[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Қиссаи Паёмбар (с) ва асҳобаш дар таълими
эшон одоби таъомхуриро ба гуфтани тасмия (бисмиллоҳ) дар аввали он
Ҳузайфа (р) гуфт: Боре мо назди Расулуллоҳ (с) нишаста будем, ки зарфи таъоме пеши мо оварда ниҳоданд. Паёмбар (с) аз даст
дароз кардан худдорӣ кард ва мо низ худдорӣ кардем, зеро пеш аз ӯ (с) мо даст ба таъом намебурдем. Ин ҳангом аъробие омад, ки гӯё касе таъқибаш мекарда бошад ва дарҳол даст ба таъом бурд, аммо
Расулуллоҳ (с) дасти ӯро боз дошт. Ҳамин дам ходимазан низ саросемавор омада, қасди хӯрокхӯрӣ кард. Паёмбар (с) ӯро низ аз дасташ гирифта аз хӯрокхӯрӣ манъаш намуд. Сипас, он Ҳазрат (с)
фармуданд: - Қавме, ки дар тановули хӯрок номи Парвардигорро зикр намекунад (яъне, бисмиллоҳ намегӯяд), шайтон ҳамтабақи онҳо мешавад. - Вақте шайтон дид, ки мо аз хӯрокхӯрӣ даст кашидаем, бо
ин ходимазан омад, то ба хӯрок ҳамроҳ шавад ва чун аз дасташ доштам, пас бо он аъробӣ омад, ки ӯро низ аз дасташ доштам. - Савганд ба Худое, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, дасти шайтон ва дасти он ду
нафар дар дасти ман мебошанд».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марди мунофиқе, ки назди он Ҳазрат (с) омад, то барояш талаби мағфират намояд
Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Рӯзе бо Паёмбар
(с) нишаста будам, ки Ҳармала ибни Зайди ансорӣ, ки аз қабилаи Ҳориса буд, омад ва рӯ ба рӯи Расулуллоҳ (с) нишаста гуфт: - Ё Расулаллоҳ (с), имон ин ҷост. Ва бо дасташ ишора ба забонаш кард ва
гуфт: - Нифоқ ин ҷост. Ва даст ба рӯи синааш гузошт. Аммо зикри Аллоҳро он қадар зиёд накард. Паёмбар (с) хомӯш буд. Ҳармала низ хомӯш шуд. Пас, он Ҳазрат (с) ба забони Ҳармала ишора карда
гуфтанд: - Худовандо, забони ӯро ба ростӣ ва дили ӯро ба шукргузорӣ ҳидоят намо. - Муҳаббати ман ва муҳаббати касеро, ки дӯстдори ман аст насиби ӯ бинамо ва натиҷаи корашро ба некӣ гардон!
Ҳармала гуфт: - Ё Расулаллоҳ (с), ман бародарони мунофиқ дорам, ки сарварашон будам. - Оё иҷозат медиҳед, ки онҳоро назди шумо фиристам. Паёмбар (с) фармуданд: - Касе ки мисли ту назди мо ояд,
барояш талаби мағфират мекунам, чуноне ки баҳри ту кардам, аммо агар дар нифоқ пофишорӣ кард, пас Аллоҳ дар ин кор авлотар аст (яъне, ҳаволааш ба Худо)».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Оиша (р)
вақте, ки дар ҷанозаи тифле аз ансор ҳозир шуд
Оиша (р) мегӯяд: - Паёмбар (с) ба ҷанозаи тифле аз ансор даъват шуд. (Чун баргашта омад) гуфтам: - Эй Расули Худо (с), хушо ба ҳоли ӯ (яъне, тифли
вафот ёфта), ки гунҷишке аз гунҷишкони ҷаннат аст! - Амали зиште накардааст ва амали баде ба ӯ нарасидааст! Паёмбар (с) гуфтанд: - «Эй Оиша, албатта Худованд, чун ҷаннатро офарид барои он аҳли
ҷаннатро офарид ва ҳол он ки эшон дар сулби падарҳояшон ҳастанд. - Ва инчунин дӯзахро ва барои он (дӯзах) аҳли дӯзах ва дузахиёнеро, ки дар сулби (камари) падарҳояшон ҳастанд, офарид».
Қиссаи Паёмбар (с) ва асҳобаш ҳангоме, ки аз он Ҳазрат (с) талаби васфи ҷаннатро намудаанд
Абуҳурайра (р) мегӯяд: Гуфтем: - Ё Расулаллоҳ (с) вақте шуморо мебинем, дилҳоямон нарм мешавад ва аз
аҳли охират мегардем ва ҳар вақте аз шумо ҷудо мешавем, рӯ ба дунё ва молу авлод меорем. Паёмбар(с) фармуд: - «Агар шумо ҳамеша ба ҳоле бошед, ки ҳоло дар назди ман ҳастед, ҳароина, малоикаҳо
шуморо зиёрат мекунанд. - Агар шумо гуноҳ накунед, Худованд қавмеро меорад, ки гуноҳ мекунанд (ва низ барои гуноҳонашон талаби мағфират менамоянд), то эшонро биомурзад». Гуфтем: - Эй Расули
Худо (с), аз ҷаннат ва сохтмони он ба мо сухан бигӯ? Он Ҳазрат (с) фармуд: - «Хиште аз тиллову хиште аз нуқра аст ва андоваи он мушки хушбуй. - Сангрезаҳояш марвориду ёқут аст ва хокаш
заъфарон. - Шахсе, ки дохили он мешавад дар неъмат аст ва навмед намешавад. - Ҷовидон аст ва намемирад. - Либоси он кӯҳна намешвад ва ҷавонаш пир намегардад».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Зубайр
(р), чун аз баъзе аҳволи охират пурсид
Зубайр ибни Аввом (р) мегӯяд: - Вақте ба Паёмбар (с) оятҳои: «Ҳароина, ту мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд. Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди
Парвардигоратон бо якдигар хусумат хоҳед кард». (Сураи Зумар, ояти 30-31) нозил шуд, гуфтам: - Эй Расули Худо (с) оё он чӣ дар ин дунё аз гуноҳони содиркардаамон буд, дар қиёмат такрор меёбад?
Гуфт: - Бале, то он одаме, ки ҳақ ба ҳақдораш нарасад, такрор меёбад. Зубайр(р) чунин гуфтааст: - Савганд ба Худо, ин кор хеле сахт аст!!
Қиссаи Паёмбар (с) ва аъробие, ки аз меваҳои ҷаннат
мепурсад
Аз Утба ибни Абдусалмо ривоят аст, ки мегӯяд: - Аъробие (бодиянишин) назди Паёмбар (с) омада дар бораи ҳавз пурсид. Паёмбар (с) ба ӯ дар бораи ҷаннат нақл кард. Пас, аъробӣ пурсид: -
Оё он ҷо мева ҳаст? (Паёмбар(с)) гуфт: - Оре ва дарахте ҳаст, ки номаш Тубо аст. Ровӣ мегӯяд: - Боз чизҳоеро нақл кард, ки надонистам, он чист. (Араби бодиянишин) боз пурсид: - (Он дарахт) ба
кадом дарахти заминии мо монанд аст? - Паёмбар(с) гуфт: - «Диёри Шом рафтаӣ»? Гуфт: - На. Гуфт: - Ба дарахти ҷавз, ки дар Шом мерӯяд, монанд аст. - Як тана дораду қисми болоияш чанд шоха
мешавад». Аъробӣ гуфт: - Бузургии шохааш чӣ қадар аст? Ҳазрат фармуд: - «Масофаи як моҳ барои парвози зоғи сафед, ки хаста намешавад». Боз гуфт: - Бузургии даври танаи он чӣ қадар аст? Ҳазрат
фармуд: - «Агар уштури чаҳорсола сафар намояд ҳалок мегардад ва атрофи онро давр зада наметавонад, ҳатто устухони гарданаш мешиканад». Боз пурсид: - Он ҷо ангур ҳаст? Фармуд: - «Бале». Боз
пурсид: - Бузургии донаи он чӣ қадар аст? Фармуд: - «Оё падарат бузеро аз чаҳорпоёнаш куштааст, ки бузург бошад»? Гуфт: - Бале. Фармуд: - «Пас пусташро ҷудо карда ба модарат дода гуфтааст, ки:
- Аз он барои мо як сатил (далв) дурст намо»? Гуфт: - Бале. Аъробӣ гуфт: - Пас он як дона ангур ман ва аҳли хонаводаамро сер мекунад? Паёмбар (с) фармуд: - «Бале ва ҳамаи хешутаборатро низ сер
мекунад».
Қиссаи тасдиқи Хузайма барои Набӣ (с) дар хусумати ӯ ҳамроҳи аъробӣ
Амора ибни Хузайма ибни Собит аз амакаш, ки аз асҳоби Набӣ (с) буд ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) аз марди
бодиянишине аспашро савдо карда харид ва аъробӣ аз дунболи вай мерафт, то пули аспашро гирад. Паёмбар (с) шитобон мерафту аъробӣ оҳиста - оҳиста. Мардҳои дигаре бо аъробӣ рӯ ба рӯ шуда аспро
савдо мекунанд ва бехабар аз он, ки Паёмбар (с) онро савдо кардааст, ҳатто баъзе аз онҳо аз қимати харидаи Паёмбар (с) онро болотар нарх мекунанд. Чун нархашро боло карданд, аъробӣ Паёмбар
(с)-ро нидо карда мегӯяд: - Агар ин аспро хариданӣ бошед, бихаред вагарна онро мефурӯшам. Паёмбар (с) пас аз шунидани суханони аъробӣ дар ҷояш истод ва аъробӣ наздаш омад ва Расули Худо (с) ба
ӯ гуфт: - «Оё ин аспро ман аз шумо нахаридаам?» Аъробӣ гуфт: - На, савганд ба Худо, ба шумо нафурӯхтаам. Расули Худо (с) гуфт: - «Балки, ман онро аз шумо харидаам». Мардум дар назди Паёмбар (с)
ва аъробӣ ҷамъ омаданд ва эшон бо ҳамдигар муроҷиъат мекарданд (яъне, ҳар кадом барои исботи ҳақ буданаш гуфтаҳои пештараашро такрор мекард). Пас, аъробӣ гуфт: - Кани шоҳиде, то шаҳодат диҳад,
ки ман аспамро ба шумо фурӯхтаам. Сипас яке аз мусалмонон омада ба аъробӣ мегӯяд: -«Вой бар ту, Расули Худо (с) ҷуз ҳақ чизе намегӯяд! Ин лаҳза Хузайма ибни Собит (р) омада ҳолатро мушоҳида
кард ва дид, ки аъробӣ мегӯяд: - Кани шоҳиде, ки шаҳодат диҳад, ки ман ба шумо аспамро фурӯхтаам. Хузайма мегӯяд: Ман шаҳодат медиҳам, ки шумо ба ӯ (с) аспатонро байъ кардед. Расули Худо (с) рӯ
ба сӯи Хузайма карда гуфт: - «Ба чӣ шаҳодат медиҳӣ?» Гуфт: - Ба тасдиқи шумо эй Расули Худо (с)! Пас, Расули Худо (с) шаҳодати Хузаймаро шаҳодати ду мард ҳисобид. Дар ривояти дигар омадааст:
Хузайма гуфт: - Эй Расули Худо (с), ман шуморо бо хабари осмонӣ тасдиқ мекунам, на бо он чӣ, ки мегӯед?»
Қиссаи Паёмбар(с) ва пирамарде, ки бисёр гуноҳ кардааст ва тавба кардан мехоҳад
Макҳул мегӯяд: - Муйсафеде, ки аз сабаби пирӣ абрӯвонаш болои чашмонаш фаромада буд, назди Расули Худо (с) омада гуфт: - Эй Расули Худо (с), марде хиёнат кардаву даст ба гуноҳ зада ва ҳар кори
зиште, ки ҳаст муртакиб шудааст ва агар хатоҳои ӯро ба аҳли замин тақсим намоӣ, ҳароина, ҳалокашон месозад, оё ӯ метавонад тавба намояд?! Паёмбар (с) фармуд: - «Оё Исломро пазируфтаӣ»? Гуфт:
Ман шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ҷуз Худованд ва ин, ки Муҳаммад(с) фиристодаи Ӯст. Паёмбар(с) фармуд: «Худованд хиёнату фисқу фиҷури шуморо мағфират мекунад ва бадиҳои шуморо ба некӣ
мубаддал месозад модоме, ки шумо чунин бошед». Он мард (таъаҷҷубкунон) гуфт: Эй Расули Худо(с), хиёнатҳо ва фисқу фуҷури маро мебахшад?! Фармуд: «(Оре), хиёнатҳо ва фисқу фуҷуратро низ
мебахшад». Сипас он мард такбиру таҳлилгӯён баргашта рафт.
Қиссаи Паёмбар (с) ва Абуфарва, ки гуноҳи зиёде содир кардаасту иродаи тавба кардан дорад
Абуфарва мегӯяд, ки ӯ назди Расулуллоҳ
(с) омада гуфт: - Оё марде, ки ҳамаи гуноҳонро содир кардааст ва ҳеҷ яки онро нагузоштааст, пас метавонад тавба кунад? Паёмбар (с) фармуд: - «Ислом овардаӣ?» Гуфт: - Бале. Он ҳазрат (с) фармуд:
- «Амалҳои хайр анҷом бидеҳ ва аз корҳои зишт даст бикаш, пас Худованд барои ту ҳамаашро нек мегардонад». Он мард гуфт: - «(Ҳатто), хиёнатҳову фисқу фуҷурамро низ мебахшад?». Паёмбар (с)
фармуд: - «Бале». Пас он мард такбиргуён рафта аз чашм ғоиб шуд.
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки аз беҳтарини аъмол пурсидааст
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки марде назди Паёмбар
(с) омада аз беҳтарини аъмол пурсид. Паёмбар (с) гуфт: - «Намоз гузоридан». Он мард гуфт: - Баъд аз он кадом? Фармуд: - «Намоз гузоридан». Он мард пурсид: - Баъд аз он кадом? Он Ҳазрат (с)
фармуданд: - «Намоз гузоридан». Ва ҳамин ибораро се маротиба такрор карданд. Чун хеле зиёд пурсид: Паёмбар (с) фармуд: - «Ҷиҳод намудан дар роҳи Худо». Он мард гуфт: - Ман волидайн дорам.
Расулуллоҳ (с) фармуд: - «Шуморо ба некӣ кардан нисбати волидайнатон амр мекунам». Он мард гуфт: - Савганд ба зоте, ки шуморо ба ҳақ фиристодааст, ҳароина, ҷиҳод мекунам ва онро тарк
намекунам». Расули Худо (с) фармуд: - «Шумо чӣ кор карданатонро худатон хубтар медонед»
Қиссаи Паёмбар (с) ва се нафар ва баёни бартарии нишастан дар маҷолиси зикр
Абувоқид Ҳорис ибни Авф
мегӯяд, ки Расули Худо (с) ҳамроҳи мардум дар масҷид нишаста буданд, ки се нафар ворид шуданд. Сипас ду нафарашон ба сӯи Расули Худо (с) омаданд ва якеашон баргашта рафт. Он ду нафар дар
маҷлиси Паёмбар (с) омада истоданд. Яке аз онҳо дар давра ҷои нишаст ёфта нишасту дигарӣ аз қафои вай нишаст. Чун Паёмбар (с) аз маҷлис фориғ шуданд, фармуданд: - «Оё шуморо аз ин се нафар
хабар надиҳам? - Яке аз онҳо ба Худо рӯй овард. Пас, Аллоҳ (ҷ) ӯро ҷой дод, аммо дуввумин шарм кард, пас Худованд низ аз ӯ ҳаё кард. - Аммо саввумӣ (чун, пас гашта рафт), Худованд аз ӯ рӯй
гардонид».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Ибни Умми Мактум ҳангоме, ки хост тарки намози ҷамоъат кунад
Амр ибни Умми Мактум (р) мегӯяд, ки Расули Худо (с) ба масҷид омада дид, ки адади намозгузорон
хеле кам аст, пас гуфт: - «Ҳароина, ман майл дорам, ки барои мардум касеро имом гузорам ва баъд аз он берун шавам ва ҳар инсонеро, ки аз намози ҷамоъат ақибнишинӣ кардааст, хонаашро бар болояш
сӯзонам». Ибни Умми Мактум гуфт: - Эй Расули Худо (с), байни ман ва байни масҷид дарахтзор аст ва ҳар лаҳза ба омадан қодир нестам, пас метавонам намозамро дар хонаам гузорам? Паёмбар (с)
фармуд: - «Иқомати намозро мешунавӣ?» Гуфт: - Бале. Паёмбар (с) гуфт: - «Пас ба намози ҷамоат ҳозир шав».
Қиссаи гиряи Паёмбар (с) назди Оиша (р) барои нозил шудани оят
Убайд ибни Умайр (р)
мегӯяд, ки ӯ ба Оиша (р) гуфтааст: - Маро аз аҷибтарин чизе, ки аз Паёмбар (с) дидаӣ хабар деҳ. Ровӣ мегӯяд: Оиша (р) сукут карда, баъд гуфт: - Шабе аз шабҳо буд. - Паёмбар (с) гуфт: - «Эй Оиша
(р) бигзор имшаб Парвардигорамро ибодат кунам». Гуфтам: - Савганд ба Худо, ман наздикии шумо ва он чиро, ки боиси хушнудии шумост, дӯст медорам. Оиша (р) мегӯяд: - Паёмбар (с) бархоста таҳорат
карда ба намоз гузоридан шурӯъ намуд. Оиша (р) мегӯяд: - Пас, дар намоз ба гиря шурӯъ кард, ҳатто, ки бағалаш тар шуд. Боз Оиша (р) илова кард: - Пас, Паёмбар (с) нишаста гиря кард, ҳатто риши
муборакашон тар шуд ва замин ҳам намнок гашт. - Чун Билол (р) омада азони намозро гуфт ва дид, ки Паёмбар (с) гиря дорад, гуфт: - Эй Расули Худо, шумо гиря мекунед ва ҳол он, ки Худованд
гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо омурзидааст?! Паёмбар (с) фармуд: - «Оё ман бандаи шукргузор набошам?! - Ҳароина, имшаб ба ман ояте нозил шуд, ки ҳалокат ва нобудӣ аст бар шахсе, ки онро
мехонаду дар он тафаккур намекунад». Худованд мефармояд: «Ҳаройна, дар офариниши осмонҳову замин ва омаду шуди шабу рӯз хирадмандонро ибратҳост…» (Сураи Оли Имрон, ояти 190)
Қиссаи Паёмбар
(с) ва марде, ки аз рӯзи қиёмат мепурсад
Абуҳурайра (р) мегӯяд: - Чун Паёмбар (с) дар маҷлисе бо мардум сухан мегуфт, марди аъробие омада гуфт: - Қиёмат кай барпо хоҳад шуд? Паёмбар (с) ба
суханашон идома доданд. Баъзеи мардум гуфтанд: - Суоли ӯро шуниду гуфтааш маъқулаш набуд. Дигарон мегуфтанд: - Баръакс, сухани он мардро нашнидааст. Расулуллоҳ (с) чун суханронияшро хотима дод
пурсид: - «Куҷост»? Мақсади Паёмбар (с) он марди бодиянишини суолкарда буд. Аъробӣ гуфт: - Ман ин ҷоям, ё Расулалоҳ. Паёмбар (с) фармуд: - «Ҳар вақт, ки амонатдорӣ (аз байни мусалмонон) гум
шавад, қиёматро интизор бош!». Пурсид: - Гум шудани амонатдорӣ чӣ гуна аст? Гуфт: - Ҳар вақт масъулият ба зиммаи шахси номуносиб вогузошта шавад, интизори қиёмат бош».
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]