[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Ассаламу алайкум. Ин як мақолаи бениҳоят муфидест барои афроде, ки мехоҳанд оиди Қуръон маълумот дошта бошанд. Агарчӣ матн каме тулонист, вале пур аз фоида мебошад ва тавсия ба хонданаш мешавад.
Маълумот оид ба Қуръон.
Қуръони Карим аз 114 сура ва беш аз шаш ҳазор «6236» оят иборат мебошад, ки ин ҳама дар 30 ҷузъ аст ва ҳар як ҷузъ ба ду ҳизб тақсим мешавад, ки дар маҷмуъ 60 ҳизбро ташкил медиҳад.
1) Нуқтаҳои Қуръони Карим тақрибан иборат аз 1015030 адад мебошанд. Ҳарфои Қуръони Карим иборатанд аз 323670 ҳарф, ки дар маҷмуъ 77934 калима мешаванд.
2) Ҳар як сура дорои ҷумла ва мақтаъҳое мебошад, ки оят номида мешаванд.
3) Сураҳои Қуръони Карим 87-тояш маккӣ ва 27-тояш маданӣ мебошанд.
4) Ҳар як сура бо «Бисмиллоҳ» оғоз шуда аст ба ҷуз сураи муборакаи Тавба. Сураи муборакаи Намл ду «Бисмллоҳ» дорад.
5) Шаш сураи Қуръони Карим бо номи шаш Паёмбар (а.с) номгузорӣ шудаанд. Ва эшон иборатанд аз: «Юнус, Ҳуд, Юсуф,Иброҳим, Муҳаммад, Нуҳ».
6) Бақара дарозтарин сура мебошад, ки дорои 286 оят аст ва кӯтоҳтарин сура ин Кавсар аст, ки дорои 3 оят аст.
7) Сураи Тавҳид - Ихлос ягона сураест, ки танҳо як касра дорад (дар лафзи лам ялид) ба ғайр аз «Бисмиллоҳ».
8) Аввалин сура аз руи тартиби Қуръон, Фотиҳа ва охирин сура Нос мебошад. Аммо аз руи нозилшавӣ, якум сураи Алақ ва охирин, ояте дар сураи Бақара мебошад.
9) Лафзи ҷалола «Аллоҳ» 2707 бор дар Қуръон омадааст ва 980 бори он дар ҳолати рафъ ва 592 бори дигар дар ҳолати насб ва 1135 бори дигар дар ҳолати ҷар омадааст.
10) Калимаи «Валяталаттоф» миёнаи калимаҳои Қуръон мебошад.
11) Дар Қуръон ҳар як сура хос ба худ ном дорад ва бархеи дигар бештар аз як ном доранд, ҳатто сураи Фотиҳа беш аз 20 ном дорад, ки бархеяш иборатанд аз: Фотиҳа, Уммул китоб, Сабъул масонӣ, Канз, Вофия, Кофия, Шофия ва ғайра.
➡12) Бархе сураҳо номҳояшон аз ҳарфҳои муқаттаъа, ки дар аввали баъзе сураҳо ҳаст, гирифта шудаанд, ба монанди : Тоҳо, Ёсин, Сод, Қоф. Сураҳои маккӣ онанд, ки пеш аз ҳиҷрат ва маданӣ баъди
ҳиҷрат нозил шудаанд) Аммо иддае аз уламо гуфтаанд: маккӣ онанд, ки дар Макка ва маданӣ дар Мадина нозил шуда, рабте ба ҳиҷрат надоранд.
➡13) Кӯтоҳтарин оят ин «Ёсин» мебошад ва бархе
«Мудҳамматан» дар сураи «Арраҳман» мебошад, гуфтаанд) Дарозтарин оят ин 282- ум ояти сураи Бақара мебошад.
➡14) 29 сура бо ҳарфҳои муқаттаъа оғоз шудааст. ➡15) 5 сура бо лафзи «Алҳамду» оғоз
шуда, ки иборатанд аз: Фотиҳа, Анъом, Каҳф, Сабаъ, Фотир.
➡16) 7 сура бо тасбеҳи (поку муназзаҳ шуморидани) Парвардигор бо лафзҳои «Саббаҳа, Юсаббиҳу, Субҳона» шуруъ мешаванд.
➡17) 3 сура бо «Йа
айюҳан набӣ» оғоз шудаанд: Аҳзоб, Талоқ, Таҳрим.
➡18) 2 сура бо лафзи «Йа айюҳал муззаммил ва Йа айюҳал муддассир» оғоз гардидаанд.
➡19) 3 сура бо лафзи «Йа айюҳаллазина аману» оғоз шудаанд:
Моида, Ҳуҷурот, Мумтаҳина.
➡20) 5 сура бо лафзи «Қул» оғоз шудаанд: Ҷин, Кофирун, Ихлос, Фалақ, Нос.
➡21) 2 сура бо лафзи «Йа айюҳан насу» оғоз шудаанд: Нисо, Ҳаҷ.
➡22) 4 сура бо лафзи «Инна»
оғоз шудаанд: Фатҳ, Нуҳ, Қадр, Кавсар.
➡23) 15 сура бо сиғаи «қасам» оғоз шудаанд: 1) Соффот, 2) Зориёт, 3) Тур, 4) Наҷм, 5) Мурсалот, 6) Нозиъот, 7) Буруҷ, 8) Ториқ, 9) Фаҷр, 10) Шамс, 11) Лайл,
12) Зуҳо, 13) Тин, 14) Одиёт, 15) Аср.
➡24) Дар Қуръон 15 ояти саҷда аст: 1) Аъроф, 2) Раъд, 3) Наҳл, 4) Исро, 5) Марям, 6-7) Ҳаҷ ду ояти саҷда дорад, 8) Фурқон, 9) Намл, 10) Саҷда, 11) Сод, 12)
Фуссилат, 13) Наҷм, 14) Иншиқоқ, 15) Алақ. Дар мазҳаби мо - ҳанафиён саҷда кардани 14) - тои он воҷиб аст.
➡25) Номҳои Қуръон: Қуръон дар чандин оятҳо, даҳҳо ном барои худ зикр кардааст, аз
ҷумла: 1) Фурқон, 2) Китоб, 3) Нур, 4) Танзил, 5) Калом, 6) Ҳадис, 7) Мавъиза, 8) Ҳодӣ, 9) Ҳақ, 10) Баён, 11) Мунир, 12) Шифо, 13) Азим, 14) Карим, 15) Маҷид, 16) Азиз, 17) Неъмат, 18) Раҳмат,
19) Руҳ, 20) Ҳабл, 21) Қасас, 22) Муҳаймин, 23) Ҳакам, 24) Зикр, 25) Сироҷ, 26) Башир, 27) Назир, 28) Тибён, 29) Адл, 30) Мунодӣ, 31) Шофӣ, 32) Зикро, 33) Ҳаким». Ва боз бархе номҳоро низ зикр
кардаанд ба монанди: 1) Мизон, 2) Аҳсанул ҳадис, 3) Китоби муташобеҳ, 4) Масонӣ, 5) Ҳаққул яқин, 6) Тазкира, 7) Китобул ҳаким, 8) Қайим, 9) Аблағул вуъоз».
➡Қиссаҳои Қуръонӣ.
➡Қуръон ба қиссаҳои
Пайғамбарон (а.с) ва қавми эшон ба ҳадафи панду ибрат ишора кардааст.
➡Ва номи 25 тан аз Пайғамбарон (а.с)-ро зикр карда, ки иборатанд аз: 1) Муҳаммад (с). 2) Одам (а.с). 3) Нуҳ (а.с). 4) Иброҳим
(а.с). 5) Исмоил (а.с). 6) Илёс (а.с). 7) Идрис (а.с). 8) Айюб (а.с). 9) Исо (а.с). 10) Мусо (а.с). 11) Лут (а.с). 12) Юсуф (а.с). 13) Яъқуб (а.с). 14) Ал ясаъ (а.с). 15) Ҳуд (а.с). 16) Юнус
(а.с). 17) Солеҳ (а.с). 18) Шуъайб (а.с). 19) Довуд (а.с). 20) Сулаймон (а.с). 21) Яҳё (а.с). 22) Закариё (а.с). 23) Зул кифл (а.с). 24) Ҳорун (а.с). 25) Исҳоқ (а.с).
➡Васфҳое, ки Қуръон худро
карда аст: 1) Ҳидоят барои парҳезгорон (сураи Бақара ояти 2). 2) Тасдиқкунандаи ҳама китобҳои осмонӣ) (сураи Бақара ояти 97). 3) Баёнгар барои мардум ва панду мавъиза парҳезгоронро (сураи Оли
имрон оят 138). 4) Берунбароварандаи мардум аз торикиҳо ба суи нур ба изни Парвардигорашон ба роҳи рости Аллоҳи азизу ҳамид) (сураи Иброҳим ояти 1). 5) Панддиҳанда (сураи Тоҳо ояти 1-3 ва охирон
ояти сураи Қалам). 6) Беҳтарин сухан ва китоби муташобеҳ) (сураи Зумар ояти 23). 7) Беҳтар аз ҳама ганҷу сарват бувад (сураи Юнус ояти 58). 8) Ҳидоятгар ва шифо барои мардум (сураи Фуссилат ояти
44).
➡Мавзуъҳо ва оятҳои Қуръони карим.
➡Қуръон дар худ мавзуъҳои зиёдеро ҷой додааст). Тибқи баъзе ҳисобот, мавзуъҳои Қуръон иборатанд аз: 1) Ақоид (1443) оят. 2) Тавҳид (1102) оят. 3) Таврот
(1025) оят. 4) Ибодот (4110) оят. 5) Низоми иҷтимоӣ (848) оят. 6) Дин (826) оят. 7) Беҳдошт кардани аҳлоқ (803) оят. 8) Дар шаъни Пайғамбарамон (с) (405) оят. 9) Таблиғ (400) оят. 10) Қуръони
Карим (390) оят. 11) Чизҳои ғайриҳиссӣ ва ғайримоддӣ (219) оят. 12) Насрониҳо (161) оят. 13) Бани Исроил (110) оят. 14) ПиРӯзӣ (71) оят. 15) Шариъат (29) оят. 16) Тарих (27) оят. 17) Таҷрибаҳо
(9) оят.
➡Одоби тиловатҳои Қуръон. 1) Доштани таҳорат. 2) Боодобона, оромона, бо овози ғамгинона тиловат намудан. 3) Риоя кардани қоидаҳои таҷвид. 4) Ҳаққу ҳуқуқи саҷдаро ба ҷо овардан. 5) Пеш аз
қироат «Аъузу биллоҳ...» гуфтан.
➡Қисми аввал. Барои донистани бузургии каломи гуянда ва ҳузури қалб ва тадаббур дар маънои оятҳои шарифа, бояд худро мухотаб қарор дод.
➡Қисми дуввум. Сура ҷузъе
аз оятҳои Қуръонро дарбар мегирад). Калимаи сура аз «сур» гирифта шуда, маънои девореро дорад, ки шаҳро фаро гирифтааст, инчунин сура оятҳоро фаро мегирад, то аз оятҳои дигар сураҳо ҷудо бошанд.
➡Оятҳои муҳкам: оятҳое мебошанд, ки лафз бо маъно робитаи мустаҳакам доранд ва дар онҳо печидагӣ ва шубҳае вуҷуд надорад ва онро дигар маъно дода нашавад.
➡Аммо оятҳои муташобеҳ: оятҳое бошанд,
ки дар он печидагӣ ё дар лафз ё дар маънои он эҳтимоли маънои зиёд бувад). Яъне бар худ тафсиру таъвил ва маънҳои зиёдро бипазирад.
➡Тарҷумаҳои Қуръон.
➡Қуръони Карим бо беш аз 23 луғат тарҷума
шуда, ки бархеяш пурра ва бархеи дигар ноқисанд. Онҳо иборатанд аз: 1) Арокина (як тарҷума). 2) Сувейдӣ (шаш тарҷума). 3) Африқоӣ (шаш тарҷума). 4) Албониёӣ (ду тарҷума). 5) Химёду (луғати
қадима). 6) Испониёӣ (35 тарҷума). 7) Олмонӣ (42 тарҷума). 8) Англисӣ (57 тарҷума). 9) Укроинӣ (як тарҷума). 10) Испронту (як тарҷума). 11) Португалӣ (чор тарҷума). 12) Булғорӣ (ду тарҷума). 13)
Бусноқӣ (сенздаҳ тарҷума). 14) Буландӣ (даҳ тарҷума). 15) Буҳимия (се тарҷума). 16) Туркӣ (ҳаштоду шаш тарҷума). 17) Денмаркӣ (се тарҷума). 18) Русӣ (ёздаҳ тарҷума). 19) Румонӣ (як тарҷума). 20)
Италиявӣ (ёздаҳ тарҷума). 21) Фаронсаӣ (сию се тарҷума). 22) Финландиёӣ (як тарҷума). 23) Лотинӣ (чиҳилу ду тарҷума). Дар маҷмуъ ба 331 тарҷума мерасанд.
➡Номи ҳайвоноте, ки дар Қуръон зикр
гардидаанд: 1) Шутур. 2) Гов. 3) Аждаҳо. 4) Малах. 5) Мурғони туъмаӣ. 6) Ҳом (шутуре, ки даҳто зоидааст) 7) Ҳамула (ҳайвони борбардор). 8) Мор. 9) Хук. 10) Маймун. 11) Шабуш. 12) Гусфанд. 13)
Шутури мода. 14) Занбур. 15) Ҳуд-ҳуд. 16) Абобил. 17) Анъом. 18) Баҳира (шутуре, ки панҷто зоидааст). 19) Пашша. 20) Чаҳорпо. 21) Магас. 22) Аспони тездав. 23) Парранда. 24) Хичир. 25) Шутури
калонсол. 26) Хар. 27) Моҳӣ. 28) Кит. 29) Фил. 30) Шер. 31) Саг. 32) Аспоне, ки бо сум оташ меҷаҳонанд. 33) Меш (гусфанди мода). 34) Мурча. 35) Шутуре, ки мушрикон барои бутҳо озод мекарданд. 36)
Шутур (ҳама намудро дарбар мегирад). 37) Шутури қурбонӣ. 38) Асп. 39) Гург. 40) Кирм. 41) Гӯсфанд. 42) Буз. 43) Гусола. 44) Шутури ҳомила. 45) Тортанак. 46) Зоғ. 47) Парвона.
➡Либосҳои дар Қуръон
зикршуда: 1) Истабрақ (зарбофт). 2) Либос, ҷома. 3) Ҳарир (абрешим, шоҳӣ). 4) Сундус (абрешими бисёр нозук). 5) Қамис (курта, пероҳан). 6) Чодар. 7) Қолин. 8) Пушока.
➡Асбобҳои дар Қуръон
зикршуда: 1) Зарф. 2) Мебел. 3) Қалам. 4) Фона. 5) Косаҳои калон. 6) Сузан. 7) Чарм. 8) Чароғ. 9) Кат. 10) Табақ. 11) Сафол. 12) Дег. 13) Гарданбанд. 14) Ҷом. 15) Лиф, пуст. 16) Гаҳвора. 17)
Тарозу. 18) Кӯза. 19) Қулф. 20) Қадаҳ. 21) Бор. 22) Ҳавзи калон. 23) Фақер, сатил. 24) Болин. 25) Оташи сахт. 26) Нардбон. 27) Ҷом (соъ). 28) Асо. 29) Руйпуш. 30) Ҷойгаҳ. 31) Мизон. 32) Коса. 33)
Курсӣ. 34) Асбобҳои рӯзгор. 35) Чароғдон. 36) Асо. 37) Болишт.
➡Номи аъзоҳои бадани инсон дар Қуръон: 1) Гушҳо. 2) Манаҳ. 3) Раҳм (-и модар). 4) Сулб (-и падар). 5) Гарданҳо. 6) Дилҳо. 7) Рудаҳо.
8) Бинӣ. 9) Бадан. 10) Ангушт. 11) Пустҳо. 12) Раги гардан. 13) Ҳанҷараҳо (гулуҳо). 14) Хун. 15) Сар. 16) Аврат. 17) Садр (синаи инсон). 18) Тахтапушт. 19) Паҳлу. 20) Қалб. 21) Гушт. 22)
Гуштпора. 23) Шоҳраг. 24) Пойҳо. 25) Пушти пой. 26) Чашмҳо. 27) Даҳонҳо. 28) Нуги ангушт. 29) Дастҳо. 30) Шикам. 31) Ҳалқ. 32) Нохун. 33) Бозу. 34) Устухон. 35) Шона. 36) Лаб. 37) Буҷулак
(шитолинг). 38) Раг.
➡Рангҳои дар Қуръон зикршуда: 1) Сафед. 2) Сабз. 3) Сиёҳи моил ба сабз. 4) Сиёҳ. 5) Зард. 6) Сабзи моил ба сиёҳ. 7) Сурх. 8) Кабуд. 9) Гулранг. ➡Ҷанг ва ғазваҳое, ки зикр ё
ба он ишорае дар Қуръон шудааст: 1) Уҳуд. 2) Бадр. 3) Аҳзоб. 4) Банӣ Қурайза. 5) Банӣ Қайнуқоъ. 6) Банӣ Назир. 7) Табук. 8) Ҳунайн. 9) Зоту салосил. 10) Фатҳи Макка.
➡ Ному сифатҳои Пайғамбар ﷺ
дар Қуръон: 1) Аҳмад. 2) Амонатдор. 3) Аввалин муъминон. 4) Аввалин мусулмонон. 5) Аввалин ибодаткунандагон. 6) Бурҳон (ҳуҷҷат). 7) Башоратдиҳанда. 8) Хотами Паёмбарон (а.с) 9) Даъватгар ба суи
Аллоҳ. 10) Раҳмат барои ҷаҳониён. 11) Меҳрубон. 12) Паёмбар. 13) Паёмбари Аллоҳ. 14) Паёмбари амонатдор. 15) Паёмбари ошкор. 16) Паёмбари сахӣ. 17) Рауф. 18) Чароғи дурахшон. 19) Шоҳид. 20)
Соҳиб. 21) Тоҳо. 22) Аблуллоҳ. 23) Муҳаммад (ﷺ) 24) Муддассир. 25) Муззаммил. 26) Панддиҳанда. 27) Бимдиҳанда. 28) Муждадиҳанда. 29) Валӣ. 30) Ёсин.
➡Бархе ному сифатҳои қиёмат дар Қуръон: 1)
Охират. 2) Пастзананда. 3) Вақеъшаванда. 4) Ларзонанда. 5) Дароянда. 6) Бардоранда. 7) Соат. 8) Овози даҳшатовар. 9) Фурупушанда. 10) Кубанда. 11) Ҷои бозгашт. 12) Рӯзи охират. 13) Рӯзи
зиндашавӣ. 14) Рӯзи ошкории ниҳонҳо. 15) Рӯзи зиён. 16) Рӯзи вохурӣ. 17) Рӯзи ҳамфарёдзанӣ. 18) Рӯзи ҷамъшавӣ. 19) Рӯзи ҳисоб. 20) Рӯзи ҳасрат. 21) Рӯзи ҳақ. 22) Рӯзи баромадан (аз қабрҳо). 23)
Рӯзи ҷовидона. 24) Рӯзи ҷазо. 25) Рӯзи машаққат. 26) Рӯзи бузург. 27) Рӯзи наҳс. 28) Рӯзи кушоиш. 29) Рӯзи файсала. 30) Рӯзи қиёмат. 31) Рӯзи калон. 32) Рӯзи фарогиранда. 33) Рӯзи ҳозиршавӣ. 34)
Рӯзи маълум. 35) Рӯзи ваъдашуда. 36) Рӯзи ваъдаи азоб. 37) Рӯзи ҷазо. 38) Рӯзи пушаймонӣ. 39) Рӯзи гувоҳӣ. 40) Рӯзи бозгашт. 41) Рӯзе, ки молу фарзанд фоида надиҳад, магар (соҳиби фоида) он кас
бувад, ки дили беайбро пеши Худо биёрад.
➡Бархе ному васфҳои ҷаннат дар Қуръон: 1) Ҷаннати ҷовидона. 2) Ҷаннати фирдавс. 3) Ҷаннатул маъво. 4) Ҷаннати неъматсаро. 5) Ҷаннати абадӣ. 6) Ҷаннати
олимартаба. 7) Дорус-салом. 8) Дорул-қарор. 9) Дорул-муттақин (парҳезкорон). 10) Дорул-муқомат (Сарои иқомат). 11) Боғҳои ҷаннат. 12) Сарои охират. 13) Сарои некӯ. 14) Сарои фазлу зиёдатӣ.
➡Бархе
ному лақабҳои дузах дар Қуръон: 1) Ҳовия (– оташе аст ниҳоят сузон). 2) Пусти сарро кашанда аст. 3) Оташи шуълазананда. 4) Оташ. 5) Боди гарм. 6) Замини маҳшаргоҳ. 7) Оташи афрухташуда. 8)
Ҷаҳаннам. 9) Бадтарин ҷои бозгашт. 10) Бадтарин қароргоҳ. 11) Бадтарин ҷойгоҳ. 12) Бадтарин воридгоҳ. 13) Дузах. 14) Ҳофира. 15) Сарои нобудӣ. 16) Сарои фосиқон. 17) Сарои бад. 18) Сақар. 19)
Саъир.
➡Номи фаришгони дар Қуръон зикр гардида: 1) Ҷибрил (Руҳул-амин). 2) Ҳорут. 3) Морут. 4) Микоил. 5) Молик.
➡Номи кофироне, ки сароҳтан дар Қуръон зикр шудаанд: 1) Иблис (шайтон). 2) Озар.
3) Ҷолут. 4) Яъҷуҷ. 5) Қорун. 6) Ҳомон. 7) Маъҷуҷ. 8) Сомирӣ. 9) Фиръавн. 10) Абулаҳаб. Мулоҳиза!: Дар Қуръон ба ҷуз номи Марям (а), номи зани дигаре сароҳатан зикр нагардидааст, вале бо лақаб ё
куня дигар занҳо, ба монанди Умми-мусо ва зани фиръавн зикр шудааст.
➡Рақамҳову ададҳои дар Қуръон зикршуда: 1) Дувозюаҳ (12). 2) Як (1). 3) Чаҳор (4) 4) Ҳазор (1000). 5) Дуҳазор (2000). 6) Ду
(2). 7) Ёздаҳ (11). 8) Чиҳил (40). 9) Нуҳсаду панҷоҳ (950). 10) Ҳазорҳо (1000 1000) 11) Якчандто (1-9). 12) Нуҳ (9). 13) Нуздаҳ (19). 14) Наваду нуҳ (99). 15) Сеюм. 16) Дуюм. 17) Се (3). 18) Се
ҳазор (3000). 19) Сесад (300). 20) Сӣ (30). 21) Сеяк (3/1). 22) Дуяк (2/1). 23) Ҳашт (8). 24) Ҳаштяк (8/1). 25) Панҷум. 26) Панҷ (5). 27) Панҷяк (5/1). 28) Панҷ ҳазорҳо. 29) Панҷоҳ (50). 30)
Панҷоҳ ҳазор (50,000). 31) Чаҳорум. 32) Чортоӣ. 33) Чаҳоряк (4/1). 34) Ҳафт (7). 35) Ҳафтод (70). 36) Шаш (6). 37) Шаст (60). 38) Даҳ (10). 39) Бист (20). 40) Зиёда аз даҳ (10+). 41) Сад ҳазор
(100,000). 42) Дусад (200). 43) Дутоӣ.
➡Вазну миқёсҳои дар Қуръон омада: 1) Соъ (3.25 кг). 2 ) Қинтор (149,76 кг). 3 ) Мисқол (4.25 гр). 4 ) Дирҳам (3.125 гр). 5 ) Динор (мисқоли шаръӣ).
➡Номҳои
бутҳое, ки дар Қуръон ёд шудаанд: 1) Баъл. 2 ) Сувоъ. 3 ) Яғус. 4 ) Яъуқ. 5 ) Наср. 6 ) Вад. 7 ) Лот. 8 ) Уззо. 9 ) Манот. 10) Ансоб (сангҳое, ки дар атрофи Каъба аз ҷониби арабҳо ибодат
мешуданд. 11) Ъиҷл (бути Сомирӣ).
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]