[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Қиссаи хавфу тарси Паёмбар (с)
ҳангоме, ки як хурмоеро хурд
Аз Амр ибни Шуъайб (р) аз падараш аз бобояш ривоят аст, ки Паёмбар (с) зери паҳлӯяш шабона хурмое ёфта онро хурд ва он шаб хоб накард. Баъзе аз занонаш пурсиданд: -
Эй Расули Худо (с) имшаб бедорхобӣ кардед. Гуфт: - «Ман зери паҳлӯи худ як хурмое ёфта онро хӯрдам ва назди мо хурмои садақа буд, пас тарсидам, ки ин хурмо шояд аз ҳамон хурмои садақа бошад».
Қиссаи Паёмбар (с) дар ҳоле, ки хоб буд ва аъробие (бодиянишин), ки қасди қатли ӯро дошт
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) мегӯяд, ки ӯ бо Паёмбар (с) дар муҳорибаи Наҷд иштирок кардааст. Ҳангоме, ки
Расули Худо (с) ҳамроҳи қофила бармегаштанд, дар дараи сердарахте гармӣ бар эшон ғалаба кард. Мардум пароканда шуда зери сояи дарахтон рафтанд ва Паёмбар (с) низ, зери сояи дарахте шамшерашро
ба дарахт овезон карда, хоб рафтааст. Ҷобир мегӯяд: - Чун лаҳзае хоб кардем, ногоҳ Паёмбар (с) маро ба наздаш хонд. Назди Ӯ (с) аъробиеро дидам, ки нишастааст. Расулуллоҳ (с) гуфт: - «Ин шахс
шамшери маро аз ғилофаш кашидааст ва ҳол он ки ман хоб будам, чун бедор шудам ӯро бо шамшери бараҳна болои сарам дидам ва ба ман гуфт: - Кӣ шуморо аз ман ҳимоят мекунад? Гуфтам: - Аллоҳ. Пас
дубора гуфт: - Кӣ шуморо аз ман ҳимоят мекунад? Гуфтам: - Аллоҳ. Пас, шамшерро дар ғилофаш андохта нишаст». Паёмбар (с) ба хотири ин кораш ӯро ҷазо надод. Дар дигар ривоят омадааст: - Ғурс ибни
Ҳорис бар болои сари Паёмбар (с) бо шамшери бараҳна истода гуфтааст: - Кӣ шуморо аз ман ҳимоят мекунад? Паёмбар (с) гуфтааст: - Аллоҳ. Ин дам шамшер аз дасташ афтодааст ва Расули Худо (с)
шамшеро гирифта гуфтааст: - «Кӣ шуморо аз ман ҳимоят мекунад?». Гуфтааст: - «Аз беҳтарин гузашткунандагон бош! Паёмбар (с) гуфтааст: - «Оё шаҳодат медиҳӣ, ки нест маъбуде ба ҷуз Аллоҳ?
Гуфтааст: - Не, аммо аҳд менамоям, ки бо ту намеҷангам ва ба қавме, ки бо шумо меҷангад, ҳамроҳ намешавам. Паёмбар (с) ӯро раҳо карда ва иҷозати рафтан додааст. Чун назди дӯстонаш баргаштааст,
гуфтааст: - Ман ба назди шумо аз назди беҳтарин ва некӯтарини одамиён омада истодаам».
Қиссаи Паёмбар (с) ва ҷавоне, ки аз таъсири ояте беҳуш шуда афтод
Аз ибни Аббос (р) ривоят аст:
Ҳангоме, ки Худованд ин оятро, «Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигоҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ
муваккаланд (гумоштаанд). Ҳар чӣ Худо бигӯяд нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд», (Сураи Таҳрим ояти 6) ба Паёмбар (с) нозил кард ва Паёмбар (с) рӯзе онро ба асҳоби
худ тиловат намуд, ҷавоне аз байни онҳо беҳуш шуда афтод. Паёмбар (с) дасти худро болои қалби он ҷавон гузошт ва чун ҳис кард, ки ҳаракат дорад, барояш гуфт: - «Эй ҷавон, бигӯ: - Ло илоҳа
иллаллоҳ». Ҷавон калимаро гуфт ва Паёмбар (с) ӯро ба ҷаннат мужда дод. Асҳобаш гуфтанд: - Эй Расули Худо (с), ин мужда танҳо барои ӯст? Ҳазрат фармуд: - «Оё фармудаи Худоро нашунидаед, ки
мефармояд:». «Ва шуморо пас аз эшон дар он сарзамин ҷой хоҳем дод. Ин (ваъда) барои касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад!». (Сураи Иброҳим, ояти 14)
Қиссаи
гиряи Паёмбар (с) ҳамроҳи Абдуллоҳ ибни Масъуд
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки ӯро фармудааст: - «Бихон барои ман». (Абдуллоҳ мегӯяд:) Пас гуфтам: - Барои шумо
бихонам ва ҳол он ки Қуръон бар шумо нозил шудааст? Пас, эшон фармуданд: - «Ман дӯст медорам, ки онро аз каси дигар шунавам». Ибни Масъуд мегӯяд: - Пас сураи Нисоро хондам, то ин ки ба ин оят
расидам: «Чӣ гуна хоҳад буд он рӯз, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва туро бар ин уммат ба гувоҳӣ фаро хонем (Сураи Нисо, ояти 41) Он Ҳазрат (с) фармуданд: - «Басанда аст». Ва чун ба сӯяшон
нигаристам, дидам, ки ашк аз чашмонашон ҷорист.
Қиссаи гиряи Паёмбар (с) ҳангоми шунидани гиряи аҳли Суффа вақти нозил шудани оят
Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки чун оятҳои: «Оё аз ин
сухан дар ҳайрат афтодаед? Ва механдеду гиря намекунед?». (Сураи Наҷм, ояти 59-60) нозил шуд, аҳли Суффа чунон гиря карданд, ки оби чашмонашон ба рухсорҳояшон ҷорӣ шуд. Паёмбар (с) овози гиряи
онҳоро шунида ҳамроҳашон гиря кард ва мо низ аз гиряи он Ҳазрат (с) гирён шудем. Сипас, Расули Худо (с) фармуд: - «Шахсе аз тарси Худо бигиряд дохили дӯзах намешавад ва шахсе бар маъсият исрор
меварзад дохили ҷаннат намешавад. - Агар шумо гуноҳе содир накунед, ҳароина, Худованд қавмеро меорад, ки чун гуноҳ содир кунанд, (ба воситаи мағфират пурсиданашон) Худованд гуноҳи эшонро
меомурзад».
Қиссаи Паёмбар (с) ва саҳоба дар бораи хомӯшӣ ва ҳифзи лисон
Аз Убода ибни Собит (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - «Рӯзе Паёмбар (с) савора ҳамроҳи асҳобаш аз шаҳр берун шуданд. Касе
аз асҳоби он Ҳазрат (с) аз ӯ пеш намегузашт. Муъоз ибни Ҷабал (р) гуфт: - Ё Расулаллоҳ, аз Худо мехоҳам, ки рӯзи мо аз рӯзи шумо барвақт ояд (яъне пеш аз шумо вафот кунем). Ва агар мабодо,
марги шумо пеш аз мо бошад, пас кадом корҳоро бояд анҷом диҳем? Паёмбар(с) фармуданд: - «Ҷиҳод дар роҳи Худо». Гуфтам: - «Ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ. Паёмбар (с) илова намуд. «Бале, ҷиҳод
дар роҳи Худо ва боз чизе, ки барои мардум фоидааш зиёдтар аст. Гуфтам: - Рӯза доштан ва хайр кардан? Гуфт: - Бисёр хуб аст рӯза доштан ва хайр кардан, аммо боз чизи дигаре ҳаст, ки барои
мардум фоидааш зиёдтар аст. Муъоз тамоми корҳои некро номбар кард ва Паёмбар (с) мегуфт: - «Ва боз чизе ҳаст, ки барои мардум фоидаи бештар дорад. Пас, Муъоз пурсид: - Ё Расулаллоҳ(с), он чист,
ки фоидаи он барои мардум аз ҳар чиз зиёдтар аст? Паёмбар (с) ба даҳонашон ишора карда гуфтанд: - Хомӯш будан ва магар аз хомӯш будан дида кори беҳтаре ҳаст? Муъоз гуфт: - Оё барои он чизе, ки
забонамон мегӯяд, мо танбеҳ мешавем? Паёмбар (с) ба рони Муъоз зада гуфтанд: - «Модарат бароят мотам гирад! Ва бо хости Парвардигор ҳар чиро, ки мехост гуфтанашро, гуфт. Сипас фармуд: - Оё
забон сабаби гирифтори дӯзах шудани мурдумон нест? - Касе ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад бояд сухани нек гӯяд ва ё аз бадгӯӣ забонашро нигаҳ дорад. - Сухани нек гӯед ғанимат хоҳед ёфт ва аз
бад ҳазар кунед саломат мемонед».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марди фақире, ки бо ҳамсараш дар моҳи рамазон ҳамхоба шудааст
Абуҳурайра (р) мегӯяд: - Марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: - Ҳалок
гардидам! Бо ҳамсарам дар моҳи рамазон ҳамхоба шудам. Паёмбар (с) фармуд: - «Ғуломеро озод намо». Он мард гуфт: - Ғулом надорам. Ҳазрат фармуданд: - «Ду моҳ паи ҳам рӯза бигир». Мард гуфт: -
Наметавонам. Ҳазрат фармуданд: - «Пас шаст мискинро таъом бидеҳ». Мард гуфт: Наметавонам. Пас, Паёмбар (с) зарфе пур аз хурмо оварда гуфт: - «Ҳар куҷое, ки мӯҳтоҷу соиле (талбанда) аст, ба онҳо
бидеҳ». Мард гуфт: - Бар фақиртаре аз ман? Савганд ба Худо, дар Мадина фақиртар аз хонаводаи ман, хонаводае нест. Он Ҳазрат (с) хандиданд, ҳатто, ки дандонҳои курсиашон намоён гардид. Сипас
фармуд: - «Чунин бошад, пас барои шумост».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Саъд ибни Убода дар бораи ғайрат ва рашки ӯ ба ҳамсараш
Муғира (р) мегӯяд: Саъд ибни Убода (р) гуфт: - Агар мардеро ҳамроҳи
занам бинам, ҳатман ӯро бо дами шамшер хоҳам зад. Ин хабар ба Паёмбар (с) расид. Он Ҳазрат (с) гуфтанд: - «Оё аз рашк ва ғайрати Саъд таъаҷҷуб мекунед? - Савганд ба Худо, ман аз вай дида
ғайюртар ва рашкдортар ҳастам ва Худованд аз ман дида ғайюртар ҳастанд. Ва ба хотири ғайрат ва рашки Худованд аст, ки Ӯ (ҷ) тамоми корҳои фаҳшро чӣ зоҳир ва чӣ пинҳон, ҳаром гардонидааст. - Аз
Худованд дида касеро узр ба сӯяш маҳбубтар нест, бинобар ин бимдиҳандагон ва муждадиҳандагонро фиристод. - Аз Худованд дида касеро, мадҳу ситоиш барояш маҳбубтар нест, бинобар ин Худованд
ваъдаи ҷаннатро додааст».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Оиша дар бораи рашки ӯ бар Набӣ (с)
Дар ривояте аз Оиша (р) омадааст, ки гуфтааст: - Ҳақиқатан, Расулуллоҳ (с) шабе аз наздам берун баромад
ва маро бар вай рашкам омад. Чун баргашта омад, ҳоли маро дида гуфт: - Эй Оиша ба ту чӣ шуд? - Оё рашк кардӣ? Гуфтам: - Оё зане мисли ман, бар марде мисли шумо рашк намекунад?! Расули Худо (с)
гуфтанд: - «Ҳатман, туро шайтонат омадааст». Оиша (р) мепурсад: - Эй Расули Худо (с) оё ҳамроҳи ман шайтон ҳаст? Фармуд: - Бале. Гуфтам: - Ва ҳамроҳи шумо низ, эй Расули Худо(с)? Гуфт: - Бале,
лекин Худованд маро мадад кард, то ин ки мусалмон шуд.
Қиссаи Паёмбар (с) ва Ибни Масъуд дар шинохти беҳтарин ва донотарини мардум
Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Расули Худо (с)
даромада гуфт: - «Эй Ибни Масъуд». Гуфтам: - Лаббайка, эй Расули Худо (с). Се бор ин нидоашро такрор кард ва гуфт: - «Медонед, кадом мардум беҳтаранд»? Гуфтам: - Худо ва Паёмбараш донотаранд.
Фармуд: - «Беҳтарини мардум касоне ҳастанд, ки чун умури динашонро ба хубӣ медонанд кори хубе анҷом медиҳанд». Баъд аз он фармуд: - «Эй Ибни Масъуд». Гуфтам: - Лаббайка, эй Расулаллоҳ (с).
Гуфт: - «Медонед кадом мардум донотар ҳастанд»? Гуфтам: Худо ва Расули Ӯ донотаранд. Фармуданд: «Албатта, донотарини мардум касоне ҳастанд, ки хубтар ҳақиқатро мебинанд ва мешиносанд, дар ҳоле
ки мардум ихтилоф меварзанд, гарчанде дар амал ҳам кутоҳӣ дошта бошанд ва худро кашон-кашон бубаранд. - Мардумоне, ки қабл аз ман буданд бар ҳафтоду ду фирқаҳои гуногун тақсим гаштанд, ки аз
онҳо танҳо се фирқа (яъне гурӯҳ) наҷот ёфт ва боқӣ ҳамаашон ҳалок гардиданд. - Гурӯҳе, ки бо подшоҳон ба хотири динашон муқобила карданд ва эшонро бинобар динашон ва дини Исо (а) куштанд ва
баъзеашонро бо арра пора карданд. - Гурӯҳи дигаре тавоноии рӯё рӯйи (муқобала) бо подшоҳонро накарданд ва байни онҳо зиндагӣ карда натавонистанд, то онҳоро ба сӯи Худо ва дини Исо (а) даъват
намоянд. Пас, дар шаҳрҳо гашта раҳбониятро ихтиёр карданд. Паёмбар(с) гуфт: - Худованд дар шаъни онҳо фармудаанд: «Сипас Паёмбаронро пас аз онҳо фиристодем. Ва Исо ибни Марямро аз пайи онҳо
равона кардем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш раъфату (шафқат) раҳмат ниҳодем ва раҳбониятеро (узлат, гӯшанишинӣ), ки ба бидъат (навоварӣ) кардаанд, Мо бар онҳо муқаррар накардем,
магар, ки дар он хушнудии Худоро меҷустанд, вале ҳаққи онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз он миён ба касоне, ки имон оварда буданд, подош додем, вале бештаринашон нофармон буданд». (Сураи Ҳадид,
ояти 27) Сипас, Паёмбар (с) фармуд: - «Шахсе, ки ба ман имон меоварад ва паёмбарии маро тасдиқ карда, маро пайравӣ менамояд, дарҳақиқат раҳбониятро риъоя кардааст ва шахсе, ки пайравии маро
намекунад, пас, эшон ҳалокшавандагон ҳастанд».
Қиссаи издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа (р)
Ҷобир ибни Самра (р) мегӯяд: Паёмбар (с) аввал гӯсфанд мечарониданд. Пас аз он бо як шарикашон
уштурбонӣ карданд. Баъд аз он, бо моли хоҳари Хадиҷа (р) тиҷорат карданд. Ва чун аз сафар баргаштанд, баъзе аз молашон дар дасти хоҳари Хадиҷа монд. Чун шарикаш омад ва ба Муҳаммад гуфт: - Биё
ҳамроҳ барои талаби моламон равем. Муҳаммад (с) гуфт: - «Шумо равед, ман шарм медорам». Боре хоҳари Хадиҷа барои шарики Муҳаммад (с) гуфт: - Муҳаммад куҷост? Шарикаш гуфт: - Ӯро даъват кардам,
ки ҳамроҳам биёяд, вале мегӯяд, ки шарм медорам. Хоҳари Хадиҷа гуфт: - Марде монанди ӯ боҳаё, боиффат ва чандин сифатҳои ӯро зикр кард. Ин гуфтаҳо ба хоҳараш Хадиҷа асар кард ва шахсеро назди
Муҳаммад (с) равон кард, то биёяд. Пас, Хадиҷа ба ӯ гуфт: - Аз падарам дасти маро бихоҳ. Муҳаммад (с) гуфт: - «Падари шумо сарватманд аст ва ин пешниҳодро намепазирад». Хадиҷа гуфт: - Бирав бо
ӯ мулоқот кун ва дар ин мавзӯъ ҳамроҳаш гап бизан ва ман басандаам туро, ки чун ҳангоми маст буданаш равӣ, қабул мекунад. Муҳаммад (с) ҳангоми маст будани падари Хадиҷа (р) ин пешниҳодро намуд.
Ӯ қабул кард ва Хадиҷаро ба никоҳи Муҳаммад (с) даровард. Чун субҳ дар маҷлис нишаста буд, ба вай гуфтанд: - Хуб шуд, ки Муҳаммадро хонадор кардӣ. Пурсид: - Оё ман ин корро кардам? Ба ӯ
гуфтанд: - Бале. Бархоста назди Хадиҷа (р) даромад ва пурсид: - «Мегӯянд, ки ман туро бо Муҳаммад хонадор кардаам? Хадиҷа гуфт: - Бале, вале ҳаргиз ақлатро набаранд ва туро нафиребанд, чаро ки
Муҳаммад шахси сазовор ва лоиқ аст. Ва муддати зиёде пофишорӣ карда падарашро ризо кард. Баъд аз он миқдоре тилло ва ё нуқраро барои Муҳаммад (с) фиристода гуфт: - Гарданбанде харида ба ман
ҳадя намо ва наргӯсфандею дигар чизҳоро харида биёр. Ва Муҳаммад (с) чунин кард.
Қиссаи издивоҷи Паёмбар (с) бо Оиша ва Савда (р)
Оиша (р) ривоят мекунад, ки ҳангоме, ки Хадиҷа (р) вафот
кард, Хавла бинти Ҳаким, ҳамсари Усмон ибни Мазъун, вақти дар Макка буданашон, гуфтааст: - Эй Расули Худо (с), оё издивоҷ намекунед? Паёмбар (с) гуфтааст: - «Бо кӣ?» Гуфтааст: - Агар хоҳед
духтари бокира гиред ва агар хоҳед зани бева гиред. Паёмбар (с) гуфтааст: - «Духтари бокира кист?» Хавла гуфтааст: - Духтари маҳбубтарин халқи Худо барои шумо Оиша бинти Абубакр (р). Боз Расули
Худо (с) гуфтааст: - «Бевазан кист?» Гуфтааст: - Савда бинти Замъа, ки ба шумо имон оварда ва пайравии шуморо мекунад. Паёмбар (с) гуфтааст: - «Бирав аз ҷониби ман онҳоро огоҳ намо». Хавла ба
хонаи Абубакр (р) ворид шуда бо Умми Румон, модари Оиша вохурда ӯро аз воқеъа хабардор сохт. Умми Румон пурсид: - Оё Оиша барои ӯ мувофиқ аст? - Ин духтари бародараш аст. Пас Хавла назди Расули
Худо (с) омада суоли Умми Румонро пешкаш намуд. Паёмбар (с) гуфт: - «Назди Абубакр рафта бигӯй: - Шумо бародари исломии ман ва ман бародари шумо ҳастам ва духтари шумо лоиқ ва сазовори ман аст.
Хавла назди Абубакр (р) омада ҷавоби Расулуллоҳро расонид. Абубакр (р) Паёмбар (с)-ро даъват карда, Оишаро ба ӯ (с) никоҳ кард».
Қиссаи Паёмбар (с) ва ҳамсаронаш ҳангоме, ки иродаи талоқи
эшонро намуд
Ибни Аббос (р) мегӯяд: - Ҳамеша бар он ҳарис будам, ки аз Умар (р) дар бораи ду ҳамсари Паёмбар (с), ки дар шаънашон ояти каримаи «Ин татубо илаллоҳи фақад сағат қулубукумо» нозил
шудааст, бипурсам, ҳатто ин ки Умар (р) бо мақсади зиёрати ҳаҷ баромад ва ман низ ҳамроҳаш рафтам. Чун дар нимароҳ будем, аз маркаб поин шуда барои қазои ҳоҷат рафт ва ман низ фаромада истодам,
чун баргашт ба дасташ об рехтам ва ӯ вузу гирифт, сипас гуфтам: - Эй Амирулмӯъминин, он ду зан аз ҳамсарони Паёмбар (с), ки Худованд дар шаъни онҳо ояти: «Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар
аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ (каме) бозгаштаастд…». (Сураи Таҳрим ояти 4) нозил фармудааст, кӣ ҳастанд? Умар (р) гуфт: - Во аҷабо бар шумо, эй Ибни Аббос. - Онҳо Ҳафса ва Оиша ҳастанд. Ровӣ
мегӯяд: - Баъд аз он суханро идома дода гуфт: - Мо Қурайшиён қавме будем, ки бар занон ғолиб меомадем ва чун ба Мадина омадем, қавмеро ёфтем, ки занонашон бар онҳо ғолиб, пас занони мо ҳамин
корро аз занони эшон омӯхтанд. Боз гуфт: - Манзили ман дар Бани Умая, дар минтақаи Аволӣ буд. Рӯзе бар занам хашм гирифтам ва дидам, ки ба сарам овоз баланд мекунад. Пас ман ин рафторашро
маҳкум кардам. Ӯ ба ман гуфт: - Чаро овоз баланд намудани маро маҳкум мекунед? - Савганд ба Худо, ҳамсарони Паёмбар (с) бар вай овоз баланд мекунанд ва яке аз эшон аз саҳар то шом ӯро тарк
мекунад. Умар (р) мегӯяд: - Пас назди Ҳафса рафта гуфтам: - Оё ба Паёмбар (с) овоз баланд мекунед? Гуфт: - Бале. Гуфтам: - Ва кадом яке аз шумо аз саҳар то шом ӯро тарк мекунед? - Гуфт: - Бале.
Гуфтам: - Касе, ки аз шумоён чунин мекунад, дар гумроҳӣ ва хасорат аст. - Оё шумо аз ғазаби Худованд ба сабаби ғазаби Паёмбар (с) дар амон ҳастед? - Пас, ингуна шахс ба таҳқиқ ҳалок гардидааст.
- Ба Паёмбар (с) овоз баланд нанамо ва ӯ (с)-ро чизе мапурс ва ҳар чӣ ба шумо лозим шуд, ба худам муроҷиъат намо. - Ва ҳаргиз фирефтаи ҳамсояат нашавӣ, яъне Оиша (р), агарчи аз шумо зеботар ва
маҳбуби Расули Худо (с) аст. Умар (р) гуфт: - Як ҳамсояи ансорӣ доштам, ки ҳардуямон бо навбат ва рӯздармиён ба назди Расулуллоҳ (с) мерафтем ва ба якдигар аз нузули ваҳй ва дигар мавзӯъҳои
сӯҳбати Паёмбар (с) хабар медодем. Он айём дар бораи лашкаркашии Ғассон бар зидди мо овозаҳо буд. Рӯзе он дӯсти ман аз назди Паёмбар (с) омад ва маро ҷеғ зада гуфт: - Ҳодисаи азиме рух додаст.
Пурсидам: - Он чист? - Оё Ғассон ҳамла кардааст? Гуфт: - На, балки аз он ҳам бузургтар. - Расулуллоҳ (с) занони худро талоқ додааст. Гуфтам: - Ҳатман, Ҳафса ба балои ноумедӣ ва зарар гирифтор
гаштааст. Ман гумон кардам, ки ин амал рӯй додааст ва баъд аз намози бомдод либосҳои худро пӯшида, назди Ҳафса омадам. Чун даромадам, дидам, ки ӯ мегиряд, пас гуфтам: - Оё Расулуллоҳ (с)
шумоёнро талоқ додааст? Гуфт: - Намедонам, ӯ дар он ҳуҷра гӯшанишинӣ кардааст. Дарҳол ба назди ғуломи сиёҳпӯсте, ки дарбонӣ мекард рафта пурсидам: - Аз ӯ (с) иҷозати даромадани Умарро бипурс.
Он ғулом баъд аз андаке баромада гуфт: - Хоҳишатонро ба ӯ (с) расонидам, аммо ӯ хомӯш монд. Аз он ҷо баромада назди минбар рафта дидам, ки гурӯҳе нишастаанд ва баъзеашон мегиристанд. Каме бо он
қавм нишастам, сипас бархостам, зеро он чиз маро ором намегузошт ва боз назди он ғуломи сиёҳпӯст омада хоҳиш намудам, ки аз Паёмбар (с) иҷозати ба наздаш даромаданамро гирад. Аммо бори дуввуму
саввум низ ӯ баромада гуфт: - Хоҳишатонро ба ӯ (с) расонидам, аммо Паёмбар (с) хомӯш монд. Пас ноумед шуда қасди рафтан кардам, ки ғулом маро ҷеғ зада гуфт: - Барои шумо иҷозати даромадан
шудааст. Чун назди Расулуллоҳ (с) даромадам саломаш додам ва дидам, ки ба бурёи лулакардае такя карда нишастааст.
Қиссаи муъоширати Набӣ (с) бо Оиша (р)
Оиша (р) мегӯяд: - Расули Худо (с)
ба ман гуфт: - «Ман медонам, ки шумо кай аз ман розӣ ҳастед ё кай бар ман ғазаб доред». Гуфтам: - Инро аз куҷо медонед? Ӯ (с) гуфт: - «Ҳар гоҳе, ки аз ман ризо бошед мегӯед: - На, савганд ба
Парвардигори Муҳаммад ва ҳар вақте бар ман ғазаб дошта бошед, мегӯед: - На, савганд ба Парвардигори Иброҳим». Оиша(р) гуфт: - «Бале, савганд ба Худо, эй Расулуллоҳ (с), (ҳангоми ғазабам) фақат
номатонро зикр намекунам.
Қиссаи муносибати хуби Паёмбар (с) бо пиразан
Оиша (р) мегӯяд: - Зани кӯҳансоле назди Паёмбар (с) омад ва он Ҳазрат (с) гуфтанд: - «Шумо кистед?» Пиразан гуфт: -
Ҷуссомаи Музния. Паёмбар (с) гуфтанд: - На, шумо Ҳасонаи Музния ҳастед. - Аҳволатон чӣ хел. - Баъд аз мо чӣ гуна будед? Зан гуфт: - Фидои шумо шавам, ҳамааш хуб буд. Чун берун рафт, гуфтам: -
Эй Расули Худо (с), бо як пиразани кӯҳансоле ин қадар муъомила ва қадрдонӣ чаро?! Фармуд: - «Эй Оиша, ин зан замони Хадиҷа (р) назди мо меомад ва албатта, қадрдонии шиносон аз имондорӣ аст».
Дар дигар ривоят омадааст: - Оиша (р) мегӯяд: - Зани кӯҳансоле назди Паёмбар (с) меомад ва он Ҳазрат (с) аз қудумашон хушнуд мешуданд ва иззату икромашон мекарданд. Ба ӯ (с) гуфтам: - Фидоят
шавам, ба ин пиразан он қадар қадрдоние кардӣ, ки бо каси дигаре накардаӣ. Паёмбар (с) фармуданд: - Ин пиразан назди Хадиҷа (р) меомад ва оё намедонӣ, ки икроми дӯст аз имондорӣ аст?».
Қиссаи талаб намудани Паёмбар (с) аз Усмон ибни Мазъун ин ки муносибаташро бо ҳамсараш нек намояд
Аз Абуисҳоқи Сабиъӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Ҳамсари Усмон ибни Мазъун назди ҳамсарони
Паёмбар (с) бо либосҳои кӯҳнаю дарида ворид шуд. Онҳо ба ӯ гуфтанд: - Чаро ба чунин ҳолӣ? Дар посух гуфт: - Шавҳарам шабона шабзиндадорӣ мекунаду рӯзона рӯза мегирад. Паёмбар (с)-ро аз ин хабар
огоҳ карданд ва чун ба Усмон ибни Мазъун рӯ ба рӯ шуд маломаташ карда гуфт: - «Оё ман барои шумо намуна нестам?» Гуфт: - Бале, фидои шумо бошам, ҳастед. Баъд аз он ҳамсари Усмон ибни Мазъун (р)
бо либосҳои озода ва зебову бӯи хуш меомадагӣ шуд. Дар ривояти дигар омадааст, ки Паёмбар (с) гуфт: - «Эй Усмон, албатта, раҳбоният бар мо навишта нашудааст, оё ман барои шумо намунаи ибрат
нестам? - Савганд ба Худо, аз ҳамаи шумоён дида, ман аз Худованд бештар метарсам ва аз шумо дида андозаи муаянкардаашро хубтар риъоят мекунам».
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]