[legko.require("/_sys_/_head.html")]
ДАҲ НИДОИ ЗАМИН
Анас Ибни Молик (р) аз ҳазрати Муҳаммад (с) чунин ривоят мекунанд: Ҳамарӯза замин ба инсон даҳ бор нидо мекунад:
1. Эй фарзанди Одам! Ҳоло дар рӯям мегардию охир ҷоят батни ман аст.
2. Имрӯз дар рӯйи ман гуноҳ мекунӣ, фардо дар батни ман азоб мекашӣ.
3. Дар рӯи ман ҳоло мастона механдӣ, фардо дар батни ман гиря мекунӣ.
4. Имрӯз дар рӯйи ман хурсандона гаштугузор мекунӣ, фардо дар батни ман ғамгин мешинӣ.
5. Дар рӯи ман бо чашмони гурусна зулм карда мол ҷамъ мекунӣ, фардо дар батнам пушаймон мешавӣ.
6. Ҳоло дар рӯйи ман бо фиребу найрангу зӯрӣ ҳаром мехӯрӣ. Фардо дар батни ман кирмҳои гӯр туро мехӯранд.
7. Дар рӯйи ман такаббур мекунӣ, дар батнам хору зор мешавӣ.
8. Дар рӯйи ман хурсандиву шодӣ мекунӣ, дар батнам хафа мешавӣ.
9. Дар рӯйи ман дар рӯшноӣ мегардӣ, дар батнам ба зулмот меафтӣ.
10. Дар рӯйи ман бо ҷамъият мегардӣ, дар батнам худат танҳо мемонӣ.
Дӯстонам доимо ин нидоҳои заминро ба ёд оред. Ба бадии одамон ҳам бо некӣ ҷавоб гардонед.
Ҳар кӣ кобад чоҳ андар роҳи мо,
Чоҳи мо дар роҳӣ ӯ ҳамвор бод.
Ҳар кӣ монад хор андар роҳи мо,
Хори мо дар роҳӣ ӯ гулзор бод.
Аз хотир набароред, ки шаъну шараф ва обрӯю эътиборро на бо пул, на бо мансаб ва на бо мол ба даст оварда метавонед, балки дар пайкори зиндагӣ ва мубошират бо одамон соҳиб мешавед.
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]