[legko.require("/_sys_/_head.html")]
ШАМЪИ ФАРИШТА
Марде, ки ҳамсарашро аз даст дода буд, як духтарчаи се солае дошт ва ӯро хеле дӯст медошт. Рӯзе духтарча ба бемории сахте мубтало шуд. Падар ба ҳар даре зад то кӯдак саломатиашро дубора ба даст биёварад, ҳар чи пулу мол дошт барои дармони ӯ харҷ намуд, вале беморӣ ҷони духтаракро гирифт ва ӯ фавтид. Падар дари хонаашро басту гӯшанишин шуд. Бо ҳеҷ кас сӯҳбат намекард ва ба кор намерафт. Дӯстону наздиконаш хеле кӯшишҳои зиëд караданд, то ӯро ба зиндагии оддӣ бар гардонанд, вале муваффақ нашуданд. Шабе падар хоби аҷибе дид. Ӯ дид, ки дар биҳишт ҳасту як қатори муназзаме аз фариштагони кӯчак дар роҳҳои тиллоӣ ба сӯи қасри муҷаллале дар ҳаракат ҳастанд. Ҳар фаришта шамъе дар даст дошт ва шамъи ҳамаи фариштагон ба ҷуз яке аз онҳо равшан буд. Мард вақте пештар рафт, дид фариштае, ки шамъаш хомӯш аст, ҳамон духтари худаш ҳаст. Падар фариштаи ғамгинро дар оғӯш гирифту ӯро навозиш дода аз ӯ пурсид: - Дилбандам, чаро ғамгинӣ? Барои чи шамъи ту хомӯш аст? Духтарак ба падараш гуфт: - Падарчон, ҳар вақт шамъи ман равшан мешавад, ашкҳои ту онро хомӯш мекунад ва ҳар вақт дилтанг мешавӣ, ман ҳам ғамгин мешавам. Падар дар ҳоле, ки ашкаш дар чашмонаш ҳалқа зада буд, аз хоб париду бедор шуд. Ашкҳояшро пок кард, гӯшанишиниро раҳо карду ба зиндагии оддии хуб боз гашт... Бале, воқеан мусибати ҷигаргӯша ё ҳар азизи инсон сангин аст, аммо танҳо илоҷи ин дард сабр аст. Ин суннати илоҳӣ аст, гузаштагон рафтанд, мо ҳам меравем ва ояндагон ҳам мераванд. Дар баробари иродаи Худованди худ бояд фақат таслим буду ба доду гирифташ шукру сабр кард, он вақт зиндагӣ роҳи воқеии худро пайдо мекунад. Худоё!!! Моро дар баробари неъматҳое, ки бароямон ато мекунӣ сабр кардан ва дар баробари неъматҳое, ки мегирӣ низ, сабр карданро насиб фармо!
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]