[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Шеърҳо
Кард Пайғамбар суол аз Чабраил,
Баъди ман ои фуру бар обу гил.
Гуфт ман дах бор меоям фуруд,
Мебарам дах гавхар аз дунё ба худ.
Гуфт Пайғамбар кадомин гавхар аст,
Каз заволаш холи дунё аптар аст.
Чабраил гуфто ки дар аввал қадам,
Гавхари сабр аз дили мардум барам.
Бори дуюм гавхари шарму хаё,
Мебарам хамрохи худ ай Мустафо.
Шармро мардум баранд аз ёдхо,
Кас нашармад аз касеву аз Худо.
Бори сеюм чун расам аз осмон,
Мебарам ман гавхари мехр аз чахон.
Мехрубони меравад аз ёдхо,
Кай расад аз кас ба кас имдодхо.
Бори чорум чун биёям аз миён,
Мебарам ман гавхари адли чахон.
Тухми анқо мешавад инсофи халқ,
Очизонро мерасад чонхо ба халқ.
Бори панчум чун биёям дар чахон,
Мебарам ман гавхари файз аз миён.
Меравад хам вақт хам файзу футух,
Кас наёбад дар чахон фарру шукух.
Бори шашум эй расули мухтарам,
Гавхари хайру саховат мебарам.
Кас надорад дуст халқи камбағал,
Дар хақаш гуянд алфози дағал.
Ман зи руйи ин чахони бешу кам,
Бори хафтум ростиро мебарам.
Чун хамин гавхар намонад дар миён,
Чуз качи чизе набини дар чахон.
Бори хаштум ман ба амри Зулчалол,
Мебарам аз ин чахон дури халол.
Гар чунин гавхар намонад субху шом,
Кас набишносад халолаш аз харом.
Дафъаи нухум аз ин дахри дағал,
Мебарам ман гавхари поки амал.
Хамчу занбурони махрум аз асал,
Олиме бар илм нанмояд амал.
Дафъаи охир ки меоям падид,
Мебарам ман файзи Қуръони Мачид.
Чун хамин дах гавхар аз дунё равад,
Дар чахон пайдо қиёмат мешавад.
Ба зинхори ба сад зинхор зинхор,
Забон аз ранчиши мардон нигах дор.
Хамон қавме бар офат мубтало шуд,
Зи озори дили мади Худо шуд.
Ки сад бор ин чахон аз охи дил сухт,
Валекин беадаб ибрат наомухт.
Шинос эй курдил оташнафасро,
Бикун андеша рузи пешу пасро.
Саг аз ихлос омад чинси одам,
Зи беихлоси одам шуд зи саг кам. >МАВЛАВИ ЧУНУНИ<
Ба рузе хазрати Султони Аброр,
Бифармуд аз лаби ширин шакарбор.
Ба суи Фотима эй уматулох,
Битарс аз қахри хақ гуфт зикр огон.
Макун такя ба ман зинхор зинхор,
Ки махшар рузи сахту кори душвор.
Ки қурби хақ ба мавқуфи амалхост,
Вагарна дар рахи тоат халалхост.
Манози,ки Паямбарзодаам ман,
Миёни бандагон озодаам ман.
Ба фардо аз амал пурсан бисёр,
Зи зоту насл кай пурсанд хуш дор.
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]