[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Зиндагиномаи Зайнаб (р)
(Силсиламақолаҳои духтарони Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам, №1)
Зайнаб (р) якумин духтари Паёмбар (с) мебошад, чуноне, ки дар кутуби аҳли суннат омада, бар хилофи шиъа, ки онҳо инро қабул надоранд. Паёмбар (с) шаш сол қабл аз қудуми ислом, духтарашон Зайнаб (р)-ро бо Абулос хонадор карданд, сипас Зайнаб (р) соҳиби ду фарзанд шуданд, яке бо номи Умома, ки баъдан бо ҳазрати Алӣ (р) оила барпо кард, ва дуюмаш Алӣ ибни Абулос, ки дар хурдсолиаш вафот кард. Aбулос дар бархе ғазваҳо ҳамроҳи мушрикин бар зидди мусулмонҳо ҷангид ва ба асорат афтид, чун асирон пешкаши паёмбар (с) шуданд, ногаҳ паёмбар (с) чашмашон ба домодаш афтид, сипас гуфтанд: савганд ба Худо мо туро хеш намешуморем аз рўи инсоф. Албатта, хонадории ҳазрати Зайнаб бо Абулос пеш аз биъсати паёмбар (с) сурат гирифта буд, сипас паёмбар (с) ҳардуро аз як дигар ҷудо намуданд, чун баъд аз биъсат Абулос дар пазируфтани ислом сустӣ намуд ва намехост исломро бипазирад. Аз Умми Салама ҳамсари паёмбар (с) ривоят аст, ки Абулос аз Зайнаб (р) талаб карда, ки барои ман аз падарат сарпаноҳ бигир, пас Зайнаб (р) сарашро аз ҳуҷрааш баровард, дар ҳоле, ки паёмбар (с) дар масҷид бо мардум намози бомдод мехонданд ва гуфт: эй мардум! Ман Зайнаб духтари Расулуллоҳ (с) мебошам ва ман Абулосро паноҳ додаам. Ва чун паёмбар (с) аз намоз фориғ шуданд, гуфтанд: Эй мардум! Ман аз ин чиз огоҳ набудам, ҳатто худ шунидед, ки бар кўчактарини мусулмонҳо паноҳ металабад. Мардум низ ба ў паноҳ доданд ва молу матоъашро баргардонданд. Ба зудӣ ин мавқифро хоҳед дид, ки Абулос, ки тамоми молу мулки аҳли Макка дар дасташ буд, агар исломро мепазируфт ин ҳама барои мусулмонҳо ғанимат дода мешуд, вале нахост саршавии исломаш бо ғасб кардани моли мардум бошад. Ин қисса тафсилоте дорад, ки баъдан хоҳад омад. Вақте, ки паёмбар (с) талаби духтарашро пазируфт, Зайнаб (р) гуфт: молашро низ ба ў диҳед ва паёмбар (с) духтарашро амр карданд, то ба ў наздик нашавад, зеро ў мушрик аст ва паёмбар (с) Зайнабро аз ў ҷудо намуда буданд.Абулос ба Макка бозгашт ва барои ҳар як соҳибҳақ ҳақашро супорид. Сипас дар ҳоле, ки исломро пазируфта буд, ба Мадина баргашт. Паёмбар (с) ба ў ҳамсарашро бо ҳамон никоҳи аввала баргардонид. Аз умми Атияи ансорӣ ривоят аст, ки:
ﻋَﻦْ ﺃُﻡِّ ﻋَﻄِﻴَّﺔَ ﺍﻟْﺄَﻧْﺼَﺎﺭِﻳَّﺔِ ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻬَﺎ ﻗَﺎﻟَﺖْ : ﺩَﺧَﻞَ ﻋَﻠَﻴْﻨَﺎ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ ﺣِﻴﻦَ ﺗُﻮُﻓِّﻴَﺖْ ﺍﺑْﻨَﺘُﻪُ ﻓَﻘَﺎﻝَ ﺍﻏْﺴِﻠْﻨَﻬَﺎ
ﺛَﻠَﺎﺛًﺎ ﺃَﻭْ ﺧَﻤْﺴًﺎ ﺃَﻭْ ﺃَﻛْﺜَﺮَ ﻣِﻦْ ﺫَﻟِﻚَ ﺇِﻥْ ﺭَﺃَﻳْﺘُﻦَّ ﺫَﻟِﻚَ ﺑِﻤَﺎﺀٍ ﻭَﺳِﺪْﺭٍ ﻭَﺍﺟْﻌَﻠْﻦَ ﻓِﻲ ﺍﻟْﺂﺧِﺮَﺓِ ﻛَﺎﻓُﻮﺭًﺍ ﺃَﻭْ ﺷَﻴْﺌًﺎ ﻣِﻦْ ﻛَﺎﻓُﻮﺭٍ ﻓَﺈِﺫَﺍ ﻓَﺮَﻏْﺘُﻦَّ ﻓَﺂﺫِﻧَّﻨِﻲ ﻓَﻠَﻤَّﺎ
ﻓَﺮَﻏْﻨَﺎ ﺁﺫَﻧَّﺎﻩُ ﻓَﺄَﻋْﻄَﺎﻧَﺎ ﺣِﻘْﻮَﻩُ ﻓَﻘَﺎﻝَ ﺃَﺷْﻌِﺮْﻧَﻬَﺎ ﺇِﻳَّﺎﻩُ ﺗَﻌْﻨِﻲ ﺇِﺯَﺍﺭَﻩُ ]ﻣﺘﻔﻖ ﻋﻠﻴﻪ[ Паёмбар (с) рўзе, ки духтараш вафот карда буд, назди мо омаданд фармуданд: ўро се бор панҷ бор, ё беш аз ин, агар лозим буд бо об ва сидр ғусл диҳед ва дар шустани охир аз кофур истифода баред, чун аз ғусли ў фориғ шудед, маро хабар кунед (мо низ баъд аз ғусл паёмбар (с)-ро хабар додем, сипас паёмбар (с) изораш (порчае, ки дар миён мебастанд)-ро доданд ва гуфтанд: ўро бо ин порча бипўшонед,(яъне пеш аз кафан намудан). (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим). Маконати Зайнаб (р) дар назди падарашон салаллоҳу алайҳи васаллам. Китоби сират мегўяд: Зайнаби кубро як маконати бе ниҳоят бузурге назди падараш салаллоҳу алайҳи васаллам дошт. Ва ҳама медонанд, ки духтар наздиктар шуморида мешавад ба падар нисбат ба писар. Китоби сират ривоят мекунад: Зайнаб як асари бузурге дар нафси падараш салаллоҳу алайҳи васаллам дошт ва паёмбар (с) ўро бисёр дўст медоштанд, зеро ў аввалин фарзандашон буд, ки ба падару модари хеш, ҷаҳони падарӣ ва модариро боз кард. Дар баъзе авқот (вақтҳо), фарзанди нав ба дунёомада, алоқаи заношўиро мустаҳакам мекунад ва холигии байни завҷайнро пур месозад ва дар он хонавода оромиш барқарор мегардад. Хадиҷа (р) Зайнабро дид, ки ба монанди меваи пухта ширин аст, он ҳам бошад духтари Расули Худо Муҳаммад (с) беҳтарин шавҳаре, ки дар тўли таърихи башарият аз рўи одобу ахлоқ шинохта шудааст, пас чӣ фикр мекунед? Оё духтаре, ки падараш ин гуна бошад, ба мисли дигар духтарҳо мешавад? Албатта не, Зайнаб (р) дар зери риояти беҳтарин башар ба воя расидааст, пас чӣ гуна одами соҳибманзалат ва каромат набошад ? Хонадоршавии Зайнаб (р) Оё падару модаре ёфт мешавад, ки барои фарзандонаш ҷуфти муносиб орзў накунанд? Касе аз пайи хонадор кардани байну ду фард мешавад, ки дар асар омадааст: Барои чунин шахс бар ивази ҳар як калимае, ки гуфтааст ва ҳар як қадаме гузоштааст, ибодати як сола навишта мешавад, ки шабашро ба қиём ва рўзашро бо рўза гузаронидааст. Дере нагузашта аз балоғати Зайнаб (р), ки дар асар омадааст, се чизро набояд ба таъхир андохт: духтар ҳар вақте ки хостгорҳояш оянд ва намоз ҳар вақте ки вақташ дарояд ва маййит ҳар вақте аҷалаш фаро расад. Шарҳ: маййит худ ба таъхир андохта намешавд, зеро вақти муайян дорад. Духтаре, ки хостгорҳояш пайдо шуда бошанд, ба таъхир набояд андохт, ҳамчунин намозро. Кадом духтаре, ки ба балоғат расад, одобу ахлоқаш, илму маърифаташ ва заковаташ шинохта мешавад. Абулос ба хостгории Зайнаб (р) омад,паёмбар (с) мувофақат карданд ва фармуданд: «Беҳтарин ҷуфт онест, ки баробар ва муносиб бошад».Паёмбар (с)-ро агар чанде домод писанд буд ва мувофиқат карда буданд, қарор доданд, ки бояд
Зайнабро бипурсам, сипас ба Зайнаб гуфтанд: эй духтарам! Писархолаат омадааст, дасти туро мепурсад, Зайнаб сокит буд, ин аломати ризои ў буд. Паёмбар (с) беҳтарини халқ, ки аз Зайнаб иҷоза пурсиданд, розӣ аст ё не, бинобар ин кадом падаре духтарашро ба шавҳар диҳад, дар ҳоле, ки ў розӣ набошад, ин никоҳ сурат намегирад, зеро яке аз шартҳои никоҳ ин розигии духтар аст. Хутбаи Зайнаб (р) ба мувофиқат расид ва хабар дар Макка паҳн шуд ва чизе намонда буд, аз ҷониби хонаводаи ҳар ду, ки барояшон талаби хушбахтӣ кунанд, ҷавонони Қурайш нисбати Абулос ғибта мекарданд, ки чӣ хел хешовандии муборак ва падари некў, соҳиби одобу ахлоқи бузург пайдо намудааст. Дар забони арабӣ, падар гуфта якчанд шахсро дар назар доштан мумкин: Падаре, ки аз сулби ў ҳастӣ, падари зан, амак ва бобо. Дар ҳақиқат Абулос бурд кард, зеро бо ин зани солеҳа хушбахтиро ҳис мекард, ҳар вақте ба сафар баромаданӣ мешуд, барояш дурӣ аз ҳамсараш мушкил буд. Худованд барои Абулос ду фарзанд ато намуд, яке Алӣ ибни Абулос, дигаре Умома бинти Абулос, ки Алӣ ибни Абўтолиб ўро ба ҳамсарӣ гирифта буд. Баъди вафоти Фотима (р) Зайнаб (р) медонист, ки падараш дар оянда соҳиби амри бузурге мешавад. Аз куҷо медонист? Аз ахлоқашон, сифаташон, аз раҳмату меҳрубонияшон ва аз вафодорию амонатдоришон. Зайнаб (р) дар падараш ахлоқи ҳамида, сифатҳои хуб, дар симои падараш покиро медид ва дар суханҳояш сидқро мушоҳида мекард. Субҳи як рўз Зайнаб (р) ба сўйи хонаи падараш равона шуд, зеро шавҳараш дар сафар буд, назди дар модараш Хадиҷаро мебинад, дар ҳоле, ки аз хонаи писарамуяш Варқа ибни Навфал бармегашт ва Зайнаб ҳеҷ вақт модарашро чунин парешонҳол надида буд ва модараш ба ў нақл кард, ки ба падараш дар ҳоле, ки дар ғори Ҳиро ибодат мекард, ваҳй нозил шудааст. Зайнабро хомўшӣ фаро гирифт, ҳатто як калима ҳам сухан намекард, зеро ин як амри муҳим ва бузурге буд ва ақлаш инро дарк кардан наметавонист. Ҳамин тавр Зайнаб дар ҷояш хомўшу сокит монд ва суханони Фотима (р) ўро аз парешонҳолӣ бедор кард, ки мегуфт: Эй хоҳарам, оё ин туро хурсанд мекунад, ки духтари паёмбар ҳастӣ? Гуфт: бале эй Фотима! Чӣ касе хурсанд намешавад аз шараф,ки аз қафояш низ як шарафи дигар аст. Вақте ки Хадиҷа ба назди Варқа ибни Навфал рафт ва моҷарои паёмбар (с)- ро барояш зикр намуд, Варқа ибни Навфал гуфт: ўро мардум такзиб мекунанд ва азияташ медиҳанд ва аз Макка ихроҷаш мекунанд ва бо ў салаллоҳу алайҳи васаллам қитол мекунанд. Фотима каме дар фикр фурў рафт ва бар нафасаш вазнинӣ омад, ки падарашро азият хоҳанд кард, сипас рўяшро боло карду барои хоҳараш гуфт: савганд ба Худо падарамон чуноне, ки модарам барояшон гуфта буд: Худованд моро нигоҳ медорад. эй Абулқосим, мужда бидеҳ эй писараму! Собит бош! Савганд ба Худо, Худо шуморо хор нахоҳад кард, зеро шумо рафту омадро бо хешовандон барқарор мекунед, сухани сидқро мегўед, амонатро ба соҳибонаш бармегардонед, шумо масъулиятпазир ҳастед, шумо меҳмонро менавозед ва шумо дар мушкилот ба мардум ёрӣ мерасонед. Абулос исломро рад кард Шавҳараш Абулос баргашт ва мағзаш пур аз овозаҳо шуда буд, ки Муҳаммад (с) дини наверо овардааст. Аз сафар бозгашт ва дар бораи нубувват ва ваҳй шунид, сипас Зайнаб (р) шавҳарашро пешвоз гирифту ба ў хабари яқинро дод, лекин ў умедашро пинҳон кард вақте ки сухани мушрикон дар пеши назараш аён шуд.Зайнаб наздаш меистод, пеш аз ин, ки суханаш тамом шавад, гуфт: савганд ба Худо ман падарамро дурўғ намешуморам, савганд ба Худо, чӣ гунае, ки худат ва қавм медонанд, падарам содиқ-ул-амин аст.
Сипас миёни ҳарду мушкилоте рух медиҳад ва Зайнаб (р) мегўяд: савганд ба Худо, ман ба он чӣ ки овардааст имон ва ислом овардам ва инчунин модарам ва хоҳаронам ва писарамуям Алӣ (р) ва Абўбакр (р) имон овардаанд ва аз қавмат писарамуят Усмон (р) ва писартағоят Зубайр ибни Аввом ибни Хувайлид (р) исломро пазируфтанд. Инчунин, писари тағоят Варқа ибни Навфал имон овард, оне, ки ба наздикӣ вафот кард, ту чорае надорӣ ба ҷуз ин, ки имон ва ислом биоварӣ! Абулос дар ҷавоб чизе нагуфт, пас аз хона баромада ба сўйи Каъба равона шуд. Мушкил дар ин ҷост, ки худ имон овард, вале шавҳараш рад кард. Ва чун баргашт, гуфт: имрўз падаратро дидам, маро ба ислом даъват намуд ва дигар чизе нагуфт. Зайнаб (р) аз рафти кор ва аз ҳолати ў пай бурд, ки исломро напазируфтааст, аз ин рў аз ў чизе напурсид. Як рўз ба Зайнаб (р) дар ҳоле, ки ўро ба имон ва ислом даъват мекард, гуфт: савганд ба Худо ман падаратро муттаҳам намешуморам, вале ман бад мебинам, ки мардум гўянд: қавмашро хор кард ва бо Худои аҷдодаш барои ризогии ҳамсараш кофир шуд. Ин як мутаассиб аст, чуноне, ки Абўтолиб ин корро кард ва Муҳаммад (с)-ро бар манзилати падар дўст медоштанд ва чашмоҳояшон пур аз ашк буд, дар ҳоли буданашон ғамгин барои Абўтолиб, ки имон намеовард, то аз ин палидиҳо ва ширкҳои ҷоҳилият пок гардад. Дар ҳоле, ки паёмбар (с) дар наздаш аз фарзандонаш ҳам маҳбубтар буд. «Аз саодатмандии мард ин аст, ки худ муъмин бошаду занаш муъмина ва аз саодатмандии зан ин аст, ки худ муъмина бошаду шавҳараш муъмин. Мишкил ин ҷост, ки Зайнаб муъмина буду шавҳараш на, ин дар ҳоли аввали ислом буд, сипас шавҳараш имон овард.» Валҳамду лиллаҳи раббил оламин.
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]