[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Зиндагиномаи Умми Кулсум (р)
Умми Кулсум (р) саввумин духтари Расулуллоҳ (с) (Силсиламақолаҳои духтарони
Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам, №3)
Умми Кулсум (р) саввумин духтари Муҳаммад (с) буда, баъд аз Руқая (р) таваллуд шудааст. Ҳамроҳи модар ва хоҳари хеш исломро пазируфтааст. Хонадоршавии ў (р) пеш аз биъсат сурат гирифта буд. Бо Утайба ибни Абулаҳаб оила барпо кард ва ҳанўз духул сурат нагирифта буд, ки сухани Худо нозил шуд:
«Дастҳои Абулаҳаб (киноя аз худи ӯст) ҳалок бод ва ҳалок бод Абулаҳаб».
Абулаҳаб ба фарзандонаш фармон дод, ки сарам аз саратон ҳаром бод, агар духтарони Муҳаммад (с)-ро талоқ надиҳед! Сипас Утба Руқая (р)-ро ва Утайба Умми Кулсум (р)-ро талоқ доданд. Худованд Муҳаммад (с) ро пешвои ҳасана қарор дод ва фармуд: «Барои шумо агар ба Худо ва рӯзи қиёмат умед доред ва Худоро фаровон ёд мекунед, дар симои Расулуллоҳ муқтадои (пешвои) писандидаест, мебинед».
(Сураи Аҳзоб, ояти 21).
Дарди фақдони фарзанд ва талоқи духтарро чашиданд ва чашиданд дарди ончиро, ки дар ҳаққи Оиша (р) Мадина паҳн шуда буд, ки лоиқи ў набуд, инчунин фақр ва дороиро чашиданд, ҳазимат ва пирўзиро, ки барояшон пеш омад, беморӣ ва саломатиро чашиданд. Дар тамоми имтиҳоноти илоҳӣ мавқеи шахси комилро доштанд,пас сазовори саййидулхалқ шуданд. Абулаҳаб барои ҳарду фарзандаш гуфт: сарам аз саратон ҳаром бод, агар духтарони Муҳаммад (с)-ро талоқ надиҳед, сипас онҳоро талоқ доданд, дар ҳоле, ки духул (ҷимоъи аввал) сурат нагирифта буд. Аммо аз шавҳари Зайнаб (р) талаб карда шуд, ки занатро талоқ деҳ, ӯ гўш накард ва талоқ надод ва чун асир афтод, Муҳаммад (с) ба ў назар карда, гуфтанд: савганд ба Худо ман хеши бад нашуморидам туро. Озод буд ў, баъзе мардум ҳастанд, ки хизматгор ва пешхизмат мебошанд ва баъзе дигарон дар таҳти фармони волидайн мебошанд, талоқ бидеҳ гўянд талоқ медиҳад, ин корро иҷро кун, иҷро мекунад, онро тарк кун, тарк мекунад. Барои волидайн беандоза хидмат кардан зарур аст, модоме, ки ба маъсият амр накарда бошанд, вале агар ба маъсият амр кунад ва ту анҷом диҳӣ, пас бидон, ки ту озод нестӣ! Чуноне модари Саъд ба ў гуфт: ё ба Муҳаммад (с) кофир мешавӣ, ё ман то мурданам тарки таъом мекунам! Саъд (р) гуфт: савганд ба Худо агар сад ҷон дошта бошӣ ва ҳар як аз пайи яко-як бароянд, ба Муҳаммад (с) кофир намешавам, акнун хоҳӣ бихўр, агар нахоҳӣ не!
Зан ва модар ҳақ доранд, агар ҳаққи занро адо намоӣ ва ҳақи модарро фаромўш, алакай аз доираи адолат берун гаштаӣ, агар ҳақи модарро адо намоӣ ва ҳақи занро фаромўш, боз ҳам аз доираи адолат берун гаштаӣ, бояд ҳар як соҳиби ҳақро, ҳақашро диҳӣ! Асл дар ин мавзӯъ сухани Худо мебошад, ки мефармояд: “парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед”. Ибодат барои Худо аст ва некўӣ барои волидайн аст, пас агар дар маъсият итоат аз волидайнат кунӣ, бидон, ки ту ғайри Худо дигареро парастиш намудаӣ!
Хонадоршавии ў (р) бо Усмон(р)
Баъд аз вафоти Руқая (р) дар соли сеюми ҳиҷрӣ, бо Усмон (р) оила барпо намуд, аммо фарзанд таваллуд накард ва то соли нўҳуми ҳиҷрӣ зиндагӣ кард, сипас дар моҳи шаъбон вафот намуд. Оммаи мардум ба ин ҳодиса чӣ мегўянд? Якеро ба занӣ гирифт, вафот кард, сипас хоҳарашро гирифт, вафот кард, мардум чӣ мегўянд? Паёмбар (с) чӣ гуфтанд? Паёмбар (с) гуфтанд: агар дорои даҳто духтар мебудам, ҳамаашро ба Усмон (р) ба занӣ медодам. Шахсе духтар дошта бошад ва худ муъмину мусулмон бошад ва ба сухани паёмбар (с) амал кунад, бурд мекунад, зеро паёмбар (с) фармудаанд: шахсе соҳибу ду духтар бошад, сипас онҳоро тарбияи хуб намояд, ман кафили ў мешавам дар ҷаннат. Гуфтанд: агар якто бошад чӣ? Паёмбар (с) гуфтанд: якто ҳам бошад. Дар кадом хонае духтар бошад, ўро тарбия намоянд, ба намозу ахлоқи ў ва ҳиҷобу илмаш расидагӣ кунанд, сипас ўро ба ҷавони мутадаййин оиладор намоянд, ин роҳи ҷаннат аст. Умми Кулсум (р) дар ҳисор бениҳоят ранҷу машаққат кашиданд, аммо Руқая (р) ҳамроҳи шавҳараш ба Ҳабаша ҳиҷрат намуд, Зайнаб бошад дар назди шавҳараш буд, аммо Фотима (р) ва Умми Кулсум (р) дар ҳисор бисёр дарду ранҷ кашиданд.
Вафоти модараш - Хадиҷа (р)
Умми Кулсум (р) аз марги модараш сахт ғамгин шуда буд, чуноне, ки падараш (с) ғамгин шуда буданд. Муаррихон соли даҳуми ҳиҷриро, соли "омул ҳузн" яъне соли ғамгинӣ номидаанд, зеро паёмбар (с) ду ҳомии худро аз даст доданд: ҳамсарашон Хадиҷа (р), ки санади дохилӣ ва амакашон Абутолибро, ки санади берунӣ буданд. Мардеро шунидам, ки ҳамсараш вафот кард, дар ҳоле, ки як хоҳар дошт, ки аз ў бист сол бузург буд, шавҳар норозигӣ баён намуд ва ба Худо гуфт: ҳамсари ман аз хоҳараш дида, ҷавонтар буд ва ман ба ў эҳтиёҷ доштам, чаро ўро аз ман гирифтӣ? Чаро хоҳари кўҳансолашро нагирифтӣ дар ивази ў? Ин як даъвои ҷоҳилона мебошад, набояд чунин кард. Баъд аз ин, ки Хадиҷа (р) вафот кард, ки санади дохилӣ буд, амўяшон низ вафот кард, ки санади берунӣ буд. Ҳомии берунӣ ва дохилӣ вафот намуданд, маҳз ба ҳамин сабаб муаррихон ин солро, соли ғамгинӣ номиданд. Вақте ки амўяшон Абутолиб вафот кард, қурайш ба азият додани Муҳаммад (с) шуруъ намуд, дар ҳоле, ки Абутолиб зинда буд, касе ҷуръат намекард то Муҳаммад (с)-ро азият намояд. Як ҷоҳил ва бефаҳме аз Қурайш пеши роҳи Муҳаммад (с)-ро гирифт ва бар сари паёмбар (с) хок пошид, сипас паёмбар (с) дохили хонаашон шуданд, дар ҳоле, ки сарашон хоколуд буд. Умми Кулсум бархост ва хокҳоро аз сари паёмбар (с) тоза менамуд, дар ҳоле, ки худ гирён буд. Паёмбар (с) гуфтанд: гиря макун, эй духтарҷонам! Худованд падаратро ҳимоя мекунад. Боварии паёмбар (с) ба Худо қавӣ буд, ин сиққа ва бовариашон нисбат ба Худо ҷилва медод. Ҳангоми ҳиҷрат, чун Суроқа аз қафои паёмбар (с) меомад, дар ҳоле, ки садто шутур мукофот дода мешуд, барои шахсе, ки Муҳаммад (с) ро зинда ё мурда ҳозир кунад, сипас паёмбар (с) ба ў гуфтанд: чӣ тавр мешавад бароят агар ду дастмонаи Кисро-ро ба даст кунӣ. Тасаввур кунед, дар ҳоле, ки аз қафоят туро мехоҳанд бигиранд ва хуни туро ҳалол шуморидаанд, дар ин ҳангом боварии паёмбар (с) ба пирўзӣ чизи бовар карданӣ нест, яъне ба Мадина мерасанду давлати исломӣ бино менамоянд ва ҷиҳод мекунанду пирўзӣ ба даст меоранд.
Дар замон халифаи дуввм Умар (р) канзҳои Кисро-ро ба даст меоранд, тоҷу дасмонаҳо ва либосҳояшро ҳозир мекунанд, сипас Умар (р) садо мезанад: Куҷост Суроқа? Суроқа меояд, ҳазрати Умар (р) тоҷ ва дастмонаҳоро ба ў мепўшонанду мегўяд: баҳ-баҳ! Чӣ касе гумон мекард, ки як аъробие аз бани Мидлаҷ дастмонаҳои Кисроро мепўшад.
Ҳиҷрати Умми Кулсум (р)
Чун паёмбар (с) ҳамроҳи Абубакр (р) ҳиҷрат намуданд, Умми Кулсум ва Фотима (р)-ро назди зани дуввумашон Савда бинти Замъа гузошта буданд. Ва баъд аз ин, ки дар Мадина қарор гирифтанд, сипас бархе асҳобашонро барои ҳамроҳӣ кардани аҳли худ ва аҳли Абубакр фиристоданд. Чун Умми Кулсум ва Фотима (р) ва ҳамсари паёмбар (с) Савда бинти Замъа ва духтарони Абубакр (р) Асмоа ва Оиша (р) ба Мадина расиданд, паёмбар (с) ба истиқболи духтаронашон баромаданд, инчунин занони ансор бо як лутфу меҳрубонӣ эшонро истиқбол карданд.
Хонадор шавии Умми Кулсум
Дар ривояте аз Абуҳурайра омадаст, ки паёмбар (с) фармуданд: Ҷибрил (а) наздам омаду, гуфт: Худованд шуморо амр менамояд, ки Умми Кулсумро барои Усмон (р) ба занӣ диҳед ва ба миқдори маҳре, ки ба Руқая (р) дода шуда буд ва мисли ҳамсуҳбаташ. Албатта ин баъд аз вафоти Руқая (р) мебошад. Баъд аз ин Усмон (р) зин- нурайн номида шуд, яъне соҳиби ду нур, зеро ду духтари паёмбар (с)-ро пайи ҳам ба занӣ гирифта буд. Ин ақди муборак дар соли саввуми ҳиҷрӣ сурат гирифт. Умми Кулсум (р) бо Усмон (р) шаш сол зиндагӣ кард ва тўли ин шаш сол фарзанде ба дунё наоварда буд. Вафоташ дар соли нўҳуми ҳиҷрӣ сурат гирифт ва паёмбар (с) фармуданд: Агар дорои даҳто духтар мебудам, ҳамаашро ба Усмон (р) ба занӣ медодам.
Вафоти Умми Кулсум (р)
Чун дар қабр гузошта шуд, паёмбар (с) назди қабраш нишастанд, дар ҳоле, ки чашмони муборакашон пур аз ашк буд, Худованд аз Умми Кулсум (р) розиву хушнуд бошад. Валҳамду лиллаҳи раббил оламин.
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]