[legko.require("/_sys_/_head.html")]
ДӮСТӢ

Дар бораи дӯстӣ ҳам бисёр мавзуҳо навишта шудаанд, оид ба ин масоил гуфтаниям, ки ҳеҷ дӯст монанди падару модар содиқ буда наметавонад. Бо
вуҷуди ин кӯшиш намоем, ҳар чӣ бештар дӯст пайдо кунед, аммо санҷида гиред:
Дило, ёрон се қисманд, ар бидонӣ,
Забонианду нонианду ҷонӣ.
Ба нонӣ нон бидеҳ аз дар биронаш,
Навозиш кун бо ёрони забонӣ.
Валекин ёри ҷониро ба даст ор,
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ ар метавонӣ.
Ҳазрати Расул (с) гуфтанд, ки: Танҳоӣ беҳтар аз ҳамнишини бад будан.
— Ё Алӣ, бидон, ки ҳар касро дӯст андак бошад, ӯро дар назди Худои таъоло баҳра набошад.
— Ё Алӣ, дӯстро се аломат аст:
Якум, нафси худро нисори дӯст кунад.
Дуюм, Моли худро нисори дӯст кунад.
Сеюм, Сирри дӯстро фош накарда, нигоҳ дорад.
Ҳазрати Алӣ (р) мефармоянд:
Он кас, ки натавонад дӯст ба даст оварад, ҷони нотавон дорад ва нотавонтар аз ӯ касест, ки дӯсти ба даст овардаи хешро ба ройгон аз даст медиҳад.
Дӯстони шумо дар он рӯз дӯстони шумо бошанд, ки ба ҳангоми бечорагӣ аз шумо ҳимоят кунанд ва дар пушти сар номи шуморо ба некӣ баранд ва пас аз марг паймонаи дӯстӣ нашикананд. (Аз васиятномаи
Алӣ (р) ).
Дӯст он беҳ, ки айби ёрашро,
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На, ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз қафо рафта мӯ ба мӯ гӯяд. (Саъдӣ)
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт. (М. Турсунзода)
Дӯстиро барои дилҳои сиёҳ эҷод накардаанд. (Ф. М. Волтер)
Муҳаббати ҳақиқӣ нодир аст, вале дӯстии ҳақиқӣ аз он ҳам нодиртар аст. (Франсуа Ларошфуко)
Агар дӯстон айбу гуноҳи якдигарро набахшанд, дӯстии онҳо поянда нахоҳад буд. (Жан де Лабрюйер)
Ман метарсам аз касе, ки маро нахустин бор дида чун дӯсти бистсола муомила мекунанд, зеро дур нест он рӯзе, ки чун бегона муомила хоҳад кард. (Жан Жак Руссо)
Иттиҳоди аблаҳон на рафоқат, балки забон як кардан аст, зеро онҳо якдигарро дӯст намедоранд, балки аз якдигар метарсанд. Онҳо бо ҳам на дӯст, балки ҳарифанд. (Этен де Ла Боэсий)
Фидокории ҳаррӯза ва пинҳонӣ баҳри дӯст авлотар аз он аст, ки дар ягон вазъияти фавқулода худро барои ӯ намоишкорона қурбон созӣ. (Анри Мари Стендал)
Дӯстии ҳақиқӣ айби дустро дида ӯро огоҳ кардан аст, на ба дигаре гуфтан. Бар чанд нафар дӯстӣ нишон додам, аммо аз онҳо чизе надидам. Бо вуҷуди ин аз дӯстӣ даст накашидам. Аҳволатро аз ду нафар пинҳон макун, яке табибу дигаре дӯстӣ ҳақиқӣ. Шахсе, ки барои нафсаш дӯст мекобад, ӯ дӯст не балки хизматгор мекобад. Шахсе, ки дӯсти беайб мекобад, бе дӯст мемонад. Дӯст он аст, ки ҳамагуна суханатро бе ҳеҷ монеъа ба ӯ гуфта тавонӣ. Шахс дар болои дини дӯсташ аст, аз ин рӯ бо кӣ дӯст шуданатро хуб диққат кун. Худат дӯст шав, то дӯстонат зиёда гарданд. Некӣ кун то душманат дӯст гардад. Дӯстӣ ҳақиқӣ аз санги дӯст намегурезад. Санге, ки аз тарафи дӯст партофта мешавад, сарро захмдор намекунад. Инсон се дӯст дорад: дӯсти шахсӣ, дӯсти дӯст ва душмани душман. Чунон,ки боғ бе гул завқ надорад, ҳаёт низ бе дӯст завқ надорад. Бо касе дӯст шудан кори бузург аст ва он дӯстиро то абад бурдан кори бузургтар аз он. Шахсе, ки Худоро дӯст медорад ва итоат мекунад ту бояд ӯро дӯстдорӣ кунӣ, зеро хубонро дӯст доштан, Худоро дӯст доштан аст. Дӯст гуфта бисёриҳоро ба оғуш гирифтам, аммо дӯсти содиқ хок будааст. Дӯст бояд ба айб ва заифии дӯст сабр кунад.Дӯст марҳамест, ки ба инсон роҳат мебахшад.
Дар дунё бо беор дӯст шудан, дар охират инсонро маҳҷуб мегардонад.
Аз ҳадди зиёд бо дӯст шухӣ макун, то дӯст душман нагардад.
Шубҳа кардани дӯст аз хиёнат шармовар аст.
Шикастани қалби дӯст ин дар хушнудсозии душман хизмат кардан аст.
Барои бо ҳазор нафар дӯст шудан як нафарро ба худ душман магардон.
Ягон дӯст то исбот кардани худ дӯсти ҳақиқӣ нест.
Аз дӯсте, ки аз дин сӯҳбат намекунад, дӯстиятро тарк кун.
Дӯстӣ ҳадяи инсон ба худи инсон аст.
Дӯстӣ ҳақиқӣ онест, ки дар замони тангдастӣ бар имдодат мерасад.
Дӯстӣ самимӣ бигиред, зеро дар рӯзҳои хуб шаъни дил асту дар рӯзҳои бад ёвари дил.
Дӯстони ин замон ба мисли хурокҳои бозоранд, рангу намудашон зебост, аммо маззае надоранд.
Касе, ки мехоҳад дӯст пайдо кунад, тақсимоти дӯстиро низ бояд донад.
Хурсандӣ дугоник таваллуд шудааст.
Дӯстӣ ҳақиқӣ ба мисли саломатист, танҳо баъд аз даст рафтан ба қадраш мерасанд.
Дӯсти хуб ба мартабаи воло мерасонад.
Ҳама чизро наваш хуб аст, аммод дӯстро қадимаш.
Усторо аз осораш ва шахсро аз дӯсташ мешиносанд. Дӯстони нав бигир, аммо аз баҳри дӯстони пешина магузар.
Дӯст ба мисли занбурӯғ аст, заҳрдор будан ва набуданаш пас аз хӯрдани он маълум мегардад.
Баъзе дӯстон ба мисли сояанд.
Дар рӯзҳои равшанӣ ҳамроҳат ҳастанд ва дар рӯзҳои торикӣ нопадид мешаванд.
Нобоварӣ ки сар шуд, дӯстӣ анҷом меёбад.
Бо накукорон дӯстӣ кун, то аз душманон эмин бошӣ.
Дӯстии ҳиқиқӣ ба мисли саломатӣ аст.
Қиматаш баъди нест шуданаш фаҳмида мешавад.
Ҳама гуна гулҳо пажмурда мешаванду ҳама гуна оҳан мешиканад, аммо дӯстии ҳақиқӣ на пажмурда мешаваду на мешиканад.
Дӯстӣ аз ишқ душвортар аст, зеро дӯстӣ зиёдтар давом мекунад.
Агар бо дигарон муносибати хуб кунӣ, дар ду моҳ соҳиби чанд дӯст мегардӣ ва агар интизор шавӣ, ки дигарон бо ту муносибат кунанд, пас дар ду сол як дӯст ҳам ба даст нахоҳӣ овард.
Бо якчанд нафар дӯстӣ пайдо кардаму аз онҳо ягон гуна ҷавоб нагирифтам, аммо ман аз дӯстии барпо кардааст гузар накардам.
Душмане, ки бо дили кушод ҳарф мезанад, аз дӯсте, ки дарунаш бозорӣ аст, беҳтар аст.
Дар бадали як душманӣ ҳазор дӯстӣ диҳанд ҳам, магир! Шарту одоби дӯстӣ чунинанд:
1.Бо одамони боақл дӯст шавед, ки дар сӯҳбати беақл ҳаҷ некӣ ва манфиате набувад.
2.Бо одамони некхӯ дӯст шавед.
3.Бо одамони бадхӯ ва фосиқ дӯст нашавед.
4.Бо одамони қаноатманд дӯст шавед.
5.Бо одамони ростгӯю рост қавл дӯст шавед.
БА ДӮСТОНИ ҲАҚИҚӢ ЧУНИН АМАЛҲОРО БА ҶОЙ ОВАРЕД:
1.Аз ӯ молатонро дареғ надоред.
2. Рози ӯро ба касе нагӯед.
3. Айби вайро ба мардум ошкор масозед.
4. Суханашро бо гӯшу ҳуш бишнавед.
5. Ба сухани вай эродгирӣ ва айбҷӯйӣ накунед.
6.Дӯстро бо номи накӯ хитоб кунед.
7.Некии дӯстро шукр гӯед.
8. Дар ғойибии дӯст ӯро ба некиву хубӣ ёд кунед.
9. Ба насиҳат муҳтоҷ шавад бо лутф сухан гӯед.
10.Хатояшро бахшед ва нодида шуморед.
11. Борu худро ба дӯши дӯст наафканед.
12. Ба шодиаш шод шавед ба ғамаш ғамхор.
13. Ҳангоми дидан пештар салом диҳед.
14.Ҳурматашро ба ҷой оваред.
15. Дар мобайни сӯхани дӯст сухан магӯед.
16. Он чӣ ба худ писандед, ба дӯст ҳам онро писандед.
17. Дӯстро дар маҳаллӣ солеҳ шукргузорӣ кунед.
18. Дар маҷлис пеш гузоред ва ба ҷойи накӯ шинонед.
19. Ҳангоми имдод хостан ба ӯ мададгорӣ намоед.
20.Бо дӯшманонӣ ӯ дӯстӣ накунед.
Бишӯй эй хирадманд аз он дӯст даст,
Ки бо душманат бувад ҳамнишаст.
Парвардигор мегӯяд: Агар ду шахс байни ҳамдигар дӯстии содиқу беғараз дошта бошад, сеюмини онҳо ман бошам. Як гули мақсуд дар ин бӯстон, Чида нашуд бе мадади дӯстон. Азизон! Дар хотир дошта
бошед ва бо бузургон, олимон, хирадмандон, шоирон, нависандагон, одамони соҳибмаълумот, поквиҷдон, парҳезгорон, мӯъминон, сабурон ва ҷавонмардон дӯстӣ пайдо кунед ва танҳо баъд аз дӯст шудан
қимати онро мефаҳмед.
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]