[legko.require("/_sys_/_head.html")]
ПИРӢ
Илоҳо ҳар касе, ки ин ибораҳоро бихонад пири бадавлат шавад. Омин!

Биё, эй ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хуфта будӣ, ки барбод рафт.
Мегӯянд, ки ҷавонӣ каму пирӣ бисёр. Сабаб он аст, ки ҷавониро хушбахтона гузаронеду ҳангоми пирӣ як рӯз азоб кашем ҳам, 70 сола роҳати дидагиатон ҳеҷ менамояд ва ҳамин якрӯза азобатон роҳатҳои гӯзаштаро барбод медиҳад.
Ҳамаи одамон давлати пириро ниёзманданд, ки ба ҷавонии онҳо вобаста мебошад. Агар фарзандони хубу солеҳ, бахусус писарони хушахлоқу донишманд ва ҳамсари вафодору порсо тарбия карда бошед, шумо давлати пириро дар ҷавонӣ захира намудаед. Ба фикри мо, давлати пирӣ пули зиёд, моли зиёд, давлати зиёд нест. Давлати пирӣ он аст, ки одам ҳангоми пирӣ ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошад.
Дар бораи пирӣ се ҳикматро қайд карданием:
Ҳикмати халқи тоҷик, ки равоншод С. Улуғзода дар китоби “Восеъ” овардаанд:
Нишоти умр бошад то ба сӣ сол,
Ба чил ойӣ, таназзул боядат кор.
Ба панҷоҳ гар равӣ, ёбӣ ту сустӣ,
Ба шаст ойӣ, наёбӣ тандурустӣ.
Ба ҳафтод аст марги мард зебо,
Ба ҳаштод гар равӣ, афтодӣ аз по.
Навад навмедии умр аст, эй ёр,
Ба сад ойӣ, шавӣ аз умр безор.
Ибни Сино умри одамро ба чунин даврҳо тақсим кардааст:
То сисолагӣ давраи кӯдакӣ ё парваришёбӣ.
Аз сӣ то чилсолагӣ давраи ҷавонӣ.
Аз чил то шастсолагӣ давраи миёнсолӣ.
Аз шаст боло давраи пирӣ ё рукуд.
Унсурулмаолии Кайковус дар Қобусномааш чунин фармуда:
Мазмун: ... Умри одамон то 80 сол буда, ба мисли нардбони 40 зинагӣ мебошад.
Одам то ба синни 40 расидан торафт боло баромадан мегирад, ҳамин ки ба зинаи чилум баромад дигар илоҷи болобароӣ нест ва бояд, ки баргашта поён фарояд, бинобарон:
Аз 40 то 50 солагӣ ба одам ҳар сол дарди наве пайдо мешавад.
Аз 50 то 60 солагӣ ба одам ҳар моҳ дарди наве пайдо мешавад.
Аз 60 то 70 солагӣ ба одам ҳар ҳафта дарди наве пайдо мешавад.
Аз 70 то 80 солагӣ ба одам ҳар рӯз дарди наве пайдо мешавад ва охирон ин дардҳо гирифта мебаранд.
Ба нафақаи пиронсолӣ, ки баромадед зинҳор дар ҷойи коратон кор накунед. Мардум дар бораи ин гуна ашхос гуфтанду мегӯянд ва мо шунидему мешунавем. Ба нафақа, ки баромадед, ягон мешғулияти дигар ёбед, аммо умри боқимондаатонро бесамар нагузаронед, ки:
Умри одам қимат асту лек дар бозор нест,
Бесамар бурдан варо бар одамӣ душвор нест.
Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар,
Лек умри рафтаро бар одамӣ такрор нест.
- гуфтаанд.
Дӯстӣ азиз! Ҳангоми пирӣ кам ҳодисаҳое мешаванд, ки зану шавҳар баробар аз ин дунё мегузаранд. Бештар ё шавҳар пешу зан ақиб, ё ки зан пешу шавҳар ақиб баъди чандин солҳо мераванд.
Агар шавҳаратон пештар гузараду фарзандони ноболиғ дошта бошед, дониста ба шавҳари дигар бароед.
Агар занатон гузараду фарзандони ноболиғ дошта бошед, дониста зан гиред.
Ин ба хотири он аст, ки зан ё шавҳаратон ятимонро озор надиҳанд, агар беозории эшонро таъмин мекарда бошед, ин кори дигар аст.
Бекасу ғарибу сағиру ятимонро хушнуд намудану хандонидан биҳишти нақд ба даст овардан аст.
Он, ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дар бастаро. (Аттор)
Ё Алӣ, ятим чун бигиряд, арши Маҷид биҷунбад. Эй Ҷабраил, фарох кун ҷойи он касро дар дӯзах, ки ятимро гирёндааст, ҳар ойина ман ӯро бигирёнам. (фармони Худо)
Ё Алӣ, фармони Худои Таъоло ояд, ки эй Ҷабраил фарох гардон ҷойи он касро дар биҳишт, ки ӯ ятимро хандондааст, ҳар ойина ман ӯро бихандонам. (АЗ НАСИҲАТНОМАИ РАСУЛУЛЛОҲ (с))
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]