[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Қиссаи Паёмбар (с) ва Ҳаким ибни Ҳизом
Аз Саъид ибни Мусаяб ривоят аст, ки мегӯяд: - Дар рӯзи муҳорибаи Ҳунайн Паёмбар (с) ба Ҳаким ибни Ҳизом (р) атое доду ӯ он молро кам
шуморид, пас, Паёмбар (с) ба он афзуд. Ҳаким гуфт: - Эй Паёмбар (с), кадом атои шумо беҳтар аст, яъне аввалӣ, ё оне ки болояш афзудед? Паёмбар(с) гуфт: - «Аввалӣ». Сипас Паёмбар (с) гуфт: - «Эй
Ҳаким ибни Ҳизом, (бидон, ки) мол (чизи ҷолиб,) тару тоза ва ширин аст. Касе ки онро бо нафси саховатмандона гирифта ва ба роҳи некӣ истеъмол менамояд, барояш дар он мол баракат дода мешвад ва
шахсе, ки онро гирифта ва ба роҳи бад (ва номашруъ) истеъмол менамояд, ҳаргиз баракати онро намебинад ва монанди он кас мешавад, ки мехӯрад, аммо сер намешавад ва (огоҳ бош, ки) дасти боло аз
дасти поён беҳтар аст. Ҳаким гуфт: - Ва аз шумо низ, эй Расули Худо. Ӯ (с) фармуд: - «Ва аз ман низ». Ҳаким гуфт: - Савганд ба зоте, ки шуморо ба ҳақ фиристодааст, баъд аз шумо (дигар) ҳаргиз
аз касе чизе талаб намекунам. Ровӣ мегӯяд: - Ҳаким то аз олам чашм пӯшиданаш ато ё девонеро қабул накард. Боз ровӣ меафзояд: - Умар ибни Хаттоб мегуфт: - Эй бор Худоё, ман шуморо ба Ҳаким ибни
Ҳизом гувоҳ мегирам, ки ман ӯро барои гирифтани ҳаққаш даъват мекунам ва ӯ ибо меварзад».
Қиссаи Хавфи Паёмбар (с) аз танофус, яъне сабқат ҷустан (мусобиқа) дар моли дунё, ҳангоме, ки Абуубайда бо
мол аз Баҳрайн баргашт
Аз Амр ибни Авфи ансорӣ ривоят аст, ки мегӯяд: - Расули акрам (с) Абуубайда ибни Ҷарроҳро ба сӯи Баҳрайн фиристод, то ҷизяи он минтақаро биёрад. Вақте ӯ бо мол аз Баҳрайн
баргашт, ансор аз омадани ӯ огоҳ гардиданд. Баъд аз гузоридани намози бомдод, чун он Ҳазрат дар роҳи бозгашташ аз масҷид буд, мардум хостанд бо ӯ (с) вохуранд. Расули Худо (с), ҳангоме, ки
эшонро дид, табассум намуда гуфт: - «Ба гумонам шунидед, ки Абуубайда бо чизе аз Баҳрайн баргашта омадааст?» Гуфтанд: - Бале, эй Расули Худо (с). Пас, он Ҳазрат (с) гуфтанд: - «Ин тавр бошад,
маро аз сабаби хурсандии худ огоҳ созед, чунки савганд ба Худо, аз фақру камбағалии шумоён боке надорам ва тарси ман аз боигарию давлати зиёдест, ки гузаштагон ба сабаби он маҳв шуданд ва
шумоён низ ба мисли онҳо дар боигарию давлат байни ҳамдигар мусобиқакунон маҳв хоҳед шуд.
Қиссаи осори ҳасир (бурё) дар паҳлуи бадани он Ҳазрат (с) ва гиряи Умар (р) барои он
Аз Ибни Аббос
(р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Умар ибни Хаттоб (р) ба мо гуфт: - Чун назди Паёмбар (с) даромадам он Ҳазрат болои бурёе қарор доштанд. Умар мегӯяд: - Ман нишастам ва дидам, ки он Ҳазрат (с) танҳо
як эзор доранд ва бурё ба баданашон асарашро гузошта аст ва дар кунҷи ҳуҷра чашмам ба як миқдори ҷав ва дастгоҳи пустхушконӣ ва як пӯст афтод, ки ин ҳангом аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Расули Худо
(с) гуфтанд: - «Эй Ибни Хаттоб, чӣ чиз боиси гиряи шумо шудааст?» Пас, (дар ҷавоб) гуфтам: - Эй Расули Худо (с), чаро гиря накунам! Асари ин бурёро дар ҷисматон бубинед. Ин хазинае, ки доред,
дар он чизе аз сарвату дороии Кисрову Қайсар намебинам. Охир шумо фиристодаи Худо ва баргузидаи одамиён ҳастед ва оё ин аст хазинаи шумо?! Ҷавобам дод: - «Эй Ибни Хаттоб, оё розӣ намешавӣ, ки
дороии дунё аз онҳо бошаду, неъмати охират насиби мо шавад?!»
Зуҳди Набӣ (с) дар кӯрпа ва қиссаи Ӯ (с) бо Оиша (р)
Аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - «Зане аз ансор ба ҳуҷраи ман даромада
дид, ки Расули Худо (с) болои порае аз махмали кӯҳна аст. Пас, ӯ ба ман кӯрпаи пашмине фиристод. Чун Расули Худо (с) ба назди ман дохил шуд, онро дида гуфт: - «Эй Оиша, ин чист?». Оиша (р) дар
посух мегӯяд: - Эй Расули Худо (с), фалон зани ансорӣ назди ман дохил шуда ҷогаҳи шуморо дид ва инро бароям фиристод. Он Ҳазрат (с) мефармоянд: - «Эй Оиша, инро баргардон. Савганд ба Худо, агар
бихоҳам, Худованд кӯҳҳои тиллову нуқраро ба ман медиҳад».
Сухани Паёмбар (с) дар зуҳди Мусъаб ибни Умайр (р)
Зубайр (р) мегӯяд: - «Рӯзе Паёмбар (с) бо чанде аз ёронаш дар Қубо нишаста буд,
ки ин дам Мусъаб ибни Умайр (р) ба маҷлиси онҳо бо либосҳои лах-лахе, ки дар танаш буд ва баданашро ба пуррагӣ намепӯшонид ҳозир шуда саломашон дод. Ҳамагӣ саломи ӯро ҷавоб гуфтанд ва Паёмбар
(с) ӯро ситоиш карда дар ҳаққаш суханони нек гуфт ва чунин фармуд: - «Ман ин ҷавонро дар Макка дар хонаи падару модараш дида будам, ки хеле хушҳолу хушбахтона ҳаёти пурнозу неъмат дошт. Ҳеҷ як
ҷавонмарди аҳли Қурайш ба мисли ӯ доро набуд ва ин ҷавон ба хотири ризои Аллоҳ ва кӯмаку дастгирии Паёмбараш (с) аз он неъматҳо даст кашид. Худованд ба шумо фатҳи Форсу Румро муяссар мегардонад
ва аз сарвату мулк ва боигариҳои беандоза ҳар яки шумо бархурдор мегардед. Ёрони Паёмбар (с) гуфтанд: - Ё Расулаллоҳ барои мо кадомаш беҳтар аст, имрӯз ё оянда? Паёмбар (с) фармуданд: - Имрӯз
аз фардо авлотар аст, зеро агар шумо он чизеро, ки ман аз дунё медонам медонистед, ҳароина аз он дар роҳат мебудед».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марди шикам калон
Ҷуъда мегӯяд: - Паёмбар (с)
мардеро дид, ки шиками калон дорад, бо ангушташ ба шиками ӯ ишора карда гуфт: - «Агар ин дар ғайри ин мебуд барои шумо беҳтар буд». Яъне агар таъоми дар ин ҷо буда, дар ғайри ин ҷо, яъне дар
фақирҳо мебуд, бароят беҳтар буд. Дар дигар ривоят чунин омадааст: - Паёмбар (с) мардеро дар хоб дидааст: - Пас нафаре фиристод, то он мардро ҳозир карданд ва хобашро барои он мард қисса кард.
Чун он мард шиками бузург дошт, Паёмбар (с) бо ангушташ ба шиками ӯ ишора карда гуфт: - «Агар ин (яъне, таъом) дар ғайри ин макон (яъне, дар фақирҳо) мебуд, ҳароина, бароят беҳтар буд».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки ӯ (с)-ро дӯст медошт ва нузули оят дар ин бора
Оиша (р) ривоят мекунад, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: - Эй Расули Худо (с), ҳароина, шуморо аз ҷону молу
авлодам дида дӯсттар медорам. Ва чун ман дар хонаам бошаму шуморо ёд кунам, сабрам намемонад, то ин ки омада ба шумо наззора мекунам. Ва ҳар гоҳе, ки марги худ ва шуморо ёд кунам, медонам, ки
чун шумо дохили ҷаннат мешавед, ҳамроҳи паёмбарон дар дараҷаҳои олӣ хоҳед буд ва ман чун дохили ҷаннат шавам хавф аз он дорам, ки шуморо нахоҳам дид. Паёмбар (с) ба ӯ ҷавобе надоданд, то ин ки
ояти 69 сураи Нисо нозил шуд. «Ва ҳар кӣ аз Худову Паёмбараш итоъат кунад, ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон ва инҳо чи некӯ
рафиқонанд». (Сураи Нисо ояти 69)
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки муҳаббати Худо ва Расулашро чун зод ва тӯшаи охирати худ қарор додааст
Анас (р) ривоят мекунад, ки марде аз Паёмбар (с)
пурсид, ки қиёмат чӣ вақт хоҳад буд? Паёмбар(с) фармуд: - «Барои он, чӣ омода кардӣ? Гуфт: - Ҳеҷ чиз, магар ин ки ман Худо ва Расулашро дӯст медорам. Он Ҳазрат (с) фармуд: - «Шумо ҳамроҳи касе
ҳастед, ки дӯсташ медоред». Анас (р) мегӯяд: - Аз ин сухани Паёмбар (с) бениҳоят хурсанд шудем. Анас (р) гуфтааст: - Чун ман Паёмбар (с) ва Абубакру Умарро дӯст медорам ва умед дорам бо ин
муҳаббати худ доимо бо онҳо бошам. Дар ривояти дигар омадааст, ки марде аз бодия омада мепурсад: - Эй Расули Худо (с), қиёмат кадом вақт барпо мешавад? Он Ҳазрат мегӯянд: - «Вой бар ту, барои
он рӯз чӣ омода кардаӣ?» Он марди бодиянишин гуфтааст: - Ҳеҷ чиз, магар ин ки ман Худо ва Расули Ӯро дӯст медорам. Паёмбар (с) фармудаанд: - «Шумо ҳамроҳи касе ҳастед, ки дӯсташ медоред». Анас
(р) мегӯяд: - Бале. Он рӯз мо бисёр хуш шудем.
Қиссаи Паёмбар (с) ва Каъб (р), ҳангоме, ки ранги Паёмбар (с)-ро аз гуруснагӣ дигаргун дид
Аз Каъб ибни Уҷра ривоят аст, ки мегӯяд: - Назди
Паёмбар (с) омада дидам, ки рангу рӯяш дигаргун аст. Гуфтам: - Барои чӣ рангат дигаргун шудааст? Он Ҳазрат (с) фармуд: - «Се рӯз боз чизе нахӯрдаам». Ровӣ мегӯяд: - Пас, ба роҳ баромадам ва
дидам, ки яҳудие уштурҳояшро об медиҳад. Ба ивази ҳар як сатил об як хурмо, барои он яҳудӣ об кашидам. Ва якчанд хурмо ҷамъ карда барои он Ҳазрат (с) овардам. Эшон пурсиданд: - «Эй Каъб, инҳоро
аз куҷо овардед?». Чун ӯро хабар додам, гуфтанд: - «Эй Каъб, оё маро дӯст медорӣ?». Гуфтам: - Ман фидои шумо бошам, бале. Ӯ (с) фармуд: - «Ҳароина, фақр аз ҷараёни сел дида, ба сӯи шахсе, ки
маро дӯст медорад, сареътар аст ва ҳароина, балое ба шумо хоҳад расид, пас барои он омода бошед». Гӯянд: - Паёмбар (с) чанд муддат ӯро надид ва чун аз ҳолаш пурсид, гуфтанд бемор аст. Расули
Худо (с) ба аёдаташ рафт ва чун наздаш дохил шуд, гуфт: - «Эй Каъб, муждагонӣ бидеҳ». Сипас модараш гуфт: - Эй Каъб, ҷаннат барои шумо босафо бод! Паёмбар (с) фармуд: «Ин кист, ки ба Худо қасам
мехӯрад?» Гуфтам: - Ӯ модарам аст, эй Расулуллоҳ! Фармуд: - «Эй модари Каъб, шумо аз куҷо медонед, шояд Каъб чизи бефоидае гуфта бошад, ё амали бефоидае анҷом дода бошад».
Қиссаи Абуаюб дар
эҳтироми Паёмбар (с) ва адами озори Ӯ (с)
Аз Абуаюби Ансорӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Паёмбари Худо (с) ба Мадина ташриф оварда, дар хонаи Абуаюб меҳмон шуданд. Меҳмон дар ошёнаи аввал ва
Абуаюб дар болохона барои шабгузаронӣ ҷой гирифтанд ва аммо соҳибхона ба ёд овард, ки Расулуллоҳ (с) дар хонаи поин аст ва ин чиз ӯро нагузошт, ки ба роҳат хоб кунад, зеро ҳаракати ноҷое ба
рехтани чангу хок ба рӯи мубораки он Ҳазрат (с) сабаб мешуд. Чун субҳ шуд Абуаюб назди Паёмбар (с) фаромада гуфт: - Ё Расулаллоҳ (с), имшаб ман ва Умми Аюб мижа таҳ накардем. Паёмбар (с)
пурсид: - «Ба чӣ сабаб?» Абуаюб гуфт: - Ба ёд овардам, ки ман дар хонае ҳастам, ки шумо зери он қарор доред. Ман чун ҳаракат кунам болои шумо хок мерезад ва шуморо озор мерасад ва ман байни
шумо ва ваҳй қарор гирифтаам. Паёмбар (с) фармуд: - «Эй Абуаюб, нороҳат нашав, ба шумо калимаҳоеро меомӯзонам, ки агар саҳаргоҳон онҳоро даҳ маротиба ва шомгоҳон даҳ маротиба гӯед ба ивази онҳо
даҳ некӣ ба шумо дода мешавад ва даҳ гуноҳ аз номаи аъмолатон маҳв мегардад ва ба сабаби онҳо даҳ дараҷа мартабаи шумо боло меравад ва дар рӯзи қиёмат онҳо баробари даҳ ғулом озод кардан барои
шумо аҷру савоб хоҳанд буд. - Он калимаҳо чунин аст: - Ло илоҳа иллаллоҳ, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд, ло шарика лаҳ».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Усайд ибни Ҳузайр ҳангоме, ки бадани он
Ҳазрат(с)-ро бӯса кард
Абдурраҳмон ибни Абулайло аз падараш ривоят мекунад, ки гуфтааст: - Усайд ибни Ҳузайр (р) марди солеҳ ва айни замон зарифу неке буд. Боре ӯ дар ҳузури Расули Худо (с)
мардумро бо ҳазлу шӯхӣ механдонд, ки Паёмбар (с) дар паҳлӯи ӯ бо нармӣ зад. Усайд гуфт: - Дард ёфтам. Ҳазрат (с) фармуд: - «Аз ман қасос гир». Усайд гуфт: -Эй Расули Худо (с), шумо пероҳан
доред ва ман надоштам. Ровӣ мегӯяд: - Расули Худо (с), пероҳанашро боло кард. Ҳамин вақт Усайд ӯро ба оғӯш гирифта, паҳлӯи ӯро бӯсид ва гуфт: - Фидои шумо шавам, мақсадам ҳамин буд.
Қиссаи
баргузида шудани он Ҳазрат (с) ба паёмбарӣ ва дастгирии Хадича (р) бар он
Оиша (р) мегӯяд: - Аввали он чӣ аз ваҳй ба Паёмбар (с) оғоз шуд, рӯъёҳои солеҳа буд. Баъд аз он ӯ майл ба гушанишинӣ
пайдо карду ба ғори Ҳиро рафта, он ҷо ибодат мекард, яъне чандин шаб он ҷо сипарӣ мекарду боз ба назди Хадиҷа (р) омада тӯша мегирифт ва боз бармегашт, то ин ки ногаҳон ба ҳақиқат рӯ ба рӯ шуд,
яъне фариштаи ваҳй омада ба вай гуфт: - Бихон ! (Паёмбар (с) мегӯяд:) - Ба ӯ гуфтам: - «Ман хонда наметавонам». - Ӯ маро чунон пахш кард, ки тавон аз баданам дур шуд ва хаста шудам. Сипас, маро
ба ҳолам гузошт ва боз пурсид: - «Бихон !» Ҷавобаш додам: - «Ман хонда наметавонам». Бори дигар маро пахш кард ва беҳолу бемадор шудам ва ин кор се маротиба такрор ёфт, пас ба ҳолам гузошт ва
гуфт: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳамаи ҷаҳонро) биёфарид, одамиро аз лахтаи хуне биёфарид. Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст. Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод. Ба одамӣ он
чиро, ки намедонист, биёмӯхт». (Сураи Алақ, оятҳои 1 то 5) Оиша (р) мегӯяд: Пас, аз он ҷо баргашт дар ҳоле, ки шонаҳояш меларзиданд, назди Хадиҷа (р) дохил шуда гуфт: - Печонед маро. Чун
печониданаш, то ки тарсу ваҳшат аз ӯ бирафт, гуфт: - Эй Хадиҷа ба ман чӣ шуда бошад? Ва ҳама саргузаштро барояш нақл карда изҳор дошт, ки аз худам тарсидам. Хадиҷа (р) ба ӯ (с) гуфт: - На,
ҳаргиз Худованд шуморо хор намекунад, шумо силаи раҳм мекунеду меҳмонро гиромӣ медоред ва бечорагонро дастгирӣ мекунед. Баъд аз он Хадиҷа (р) ӯро назди писарамакаш Варқа ибни Навфал бурд, ки
дар ҷоҳилият насронӣ буду хатти арабиро менавишт, рафта ба ӯ гуфт: - Аз бародарзодаат бишунав, (ки чӣ мегӯяд). Пас (Варқа) гуфт: - Эй бародарзодаам чӣ дидед? Чун Варқаро аз он чӣ дида буд,
хабар дод, ӯ гуфт: - Ин Номус аст, (яке аз номҳои Ҷабраил (а)), ки бар Мусо (а) нозил шуда буд. - Эй кош, зинда мебудам ҳине, ки қавмат туро пеш мекунанд. Пурсид: - «Оё маро онҳо пеш мекунанд»?
Варқа гуфт: - Бале, ҳеҷ касе бо он чӣ ту овардаӣ наомадааст, магар, ки мардум бо ӯ душманӣ карда озораш додаанд. - Агар дар он рӯз ман бошам, ҳароина, ба ту ёрии зиёд хоҳам дод.
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]