! - Худованд ширкро аз байн бурда Исломро овардааст. Он мард ҳарчанд, ки тарки он зан кард, лекин роҳравон аз ӯ чашм намеканд ва ҳамин вақт рӯяш ба девор бархӯрд. Рӯзе назди Паёмбар (с) омад ва он ҳодисаро ёдовар шуд. Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфт: - Ту бандае будаӣ, ки Парвардигорат ба ту некӣ мехоҳад. - Агар Аллоҳ ба бандааш некӣ хоҳад, сазои гуноҳашро фавран нишон медиҳад, аммо агар бандааш нолоиқ бошад ва Худованд ба ӯ некиро наҳоҳад, сазои гуноҳи ӯро ба рӯзи қиёмат мегузорад».
Қиссаи Паёмбар (с) ҳине, ки сар ба саҷда гузошта буд ва муждаи Ҷабраил (а) бар ӯ
Аз Абдурраҳмон ибни Авф (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Паёмбар (с) берун шуда сӯи ҳуҷрааш рафта дохили он шуд ва рӯй сӯи қибла намуда сар ба саҷда гузошт. Саҷдаашро чунон тулонӣ кард, ки гумон намудам Худованд рӯхашро он ҷо қабз кардааст. Пас ба ӯ наздик шуда нишастам. Сарашро бардошта гуфт: - Ин кист? Гуфтам: - Абдурраҳмон. Гуфт: - Чӣ коре доред? Гуфтам: - Эй Расули Худо (с), саҷдаи тӯлоние намудед, ки тарсидам Худованд рӯҳатонро ин ҷо қабз карда бошад. Пас фармуд: - «Ҷабраил (а) омада ба ман хушхабар дода гуфт: - Худованд мегӯяд: - Шахсе ба шумо салавот фиристад ба ӯ салавот мефиристам ва шахсе ба шумо салом фиристад бар вай салом мефиристам, пас ба Худо саҷдаи шукр гузоштам».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки он Ҳазрат (с) як хурмо ба вай дод
Анас (р) мегӯяд: Марди талбандае назди Расули Худо (с) омад. Паёмбар (с) амр кард, то як хурмо ба вай диҳанд. Он талбанда хурморо партофт. Марди дигаре омад, боз он Ҳазрат (с) амр намуд, то як хурмо ба вай доданд. Он мард гуфт: - Субҳоналлоҳ, як хурмо аз Расули Худо! Пас, (Расули Худо) ба каниз гуфт: - «Назди Умми Салама бирав ва амраш бикун, то он чил дирҳаме, ки дорад ба ин кас бидиҳад». Дар дигар ривоят аз Ҳасан (р) омадааст, ки талбандае назди Паёмбар (с) меояд ва чун як дона хурмо ба вай медиҳанд, мегӯяд: - Субҳоналлоҳ! Набие аз анбиё як хурмо садақа медиҳад! Паёмбар (с) ба вай мегӯяд: - Оё надонистаӣ, ки дар он мисқолҳои зиёди манфиъат аст? Марди талбандаи дигаре омад ва ба ӯ низ як хурмо доданд. Ӯ гуфт: - Як хурмо аз набие аз анбиё! Ҳаргиз ин хурморо аз худ дур нахоҳам кард, то баракаташро дарёбам. Паёмбар (с) барои он мард дастури корҳои нек карданд ва дере нагузашта он мард сарватманд гардид.
Қиссаи Набӣ (с) ва Рабиъа дар бораи ҳирси ӯ бар савоб
Рабиъа ибни Каъб (р) мегӯяд: - Тамоми рӯз то намози хуфтан дар хидмати Паёмбар (с) қарор доштам. Ҳар гоҳе, ки дохили хонаашон мешуданд, ман дар назди дарашон менишастам ва бо худ мегуфтам: - Шояд барои Расули Худо (с) ҳоҷате пайдо шавад. Чун он ҷо менишастам ҳамеша овози Расули Худоро мешунидам, ки «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи» мегуфт, то он вақт, ки хаста мешудам, пас бармегаштам ё хобам меомаду хоб мекардам. Пас, рӯзе он Ҳазрат (с) хидматҳоямро дида гуфт: - «Эй Рабиъа ибни Каъб, аз ман бипурс, то ба ту бидиҳам». Пас гуфтам: - Фикр карда ба шумо маълум мекунам, эй Расулуллоҳ (с). Ровӣ мегӯяд: - Бо худ фикр кардам ва донистам, ки дунё қатъшаванда ва аз байн раванда аст ва ризқи ман дар он кофӣ ва расанда аст. Мегӯяд: - Ба қароре омадам, ки аз Расули Худо (с) барои охиратам мепурсам, зеро ӯ назди Худо (ҷ) мақому манзалат дорад. Пас назди он Ҳазрат (с) омадам ва ӯ аз ман пурсид: - «Чӣ кор кардӣ ( ва ба чӣ хулоса омадӣ, оё чизе мехоҳӣ), эй Рабиъа?». Гуфтам: - Бале, эй Расули Худо аз шумо мепурсам, ки назди Парвардигоратон маро шафоъат кунед, то маро аз оташи дузах озод намояд. Пас гуфт: - «Туро ба ин кӣ амр кард, эй Рабиъа?» Гуфтам: - (Касе) не, савганд ба Худо, касе маро ба ин амр накардааст, лекин чун шумо фармудед, «бипурс то бидиҳамат» ва назди Парвардигор шумо мақоми хос доред, ман ба ҳоли худ назар кардам, пас донистам, ки дунё қатъшаванда ва дуршаванда аст ва ризқи ман дар он кофӣ ва ба ман басандааст, пас ба худ гуфтам, аз Паёмбар (с) барои охиратам мепурсам. Мегӯяд: - Пас Паёмбар (с) муддати тӯлонӣ хомӯш монд, баъд аз он гуфт: - «Ман инро анҷом медиҳам, пас ту маро бо бисёр саҷда карданат ёрӣ бидеҳ». Дар дигар ривоят омадааст: - Ман ҳамроҳи Паёмбар (с) шабро мегузаронидаму оби таҳорат ва дигар ҳоҷаташро мебаровардам. Паёмбар (с) боре ба ман гуфт: - «(Чизи мехостаатро), аз ман бихоҳ». Пас гуфтам: - «Ҳамроҳии шуморо дар ҷаннат мехоҳам». Фармуд: - «Ғайр аз ин боз чӣ мехоҳӣ?». Гуфтам: - «Танҳо ҳамин». Фармуд: - «Пас, маро бо бисёр саҷда карданҳоят кӯмак намо».
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]