[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Зиндагиномаи Фoтимa(р)
(Силсиламақолаҳои духтарони Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам, №4)
Фотима (р) духтари Муҳаммад (с) ва Хадиҷаи кубро (р) мебошад, ки хурдсолтарин духтари Паёмбар (с) буда, сарвари занҳои асри худ мебошад. Паёмбар (с) фармуданд: Кофист туро аз занони олам, Марям бинти Имрон ва Хадиҷа бинти Хувайлид ва Фотима бинти Муҳаммад (с) ва Осия зани Фиръавн.
Ривояти Тирмизӣ
Каме пеш аз биъсат мутаваллид шуда, бо Алӣ ибни Абутолиб (р) дар соли дуюми ҳиҷрӣ, баъд аз ғазваи Бадр оила барпо намуда, соҳиби панҷ фарзанд: Ҳасан, Ҳусайн, Муҳсин, Уммикулсум ва Зайнаб гардиданд. Паёмбар (с) ўро бисёр дўст медошт, зани собираву диндор ва шукргузор буд. Маконати ў (р) дар назди падараш Муҳаммад (с) Фотима (р) сарвари занҳои асри худ буда, яке аз чаҳор занҳое мебошад, ки бо сифати камол дар олам васф шудаанд, чун зан сифати камолро дошта бошад, нури чашми атрофиёнаш хоҳад буд.
Аз Умар ибни Абусалама (р) ривоят аст, ки фармуд: Вақте, ки ин сухани Худо бар паёмбар (с) дар хонаи Умми Салама (р) нозил шуд: [إنما يريد الله ليذهب عنكم الرجس أهل البيت ويطهركم تطهيرا] «Эй аҳли байт, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад». (Сураи Аҳзоб, ояти 33)
Сипас Паёмбар (с) Фотима ва Ҳасану Ҳусайнро фаро хонд ва онҳоро бо як чодаре печонд дар ҳоле, ки Алӣ (р) дар пасашон буд, ўро низ печонд, сипас фармуданд: Парвардигоро, инҳо аҳли байти ман ҳастанд, пас палидиро аз инҳо дур бикун ва инҳоро пок нигоҳ бидор. Умм Салама фармуд: ман низ бо онҳо ҳастам? Паёмбар (с) фармуданд: ту дар маконати худ ҳастӣ ва ту бар хайр ҳастӣ! Дар ҳақиқат наздиктарин кас барои фард, фарзандонаш мебошанд, хоҳ писар бошанд, хоҳ духтар. Аз Зайд ибни Арқам ривоят аст, ки паёмбар (с) барои Алӣ (р), Фотима (р) ва Ҳасану Ҳусайн (р) фармуданд: ман эълони ҷанг мекунам бо касе, ки шумо биҷангед ва ман эълони сулҳ мекунам бо касе, ки шумо сулҳ бандед.
Ривоти Тирмизӣ
Фотимаи заҳро (р) дар замони худ аз зумраи беҳтарин занҳо маҳсуб мешуд. Дар бузургӣ, каромат ва дар тамоми ашё, дар тамоми муддат канори падари хеш буд, ҳатто аз замони хурдсолиаш то он даме, ки падараш аз дунёи ҳастӣ ба сўйи Парвардигор рафт, шоҳиди тамоми мавқифҳои паёмбар (с) шуда буд. Маконати Фотима (р) дар назди Парвардигор (ҷ) Тааҷҷубовар нест, ки Худованд Фотима (р)-ро мубоҳот мекунад бар тамоми занҳо, бар он хислатҳо ва покие, ки бар ў ато фармудааст. Ҳузайфа мефармояд: модарам аз ман пурсон шуд, ки охирин бор чӣ замоне бо паёмбар (с) мулоқот карда будӣ? Гуфтам: аз фалон муддат то фалон муддат бо ў (с) мулоқот накардаам, модарам аз ман дилгир шуд. Гуфтам: нигарон мабош, бигузор ман назди расулуллоҳ (с) равам, то намози шомро бо ў (с) бихонам ва аз эшон (с) талаб намоям, то барои ману шумо талаби омўрзиш намояд, сипас назди паёмбар (с) омадам ва ҳамроҳи ў (с) шомро хондам, ҳатто намози хуфтан шуд, паёмбар (с) хуфтанро хонданд, сипас равона шуданд, ман аз пасашон баромадам садоямро шуниданд, сипас гуфтанд: кистӣ? Ҳузайфа? Гуфтам: бале. Гуфтанд (с): чӣ ҳоҷат дорӣ, Худо ту ва модаратро биомўрзад! Сипас (с) фармуданд: ин фаришта то ин дам ба замин нузул накарда буд, магар ҳамин шаб, аз Парвардигор изн хостааст, то ба ман салом гўяд ва маро башорат бо он диҳад, ки Фотима (р) сайиди занҳои аҳли ҷаннат мебошад ва Ҳасану Ҳусайн сайиди ҷавонони аҳли ҷаннат.
Шабоҳати Фотима (р) бо падараш (с)
Кутуби сират ривоят мекунанд, ки Фотима (р) нисбат ба хоҳаронаш ба падараш (с) бисёр шабоҳат дошт. Уммулмуъминин Оиша (р) фармуданд: касеро шабеҳтар мисли Фотима (р) ба паёмбар (с) аз рўи оромӣ, ҳолат ва меҳрубонӣ надида будам. Ҳар гоҳ ба назди паёмбар (с) меомад, паёмбар бармехост ва аз дастонаш мегирифт ва аз пешонияш бўса мекарданду дар макони бузурге мешинонданд. Фотима (р) чун падараш (с) меомад, ў (р) низ бо падар ингуна муомилаи хуб мекард.
Ривояти Абудовуд.
Таъомули Фотима (р) бо ҳамсарони падараш (с)
Чӣ қадр мардоне ҳастанд, ки занҳояшон вафот мекунанд,сипас агар нияти издивоҷ кунанд, духтаронаш дар муқобилаш мехезанд ва норозигии худро баён мекунанд. Фотима (р) чун модараш вафот кард, дид, ки падараш ғамгин асту ниёз ба ҳамсар дорад ва чун паёмбар (с) зан гирифтанд, Фотима (р) хеле хушҳол шуданд. Хавла бинти Ҳаким барои паёмбар (с) хостгорӣ рафт, Фотима (р) ва хоҳаронаш норозӣ ё нороҳат набуданд ва вақте Хавла омад, фармуд: оё бароятон хостгорӣ намоям? Паёмбар (с) фармуданд: Бале, сипас гуфтанд: эй гурўҳи, занҳо шумо барои ин кор муносибтаред, сипас Хавла барои паёмбар (с) Савда бинти Замъаро хостгорӣ кард. Фотима (р) меҳрубонтарини занон буд, нисбати занони падараш (с). Фотима (р) ҳамроҳ бо зани падараш (с) бо як меҳрубонӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекард ва ў (р) калонтарин муъини занони падараш (с) буд.
Хонадоршавии Фотима (р)
Паёмбар (с) духтарашонро барои марде надоданд, ки дар вай баробарӣ ва муносибат дида нашавад. Баробарӣ дар издивоҷ бисёр муҳим аст. Баъзе авқот духтареро, ки ҳофизи Қуръон ҳаст, ба ҷавоне оиладор мекунанд, ки барои ў муносиб ва баробар нест, на қадри илмашро медонад ва на қадри парҳезгориашро. Дар натиҷа духтар зоеъ мешавад, барои ҳамин ҳам дар издивоҷ (кафоат) баробарӣ ва муносиб будан заруру муҳим аст. Бисёр падароне ҳастанд, ки дар ин боб ба лағжиш дучор шудаанд. Духтаронашонро барои шахси баробар ва муносиб ба занӣ намедиҳанд. Аммо Фотима (р) чӣ қадаре, ки дар ислом ранҷу машаққат кашида бошад, Алӣ (р) низ ҳамон қадар сахтиҳо дидааст. Ў чӣ қадре, ки дар роҳи ислом ҷоннисорӣ карда бошад, Алӣ (р) низ ба ҳамон андоза кардааст, яъне ин ду барои якдигар комилан баробару муносибанд. Шавҳари Фотима (р) шахси оддӣ набуд, балки шахсе буд, ки таҳти тарбияи паёмбар (с) ба воя расидааст, аз ин рў бародари паёмбар (с) ва нусратгари ў (с) мебошад. Алӣ (р) ҷуръат намекард ба хостгории Фотима (р) ояд, зеро медонист, ки Фотима назди паёмбар (с) чӣ қадр маконати бузург дорад. Алӣ (р) ҳамеша фурсати муносиб меҷўст, чанд муддат фурсати муносибро интизор шуд, ҳатто аз байн солҳо гузашт, ҳанўз ҳам Алӣ (р) фурсати муносиби худро наёфт, чун паёмбар (с) бар Оиша (р) духул намуданд, Алиро орзў ва шавқ фаро гирифт, вале боз ҳам натавонист, зеро фақир буд, моликияти маҳрро надошт ва чун шунид, ки ду саҳобии бузург, Абубакр (р) ва Умар (р) ба хостгорӣ рафтанд, ақибнишиниаш зиёдтар шуд. Бархе асҳоб пай бурданд, ки Алӣ рағбат ба хостгории Фотима (р) дорад. Ўро ташҷеъ мекарданд, ки ту бо паёмбар (с) хеши наздик ҳастӣ, падарат Абутолиб ва модарат Фотима бинти Асад мебошад. Алӣ (р) каме фикр кард, дар ҳақиқат ў сазовортарини мардум буд, ки таҳти тарбияи паёмбар (с) ба воя расида буд. Бо паёмбар (с) зиндагӣ намуда, лаҳзае ҳам аз паёмбар (с) ҷудо нашудааст. Алӣ (р) барои хостгории Фотима (р) камари ҳиммат басту Фотима (р)- ро аз паёмбар (с) хостгорӣ намуд. Паёмбар (с) ба ў (р) бо як лутфу меҳрубонӣ нигоҳ карданду фармуданд: оё чизе дорӣ, ки маҳр диҳӣ? Алӣ (р) гуфт: не, надорам, ё Расулаллоҳ! Сипас паёмбар (с) ўро ёдоварӣ намуданд, ки рўзи Бадр ҷавшане аз ғаниматҳо бароят дода будам, пас он куҷост? Гуфт: наздам ҳаст. Паёмбар (с) фармуданд: бидеҳ ўро барояш. Паёмбар (с) мефармоянд: бузургтарин занҳо аз рўи баракат онҳое мебошанд,ки маҳрашон осон (кам) бошад.
Ривояти Аҳмад
Сипас ҷавшанашро чорсаду ҳафтод (470) дирҳам фурўхту арўсашро омода сохт ва паёмбар (с) издивоҷашонро ақд кардан ва дар наздикии хонаи худ онҳоро маскан доданд. Издивоҷашон бо баракати илоҳӣ ба итмом расид. Дар он ҳангом Фотима (р) 18-сола ва Алӣ (р) 26-сола буданд. Алӣ (р) аз паёмбар (с) ҷудо намешуд, тавре, ки дар боло зикр намудам, дар тамоми ғазваҳо ширкат дошт, магар дар ғазваи Табук, ки паёмбар (с) ўро амр намуд, то дар Мадина бимонад. Саъд ибни Абиваққос (р) мегўяд: عن ﺳَﻌْﺪٍ بن أبي وقاص ﺃَﻥَّ ﺭَﺳُﻮﻝَ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ ﺧَﺮَﺝَ ﺇِﻟَﻰ ﺗَﺒُﻮﻙَ ﻭَﺍﺳْﺘَﺨْﻠَﻒَ ﻋَﻠِﻴًّﺎ ﻓَﻘَﺎﻝَ ﺃَﺗُﺨَﻠِّﻔُﻨِﻲ ﻓِﻲ ﺍﻟﺼِّﺒْﻴَﺎﻥِ ﻭَﺍﻟﻨِّﺴَﺎﺀِ ﻗَﺎﻝَ ﺃَﻟَﺎ ﺗَﺮْﺿَﻰ ﺃَﻥْ ﺗَﻜُﻮﻥَ ﻣِﻨِّﻲ ﺑِﻤَﻨْﺰِﻟَﺔِ ﻫَﺎﺭُﻭﻥَ ﻣِﻦْ ﻣُﻮﺳَﻰ ﺇِﻟَّﺎ ﺃَﻧَّﻪُ ﻟَﻴْﺲَ ﻧَﺒِﻲٌّ ﺑَﻌْﺪِﻱ ﻣﺘﻔﻖ ﻋﻠﻴﻪ Паёмбар (с) ба сўи Табук берун рафт ва Алӣ ибни Абутолибро ҷонишини худ таъин намуд. Алӣ (р) гуфт: оё маро миёни занон ва кўдакон мегузоред? Паёмбар (с) фармуданд: оё дўст надорӣ, ки ту барои ман ба манзалати Ҳорун барои Мусо бошӣ? Албатта, баъди ман паёмбаре нахоҳад омад.
Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Рўзе Алӣ (р) ба хона баргашт ва дид, ки Фотима орд мекард, дастонаш обила аз вазнинии кор шуданд. Ба ў гуфт: як бардае назди паёмбар (с) оварда шудааст, аз падарат (с) талаб кун, то ўро бароят хидматгузор намояд. Фотима (р) гуфт: савганд ба Худо аз орд кардан дастҳоям обила карданд, сипас назди паёмбар (с) омад, паёмбар (с) фармуданд: духтарам, чӣ мехоҳӣ? Фотима (р) шарм дошт хостаашро гўяд, гуфт: омадам, то ба шумо салом диҳам, сипас ба хона баргашт. Ин дафъа ҳамроҳи Алӣ (р) омад, сипас Алӣ (р) гуфт: эй паёмбар (с) кор бар Фотима (р) вазнинӣ мекунад, зеро кори хастакунанда аст. Оё канизе ҳаст, то ба ў ёрӣ расонад? Паёмбар (с) фармуданд: на, савганд ба Худо бароятон намедиҳам! Ҳатто, ки агар аҳли суффа шикамҳояш гурусна бимонад ва чизе наёбам бар онҳо нафақа кунам. Паёмбар (с) тамоми муъминонро як оила мешумориданд, ба духтарашон канизе надоданд, зеро намехостанд мискинон аз гуруснагӣ ранҷ бикашанд. Дар ривояти имом Бухорӣ омадаст, ки Алӣ (р) мегўяд: عن ﻋَﻠِﻲٌّ ﺃَﻥَّ ﻓَﺎﻃِﻤَﺔَ ﻋَﻠَﻴْﻬَﺎ ﺍﻟﺴَّﻠَﺎﻡ ﺷَﻜَﺖْ ﻣَﺎ ﺗَﻠْﻘَﻰ ﻣِﻦْ ﺃَﺛَﺮِ ﺍﻟﺮَّﺣَﺎ ﻓَﺄَﺗَﻰ ﺍﻟﻨَّﺒِﻲَّ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ ﺳَﺒْﻲٌ ﻓَﺎﻧْﻄَﻠَﻘَﺖْ ﻓَﻠَﻢْ ﺗَﺠِﺪْﻩُ ﻓَﻮَﺟَﺪَﺕْ ﻋَﺎﺋِﺸَﺔَ ﻓَﺄَﺧْﺒَﺮَﺗْﻬَﺎ ﻓَﻠَﻤَّﺎ ﺟَﺎﺀَ ﺍﻟﻨَّﺒِﻲُّ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ ﺃَﺧْﺒَﺮَﺗْﻪُ ﻋَﺎﺋِﺸَﺔُ ﺑِﻤَﺠِﻲﺀِ ﻓَﺎﻃِﻤَﺔَ ﻓَﺠَﺎﺀَ ﺍﻟﻨَّﺒِﻲُّ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ ﺇِﻟَﻴْﻨَﺎ ﻭَﻗَﺪْ ﺃَﺧَﺬْﻧَﺎ ﻣَﻀَﺎﺟِﻌَﻨَﺎ ﻓَﺬَﻫَﺒْﺖُ ﻟِﺄَﻗُﻮﻡَ ﻓَﻘَﺎﻝَ ﻋَﻠَﻰ ﻣَﻜَﺎﻧِﻜُﻤَﺎ ﻓَﻘَﻌَﺪَ ﺑَﻴْﻨَﻨَﺎ ﺣَﺘَّﻰ ﻭَﺟَﺪْﺕُ ﺑَﺮْﺩَ ﻗَﺪَﻣَﻴْﻪِ ﻋَﻠَﻰ ﺻَﺪْﺭِﻱ ﻭَﻗَﺎﻝَ ﺃَﻟَﺎ ﺃُﻋَﻠِّﻤُﻜُﻤَﺎ ﺧَﻴْﺮًﺍ ﻣِﻤَّﺎ ﺳَﺄَﻟْﺘُﻤَﺎﻧِﻲ ﺇِﺫَﺍ ﺃَﺧَﺬْﺗُﻤَﺎ ﻣَﻀَﺎﺟِﻌَﻜُﻤَﺎ ﺗُﻜَﺒِّﺮَﺍ ﺃَﺭْﺑَﻌًﺎ ﻭَﺛَﻠَﺎﺛِﻴﻦَ ﻭَﺗُﺴَﺒِّﺤَﺎ ﺛَﻠَﺎﺛًﺎ ﻭَﺛَﻠَﺎﺛِﻴﻦَ ﻭَﺗَﺤْﻤَﺪَﺍ ﺛَﻠَﺎﺛًﺎ ﻭَﺛَﻠَﺎﺛِﻴﻦَ ﻓَﻬُﻮَ ﺧَﻴْﺮٌ ﻟَﻜُﻤَﺎ ﻣِﻦْ ﺧَﺎﺩِﻡٍ Фотима (р) аз сахтии кор бо осиё шикоят дошт. Пас аз ин, ки чанд асир назди Паёмбар (с) оварданд, хидмати паёмбар (с) омад, вале эшон паёмбар (с)-ро наёфт, балки Оиша (р)-ро дид ва дар ин маврид бо ў сухан гуфт. Ҳангоме, ки паёмбар (с) омаданд, Оиша (р) паёмбар (с)-ро аз омадани Фотима (р) бохабр кард. Паёмбар (с) назди мо омаданд, дар ҳоле, ки мо бар рахти хоб рафта будем, хостем аз ҷой бархезем, ки фармуд: ‎барнахезед. Он гоҳ миёни мо нишастанд, то ҷое, ки сардии қадамҳояшонро бар синаам эҳсос кардам ва фармуданд: оё ба шумо чезе беҳтар аз хостаатон наомўзонам? Ҳар гоҳ ба рахти хоб рафтед, сиву чаҳор бор Аллоҳу Акбар, сиву се бор Субҳоналлоҳ ва сиву се бор Алҳамдулиллоҳ гўед. Ин барои шумо аз хидматкор беҳтар аст. Сипас Алӣ (р) фармуд: ин амалро баъд аз ин, ки аз паёмбар (с) шунидам, тарк накардаам. Марде гуфт: ҳатто дар шаби Сиффин ҳам? гуфт: бале, ҳатто дар шаби Сиффин низ. Аз ин қисса интинбот кардан мумкин аст, ки бояд маслиҳати омма бар маслиҳати шахсӣ муқаддам бошад, чуноне паёмбар (с) фармуданд: на, савганд ба Худо бароятон намедиҳам ва аҳли суффа шикамҳояш гурусна монад ва чизе наёбам бар онҳо нафақа кунам! Бояд шахси муъмин маслиҳати оммаро бар маслаҳати шахсӣ муқаддам донад. Рўзе Умари Хаттоб (р) шутури фарбеҳеро мебинанд, пурсон мешавад, ин шутур аз они чӣ касест? Мардум гуфтанд: ин шутури писарат Абдуллоҳ аст. Ғазабнок шуду фармуд: биёред ўро! Чун писарашро ҳозир намуданд, аз ў пурсон шуд: шутур аз они кист? Абдуллоҳ (р) гуфт: моли ман аст, зеро аз пулу моли худам харидаам, сипас ўро ба чарогоҳ фиристодаам, то фарбеҳ шавад. Чӣ шудааст? Умар (р) гуфт: мардум мегўянд, ки ин моли фарзанди амиралмуъминин аст, об диҳед ўро ва нигоҳубин кунед, ин кор шутуратро фарбеҳ мекунад. Гир шутуратро фурўшу ҳақатро гир ва боқиро ба байтулмоли муслимин баргардон! Рўзе Умар ибни Абдулазиз писарашро дар ҳоле дид, ки дар ангушташ хотами гаронбаҳое буд. Ба ў гуфт: ин ангуштаринро бифурўш ва ҳазор мискинро таъом деҳ ва дар иваз барои худ як ангуштарини оҳанин гиру болояш бинвис: “Худованд раҳм кунад бандаеро, ки ҳаддашро медонанд ва дар наздаш меистад”. Фотима (р) бо оне, ки аз ҳаёти хонадорӣ насибаш гашта буд, аз тақдири Худованд розӣ буд. Чун Оиша (р)-ро медид, ки чӣ тавр паёмбар (с)-ро истиқбол мегирифт, бо як муъомилаи хуб ва лабханди зебо. Зани муъминаро бубин, дар ҳоле, ки шавҳараш фақир аст, ўро бо ризояти том, дили ором, шодона истиқбол мегирад ва ҳар он чӣ, ки шавҳараш дорад аз даромади кам ва хонаи танг ва аз асосҳо (мебел)-и хашин. Ин ҳоли зани муъмина аст, аммо ҳоли зани ғайримуъмина чунин нест, агар талабот ва хоҳишоташро фароҳам накунад, қиёматро барпо хоҳад кард, ҳоло он,ки паёмбар (с) мефармоянд: зане, ки харҷаш аз ҳама занон камтар бошад, баракаташ аз ҳама бештар аст. (ҷомиъус сағир). Суннати худовандӣ дар байни башар чунин аст, ки дар тўли зиндагии занушавҳарӣ имкон надорад, ки байнашон хусумат вуқуъ нагардад. Амр ибни Саъд мегўяд: Алӣ (р) бар Фотима (р) сахтгирӣ мекард. Фотима (р) гуфт: савганд ба Худо ба паёмбар (с) шикоят хоҳам кард, сипас Фотима (р) назди паёмбар (с) равона шуд, Алӣ (р) низ аз пасаш равона шуд. Фотима (р) ба паёмбар (с) арз намуд, паёмбар (с) фармуданд: эй духтар, гўш кун ва ақлатро хуб кор фармо: зан бояд ҳамеша хости шавҳарашро анҷом диҳад ва сокит бошад, яъне агар зане итоати шавҳарашро кунад, пас шавҳар ҳақ надорад бар ў сахтгирӣ кунад. Алӣ (р) гуфт: аз он коре, ки мекардам, даст кашидам. Савганд ба Худо дигар коре, ки туро нороҳат мекунад, анҷом нахоҳам дод!
Фарзандони Фотима (р) ва дўст доштани Паёмбар (с) онҳоро
Аввалин фарзанде, ки Фотима (р) ба дунё оварда буд, Ҳасан буд. Хушҳолӣ ва хурсандии паёмбар (с) нисбат ба ин тифли нав бадунёомада чунон бузург буд, ки шояд аз падару модараш ҳам хурсандтар буданд. Паёмбар (с) аз издивоҷи Алӣ (р) ва Фотима (р) ҳаминро орзў мекарданд, ки Худованд барояшон насли пок насиб гардонад. Аз таваллуди Ҳасан соле нагузашта, Фотима (р) барои Ҳасан бародаре ба дунё овард, ки номашро Ҳусайн гузоштанд. Паёмбар (с) ба дунё омадани набераи дуввумашонро низ бисёр хуб қабул карданд. Ҳатто падару модараш аз хурсандии паёмбар (с) дар ҳайрат шуданд, ки чӣ тавр паёмбар (с) онҳоро дўст медоранд. Усома ибни Зайд мегўяд: шабе дари паёмбар (с)-ро барои ҳоҷате кўфтам, паёмбар (с) баромаданд, дар ҳоле, ки бар чизе муштамил буданд, намедонам ў чӣ буд, (яъне дар зери либосашон як чизи калоне буд,) чун аз ҳоҷатам фориғ шудам, гуфтам: чист оне, ки бар вай муштамил ҳастед? Паёмбар (с) ҷомаашонро кушоданд, ки Ҳасан ва Ҳусайн дар миёни эшон (с) буданд, сипас паёмбар (с) фармуданд: ин писарони ман ва писарони духтарам мебошанд. Парвардигоро, ман ин дуро дўст медорам, пас Ту низ ин инҳоро ва касоне, ки дўсташон медоранд, дўст бидор. Паёмбар (с) мефармоянд: инҳо гулҳои хушбўйи ман дар дунё мебошанд.
Бухорӣ.
Паёмбар (с) Ҳасану Ҳусайнро аз ҳама бештар дўст медоштанд. Анас ибни Молик (р) мегўяд: аз паёмбар (с) пурсида шуданд, ки чӣ касе аз аҳли байтатон ба шумо маҳбубуар аст? Фармуданд (с): Ҳасану Ҳусайн. Ба Фотима (р) мефармуд: бигзор онҳоро. Сипас онҳоро бўй карда, ба оғўши худ мегирифтанд.
Тирмизӣ.
Умар ибни Абусалама мегўяд: вақте ки ин сухани Худо бар паёмбар (с) дар хонаи Умми Салама (р) нозил шуд: [إنما يريد الله ليذهب عنكم الرجس أهل البيت ويطهركم تطهيرا] “Эй аҳли байт, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад”. (Сураи Аҳзоб, ояти 33) Сипас, Паёмбар (с) Фотима ва Ҳасану Ҳусайнро фаро хонд ва онҳоро бо як чодаре печонд, дар ҳоле,ки Алӣ (р) дар пасашон буд, ўро низ печондану сипас фармуданд: Парвардигоро, инҳо аҳли байти ман ҳастанд, пас палидиро аз инҳо дур бигардон ва инҳоро пок нигоҳ дор! Умми Салама фармуд: ман низ бо онҳо ҳастам? Паёмбар (с) фармуданд: ту дар маконати худ ҳастӣ ва ту бар хайр ҳастӣ!
Тирмизӣ
. Дар соли панҷуми ҳиҷрӣ, Фотима (р) духтаре ба дунё овард, ки Паёмбар (с) барои эҳёи зикри холааш Зайнаб (р), номашро Зайнаб гузоштанд. Сипас, аз гузашти ду, сол Фотима (р) соҳиби духтарчаи дигаре мешавад, ки Паёмбар (с) ўро Умми Кулсум номид барои хотири духтарашон, ки Худованд барояш фарзанде тақдир накарда буд.
Наздик шудани вафоти Паёмбар (с) ва бохабар кардани Фотима (р)
Чунин нақл аст, ки касе мисли Фотима (р) дар фироқи паёмбар (с) маҳзун набуд. Итлоқан ғайр аз Абубакр. Паёмбар (с) дарк намуданд, ки аҷалашон наздик шудааст, назди Фотима (р) рафтанд ва ўро хабардору омода мекарданд, то барояш мисли муфоҷаа пеш наояд. Нисбат ба каромати шахси муъмин Худо ўро ҳиссиёт медиҳад, ки аҷалаш наздик шудааст. Чун сухани Худо нозил шуд: إِذَا جَاءَ نَصْرُ اللَّهِ وَالْفَتْحُ (1) وَرَأَيْتَ النَّاسَ يَدْخُلُونَ فِي دِينِ اللَّهِ أَفْوَاجاً (2) فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَاسْتَغْفِرْهُ إِنَّهُ كَانَ تَوَّاباً (3) «Чун ёрии Худову пирӯзӣ ояд ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба дини Худо медароянд, пас ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ бахшоиш бихоҳ, ки Ӯ тавбапазир аст!» (Сураи Наср, оёти 1-3). Паёмбар (с) дарк намуданд, ки вафоташон наздик шудааст, барои ҳамин ҳам ба Фотима (р) андак-андак дар бораи реҳлати худ сӯҳбат мекарданд, то ин мусибат барояш якбора вазнин набошад. Бемории паёмбар (с) шиддат гирифт. Дар моҳи сафари ёздаҳуми ҳиҷрӣ, аҳли байташон ва муслимин гумон карданд, ки ин як беморӣ асту ба зудӣ рафъ хоҳад шуд, касе дар гўшаи фикру хаёлаш набуд, ки ин бемории марг аст. Паёмбар (с) дар ҷойгаҳи худ боқӣ монданд, муслимин ба аётади эшон (с) меомаданд ва ҳамагӣ дар дил орзў доштанд, ки паёмбар (с) ба зудӣ шифо хоҳанд ёфт. Аҳли байташон лаҳзае ў (с)-ро тарк намекардан, дар ҳоле, ки ҳамаашон даст ба дуо буданд, ба вижа Фотима (р), Алӣ (р), Ҳасану Ҳусайн (р), Зайнабу Умми Кулсум (р) ва ҳамсараш (р) Оиша (р) мефармояд: دعا النبي صلى الله عليه وسلم فاطمة عليها السلام في شكواه الذي قبض فيه فسارها بشيء فبكت ثم دعاها فسارها بشيء فضحكت فسألنا عن ذلك فقالت: سارني النبي صلى الله عليه وسلم أنه يقبض في وجعه الذي توفي فيه فبكيت، ثم سارني فأخبرني أني أول أهله «Паёмбар (с) Фотима (р)-ро ҳангоми бемориаш фаро хонд ва оҳиста ба гўшаш сухане гуфт, ки аз шунидани он гиря кард, пас дубора ўро фаро хонд ва оҳиста дар гўшаш, чизе гуфт, ки аз шунидани он хандид». Ровӣ мегўяд: аз ў сабабашро пурсон шудем, гуфт: нахуст паёмбар (с) оҳиста ба гўшам гуфт, ки дар ин беморӣ вафот мекунад, сипас оҳиста ба гўшам гуфт: нахустин касе, ки аз аҳли байтам ба ман мулҳақ мешавад, ту ҳастӣ, аз ин рў хандидам.
Ривояти Бухорӣ.
Фотима (р) паёмбар (с)-ро нигоҳубин мекард, чун дид, ки баъди чанд рўз паёмбар (с) ҳолашон хуб шуда, ба хонаи ҳамсаронаш тавоф карда истодаанд, дар дил орзў кард, ки паёмбар (с) шифо ёфтаанд, чун паёмбар ба хонаи Маймуна (р) нарасида буданд, ки дард эшонро фаро гирифт, сипас назди Маймуна як каме замон боқӣ монданд. Боқӣ ҳамсаронашро фаро хонда, талаб намуданд, ки дар хонаи Оиша (р) иқомат намоям, ҳамагӣ ризояти худро баён намуданд. Фотима (р) низ хонаи Оиша (р)-ро афзалтар мешуморид. Дар ҳолатҳое, ки дардашон таскин мегирифт, ба масҷид рафта, бо мардум намоз мехонданд. Дар рўзи ҷумъа болои минбар баромада, нишастанд, дар ҳоле, ки сарашон баста буд. Аввалин сухане, ки карданд ин буд, ки ба асҳоб (шаҳидон)-и Уҳуд дуо намуда, барояшон омўрзиш талаб карданд. Сипас фармуданд: бандае аз бандагони Худо ихтиёр дода шудааст байни дунё ва он чи, ки назди Худо аст, сипас он банда ҳар он чӣ, ки назди Худо ҳаст, ҳамонро ихтиёр намуд. Абубакр (р) маънии сухани паёмбар (с)-ро дарк кард, ки паёмбар (с) нафси хешро дар назар дорад. Абубакр (р) гирён шуду гуфт: эй расули Худо, мо арвоҳ ва фарзанду нафсҳоямонро фидоят мекунем. Паёмбар (с) фармуданд: ором бош, эй Абубакр! Бо такя бар сухани боло мегўем, паёмбар (с) дар ҳақи Абубакр (р) фармудаанд: ﻭَﻟَﻮْ ﻛُﻨْﺖُ ﻣُﺘَّﺨِﺬًﺍ ﺧَﻠِﻴﻼ ﻣِﻦْ ﺃُﻣَّﺘِﻲ ﻻﺗَّﺨَﺬْﺕُ ﺃَﺑَﺎ ﺑَﻜْﺮٍ ﻣﻦ ﺻﺤﻴﺢ ﺍﻟﺒﺨﺎﺭﻱ: ﻋﻦ ﺃﺑﻲ ﺳﻌﻴﺪ ﺍﻟﺨﺪﺭﻱ Агар касеро ба унвони дўсти самимӣ аз умматам ихтиёр мекардам, ҳароина Абубакрро ихтиёр мекардам.
Саҳеҳи Бухорӣ аз ривояти Абусаъиди Худрӣ.
Дар саҳеҳи Муслим омадаст, ки паёмбар (с) фармуданд: ﻟَﻮْ ﻛُﻨْﺖُ ﻣُﺘَّﺨِﺬًﺍ ﺧَﻠِﻴﻼ ﻻﺗَّﺨَﺬْﺕُ ﺃَﺑَﺎ ﺑَﻜْﺮٍ ﺧَﻠِﻴﻼ ﻭَﻟَﻜِﻨَّﻪُ ﺃَﺧِﻲ ﻭَﺻَﺎﺣِﺒِﻲ ﻭَﻗَﺪِ ﺍﺗَّﺨَﺬَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﺰَّ ﻭَﺟَﻞَّ ﺻَﺎﺣِﺒَﻜُﻢْ ﺧَﻠِﻴﻼ ﻣﻦ ﺻﺤﻴﺢ ﻣﺴﻠﻢ: ﻋﻦ َﻋﺒْﺪَ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺑْﻦَ ﻣَﺴْﻌُﻮﺩ Агар касеро ба унвони дўсти самимӣ ихтиёр мекардам, ҳароина Абубакрро ихтиёр мекардам, лекин ў бародар ва соҳибам ҳаст,‎ Худованд соҳибатонро ‎‎(Абубакро‎) дўсти самимӣ гирифтааст. Фотима (р) ҳангоми вафоти паёмбар (с) аз Оиша (р) мегўяд: عن ﻋﺎﺋﺸﺔ رضي الله تعالى عنها ﻛﺎﻧﺖ ﺗﻘﻮﻝ ﺭﺿﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻨﻬﺎ: ﺇﻥ ﻣﻦ ﻧﻌﻢ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻲ ﺃﻥ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ ﺗﻮﻓﻲ ﻓﻲ ﺑﻴﺘﻲ ﻭﻓﻲ ﻳﻮﻣﻲ ﻭﺑﻴﻦ ﺳﺤﺮﻱ ﻭﻧﺤﺮﻱ، ﻭﺃﻥ ﺍﻟﻠﻪ ﺟﻤﻊ ﺑﻴﻦ ﺭﻳﻘﻲ ﻭﺭﻳﻘﻪ ﻋﻨﺪ ﻣﻮﺗﻪ، ﺩﺧﻞ ﻋﺒﺪ ﺍﻟﺮﺣﻤﻦ -ﺍﺑﻦ ﺃﺑﻲ ﺑﻜﺮ- ﻭﺑﻴﺪﻩ ﺍﻟﺴﻮﺍﻙ، ﻭﺃﻧﺎ ﻣﺴﻨﺪﺓ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ، ﻓﺮﺃﻳﺘﻪ ﻳﻨﻈﺮ ﺇﻟﻴﻪ ﻭﻋﺮﻓﺖ ﺃﻧﻪ ﻳﺤﺐ ﺍﻟﺴﻮﺍﻙ، ﻓﻘﻠﺖ: ﺁﺧﺬﻩ ﻟﻚ، ﻓﺄﺷﺎﺭ ﺑﺮﺃﺳﻪ ﺃﻥ ﻧﻌﻢ ﻓﺘﻨﺎﻭﻟﺘﻪ ﻓﺎﺷﺘﺪ ﻋﻠﻴﻪ، ﻭﻗﻠﺖ: ﺃﻟﻴﻨﻪ ﻟﻚ؟ ﻓﺄﺷﺎﺭ ﺑﺮﺃﺳﻪ ﺃﻥ ﻧﻌﻢ، ﻓﻠﻴﻨﺘﻪ. ﺭﻭﺍﻩ ﺍﻟﺒﺨﺎﺭﻱ. Яке аз неъматҳое, ки Худованд бар ман арзонӣ дошта, ин аст, ки паёмбар (с) дар хонаи ман, рўзи навбати ман дар миёни сина ва гулуям вафот намуданд ва ҳамчунин Худованд оби даҳони ман ва ўро ҳангоми даргузашташ бо ҳам омехта сохт ба ин сурат, ки паёмбар (с) ба ман такя дода буд, Абдураҳмон ибни Абубакр дар ҳоле, ки дар даст мисвоке дошт, ворид шуд ва дидам, ки паёмбар (с) ба сўи он нигоҳ мекунад, донистам, ки эшон (с) мисвокро дўст доранд, аз ин рў пурсидам: онро бароятон гирам? Бо сарашон ишора карданд, ки бале. Пас, онро гирифтам ва чун мисвок барояшон сахт буд, пурсидам: оё онро барои шумо нарм кунам? Бо ишораи сар фармуданд: бале, он гоҳ онро барояшон ҷўйидам ва нарм кардам. Паёмбар (с) дар ҳоле, ки зарфи об пеши рўяшон буд ва дастҳояшонро вориди он зарф мекарданд, ба сураташон масҳ карданд, мисвок заданд ва дар он ҳол мегуфт: ло илоҳа илаллоҳ, ҳамоно марг сахтиҳо дорад, сипас дасташонро баланд карда, мегуфт: рафиқи Аллоҳ, то ин, ки фавт карданд ва дасташон поён омад.
Ривояти Бухорӣ.
Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Анас (р) гуфт: вақте ки бемории паёмбар (с) шиддат гирифт ва дард бар ў ғалаба кард, Фотима (р) гуфт: оҳ, падарам чӣ қадар дард мекашад. Паёмбар (с) ба ў хитоб карданд: падарат аз ин рўз ба баъд дарде нахоҳад дошт. Чун паёмбар (с) дафн карда шуданд, Фотима (р) фармуд: эй Анас, оё нафсҳоятон ором гирифт, ки хокро бар болои паёмбар (с) пошиде?. Савганд ба Худо,қалбҳо ғамгин ва чашмҳо гирён мешаванд, намегўем эй расули Худо магар он чизеро, ки Парвардигор аз он хушнуд бошад «ло ҳавла вало қуввата илла биллоҳ, ҳасбуналлоҳу ва ниъмал вакил, ва ниъмал мавло ва ниъман насир».
Вафоти Фотима (р)
Паёмбар (с) пеш аз вафоташон Фотима (р)-ро хабар карда буданд, ки ў аввалин нафаре мебошад, ки ба паёмбар (с) мулҳақ мешавад. Фотима (р) шаш моҳ баъд, дар шаби сешанбе, ки сеюм шаби рамазон гузашта буд, баъд аз вафоти паёмбар (с) вафот намуд. Валҳамдулиллаҳи раббил оламин.
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]