[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Қиссаи он чӣ, ки он Ҳазрат (с) дар шаби Исро ва Меъроҷ дидааст
Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: - Ба назди ман «Буроқ»-ро (ҳайвони савориест аз хар калонтару аз хачир хурдтар, ки қадамгузориаш дар ҷои интиҳои бинишаш (яъне тезҳаракат) буд, оварданд ва ман болои он савор шудам ва дар як лаҳза ба Байтул-муқаддас расидам. Буроқро дар ҳалқае, ки дигар анбиё низ (савориҳояшонро он ҷо) бастаанд, бастам. Баъд аз он дохили масҷид шуда ду ракъат намоз гузорида, берун шудам. Пас, Ҷабраил (а) бо як зарфи шароб ва як зарфи шир омаду ман ширро ихтиёр кардам. Ҷабраил (а) гуфт: - Фитратро ихтиёр кардед, яъне бар он чӣ Аллоҳ халқро офаридааст. Баъд аз он моро ба осмони аввал боло бурда шуд ва Ҷабраил талаби кушодани дари онро кард. Пурсиданд: - Шумо кистед? Гуфт: - Ҷабраил. Пурсиданд: - Бо шумо кист? Гуфт: - Муҳаммад. Гуфтанд: - Биъсати ӯ воқеъ шудааст. Гуфт: - Бале, биъсати ӯ воқеъ шудааст. Пас, дар кушода шуду мо ҳазрати Одамро дидем. Ӯ маро марҳабо гуфта бароям дуъои хайр кард. Баъд аз он, мо ба осмони дуввум бароварда шудем ва Ҷабраил талаби кушодани дарвозаи он кард. Пурсиданд: - Шумо кистед? Гуфт: - Ҷабраил. Пурсиданд: - Кист бо шумо? Гуфт: - Муҳаммад. Гуфтанд: - Биъсати ӯ шудааст? Гуфт: - Биъсаташ шудааст. Пас, ба рӯямон дарро кушоданд ва мо, писархолаҳо Яҳё ва Исоро дидем. Маро марҳабо гуфта бароям дуъои хайр карданд. Баъд аз он ба осмони саввум бурда шудем ва он ҷо низ мисли пештара пурсиданд ва дарвозаро кушоданд, он ҷо Юсуф (а)-ро дидем, ки нисфи ҳусн ба ӯ дода шудааст, моро марҳабо гуфта дуъои хайр гуфтанд. Баъд аз он моро ба осмони чаҳорум бароварданд ва он ҷо низ мисли пештара пурсиданд ва иҷозати вуруд доданд. Он ҷо мо Идрис (а)-ро дидем. Ӯ моро марҳабо гуфта дуъо намуд. «Ӯро ба маконе баланд фаро бурдем». (Сураи Марям, ояти 57) Баъд аз он ба осмони панҷум бароварда шудем, он ҷо низ монанди пештара пурсида иҷозати вуруд доданд ва Ҳорунро дидем. Ба ман марҳабо гуфа дуъои хайр кард. Баъд аз он ба осмони шашум бурда шудем. Он ҷо ҳам монанди дигарҳо пурсида иҷозати вуруд доданд. Дар он ҷо бо Мусо вохӯрдам. Ӯ маро хуш пазируфта, дуъои хайр намуд. Боз моро ба осмони ҳафтум бурданд ва мисли гузашта пурсида иҷозати дохил шудан доданд. Он ҷо бо Иброҳим (а) вохурда, дидам, ки бо пушташ ба Байтул-маъмур такя задаст ва рӯзона ҳафтод ҳазор малак дохили он мешаванду дигар барнамегарданд. Баъд аз он маро ба Сидратул-мунтаҳо бурданд, ки ҳар варақи(барг) он монанди гӯшҳои филҳо ва меваҳояш монанди зарфҳо калон аст. Ҳине, ки амри илоҳӣ бар он фуруд омад, дигаргун шуд. Ҳеҷ яке аз халқи Худо аз ҳусни он кам карда наметавонад. Пас, он ҷо Худованд ба ман ваҳй нозил карда бар ман ва умматам дар як шабонарӯз панҷоҳ намозро фарз гардонид. Сипас ба назди Мусо (а) фаромадам ва ӯ гуфт: - Парвардигор ба умматат чӣ чиз фарз гардонид? Гуфтам: - Панҷоҳ намоз. Ӯ гуфт: - Баргард ба назди Парвардигорат ва аз Ӯ тахфиф бипурс, зеро уммати ту тоқати онро надорад. Ман пеш аз шумо Бани Исроилро имтиҳон намудам ва эшонро санҷидам. Ва (Паёмбар (с) ) гуфт: - Пас, ба сӯи Парвардигорам баргаштам ва гуфтам: - Эй Парвардигорам ба уммати ман осонӣ биёр. Пас, панҷтои онро кам кард ва ман ба сӯи Мусо баргашта гуфтам, ки Худованд барои умматам панҷ вақт намозро кам намуд. Ӯ гуфт: - Уммати ту тоқати онро низ надорад баргард ва тахфиф бипурс. Пас ба ҳамин минвол байни Парвардигорам ва байни Мусо равуо мекардам, то ин ки Худованд гуфт: - Эй Муҳаммад ин панҷ вақт намоз дар як шабонарӯз аст ва ба ҳар як намоз даҳ намоз аст, ки он панҷоҳ намоз мебошад. Ва шахсе, ки нияти анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом надиҳад, як некӣ дар номаи аъмолаш навишта мешавад. Ва шахсе, ки нияти анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, даҳ некӣ дар номаи аъмолаш менависам. Ва шахсе нияти анҷоми кори баде кунад ва онро анҷом надиҳад чизе дар номаи аъмолаш навишта намешавад. Ва шахсе нияти анҷоми амали бадро кунад ва онро анҷом диҳад, як бадӣ дар номаи аъмолаш навишта мешавад. Мегӯяд: - Пас ба назди Мусо поён омадам ва ӯро хабар додам. Эшон гуфтанд: - Баргард ба сӯи Парвардигорат ва боз тахфиф бипурс. Гуфтам: - Он қадар ба сӯи Парвардигорам муроҷиъат кардам, ки акнун аз Ӯ шарм медорам. Баъд аз он Паёмбар (с) дар ҳамон шаб ба Макка баргашт ва чун субҳ шуд, ба маҷлисгоҳи Қурайш рафт. Пас, Абуҷаҳл наздаш омад ва Паёмбар (с) ӯро ба саргузашти шабона огоҳ сохт. Абуҷаҳл гуфт: - Эй бани Каъб ибни Луай ҷамъ шавед. Чун кофирони қурайшӣ ҷамъ омаданд ва Паёмбар (с) онҳоро низ аз ин воқеъа хабардор кард. Онҳо аз таъаҷҷуб даст ба сар мениҳоданд ва иддае дастҳояшонро ба ҳам мезаданд. Баъзе касоне, ки имонашон ва дилҳояшон заъиф буд, аз имон гашта муртад шуданд. Баъзе аз эшон ба назди Абубакр (р) рафта ӯро аз он кор огоҳ сохтанд. Ӯ гуфт: - Агар инро гуфта бошад, рост гуфтааст. Аз ӯ пурсиданд: - Оё ӯро тасдиқ мекунед? Гуфтааст: - Аз ин ҳам аҷибтар ва дуртарро гӯяд ҳам, ман ӯро тасдиқ мекунам. Аз он рӯз инҷониб ӯро Сиддиқ ном ниҳоданд. Баъд аз он кофирон ба имтиҳони Паёмбар (с) пардохтанд ва наъту сифати Байтул-муқаддасро аз вай пурсиданд. Дар байни онҳо ровиён буданд. Аммо чун Паёмбар (с) Байтул-муқаддасро қабл аз ин надида буд, Худованд онро дар назари Паёмбар (с) ҷилвагар намуд ва эшон дар ба дар ва мавзеъ ба мавзеъи онро барои он ҷо будагон васф карданд. Онҳо гуфтанд: - Сифатро дуруст гуфт: - Акнун аз қофилаи бозаргонии мо, ки аз Шом баргашта истодааст, моро хабар бидеҳ. Паёмбар (с) онҳоро аз теъдоди уштурҳои қофила ва аҳволи онҳо хабар дод ва гуфт: - Фалон рӯз баробари тулӯъи офтоб мерасанд ва уштури рангаш байни сиёҳ ва хокӣ, дар ибтидои қофила қарор дорад. Пас, мардум дар ҳамон рӯзи гуфташуда ба сӯи теппаҳои баланд (ҷое, ки қофила аз ҳамон тараф меомад) барои таҳқиқи гуфтаҳои Расули Худо рафтанд. Чун баъзе аз эшон гуфтанд: - Савганд ба Худо ин офтоб аст, ки тулӯъ намуд. Баъзе дигарашон гуфтанд: - Ва ин, савганд ба Худо, қофилааст, ки уштури сиёҳу хокиранг дар ибтидояш меояд, ҳамчуноне, ки Муҳаммад гуфта буд. Ҳамаи ин таҳқиқу баррасиҳо, кибру саркашии онҳоро то андозае афзуд, ки гуфтанд: - Ин (Муҳаммад) соҳири ошкор аст. Дар ҳамон шаби Исро Ҷабраил (а) омада Паёмбар (с)-ро тарзи намозгузорӣ ва вақтҳои онро омӯзонид. Чунончи, ду ракаъат вақти тулӯъи (зуҳури) фаҷр мегузоранд ва чор ракаъат вақте, ки офтоб ба завол меравад. Боз чортои дигар ҳангоме, ки сояи ҳар чиз дучанд (ду баробар) мешавад ва пас се ракъат баъд аз ғуруби офтоб ва чор ракъат вақте, ки шафақи сурх ғоиб мешавад. Паёмбар (с) қабл аз шаръан қабул шудани ин намозҳо, ду ракъат субҳгоҳон ва ду ракъат шомгоҳон мегузорид, тавре, ки Иброҳим (а) анҷом медод.
Қиссаи Паёмбар (с) ва Хадиҷа (р) дар бораи ваҳй
Аз Исмоъил ибни Абуҳаким ривоят аст, ки Хадиҷа (р) ба Паёмбар (с) гуфт: - Эй писарамак! Агар имконият бошад, ҳине, ки он соҳибат (дӯстат) меояд маро хабар деҳ. Ӯ (с) гуфт: - «Майлаш». Вақте ҳозир шуд, гуфт: - «Эй Хадиҷа, ин Ҷабраил аст». Хадиҷа гуфт: - Эй писарамак, бархезу бар рони пои чапам бинишин. Ровӣ мегӯяд: Он Ҳазрат(с) бар рони пои чапи Хадиҷа(р) нишастанд ва Хадиҷа(р) пурсид: - Оё ӯро мебинед: Ӯ (с) гуфт: - Бале. Боз гуфт: - Акнун бар рони рости ман бишин ва он Ҳазрат(с) нишастанд ва Хадиҷа(р) пурсидаш: - Оё ӯро мебинед? Гуфт: - Бале. Боз фармудаш, ки дар оғуши ман бинишин ва он Ҳазрат (с) нишаст. Хадиҷа (р) аз ӯ (с) пурсид: - Ӯро мебинед? Гуфт: - Бале. Сипас Хадиҷа (р) чодари худро аз рӯяш барандохта гуфт: - Оё ӯро мебинед? Он Ҳазрат (с) гуфтанд: - На, намебинамаш. Хадиҷа (р) гуфт: - Собит бош ва муждагонӣ бидеҳ, ки савганд ба Худо, ӯ фаришта аст на шайтон.
Қиссаи муъҷизаи Паёмбар (с) барои радди Абуҷаҳл аз озори Расулуллоҳ (с)
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Абуҷаҳл гуфт: - Оё Муҳаммад дар назди шумоён рӯяшро ба замин мегузорад? Гуфта шуд: - Бале. Пас гуфт: - Савганд ба Лоту Уззо, агар бинам, ки чунин мекунад, пой дар гарданаш ниҳода рӯяшро ба хок мемолам. Пас ба сӯи Расулуллоҳ (с) омад, ки ӯ дар ҳоли намозгузорӣ буд ва хост пой дар гарданаш ниҳад. Чун майл ба ин кор намуд, нохост ҳаросон ва гӯё худро бо дастонаш аз чизе ҳимоят мекарда бошад, дастакзанон ба қафо ҳаракат намуд. Аз ӯ пурсиданд: - Ба ту чӣ шуд? Гуфт: - Ҳақиқатан, байни ман ва ӯ хандақе аз оташ аст. Паёмбар (с) гуфт: - «Агар ба ман наздик мешуд, фариштаҳо ҳар узви ӯро канда мегирифтанд».
Паёмбар (с) ва қиссаи мошитаи (ороишгарзани) духтари Фиръавн
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: - «Шаби Меъроҷ бӯи хуше ба машомам расид, гуфтам: - Ин чӣ бӯи хуш аст, эй Ҷабраил? Гуфт: - Ин бӯи хуши ороишгарзани духтари Фиръавн аст. Ҳангоме, ки мӯи духтари Фиръавнро ороиш медод, шона аз дасташ меафтад. Пас ӯ бо зикри номи Худо шонаро аз замин мебардорад. Духтари Фиръавн мепурсад: - Падари маро мегӯӣ? (Ороишгарзан) ҷавоб медиҳад: - Ҳам Худои худам ва ҳам Худои падаратро. Духтари Фиръавн гуфтааст: - Ин тавр бошад, ба ӯ мегӯям. Посухаш додааст, ки: - Бигӯ. Фиръван аз ӯ мепурсад: - Оё ба ғайр аз ман маъбуди дигаре дорӣ? Мошита гуфтааст: Худованд ва маъбуди ману шумо дар осмон аст. Фиръавн фармон медиҳад: - Деги миссинеро, ки ба шакли гов ва ё асп аст, тафсонед ва ӯро ба он андозед. Ороишгарзан гуфтааст: - Аз ту як хоҳиш дорам. Фиръавн гуфтааст: - Хоҳишат чист? Мошита гуфтааст: - Устухони ману фарзандонамро якҷо ҷамъ намо. Фиръавн гуфтааст: - Ин ҳаққи туст бар мо ва иҷро хоҳад шуд. Пас фарзандони он занро яке паси дигар ба даруни деги тафсон андохтанд. Чун навбати фарзанди охиринаш, ки писар буд мерасад, он кӯдак ба забон омада мегӯяд: - Аё модар, сабур бош, ки ту ҳақ ҳастӣ! Ибни Аббос (р) мегӯяд: - Чор нафар дар ҳоли тифлиашон сухан гуфтаанд: - Писари ороишгари духтари Фиръавн. -Тифли Ҷурайҷ. - Исо ибни Марям ва чорумашро ба ёд надорам.
Қиссаи итоъату фармонбардории ду дарахт ба амри Паёмбар (с)
Убода ибни Валид ибни Убода ибни Сомит ривояте дорад, ки мегӯяд: - Рӯзе бо падарам ба маҳаллаи ансор, қабл аз он ки ҳалок шаванд, ба талаби илм рафтем. Аввалин шахсе, ки бо ӯ вохӯрдем, яке аз асҳоби Паёмбар (с) Абулюср бо писараш буд. Пас аз он гуфт: - Вақте, ки ба масҷиди Ҷобир ибни Абдуллоҳ омадем, гуфт: - Ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) ба дашти васеъе расидем. Он Ҳазрат (с) барои қазои ҳоҷат рафтанд ва ман бо зарфи обе аз пасашон рафтам. Паёмбар (с) нигоҳ карда чизеро надиданд, ки барои паноҳ карданашон муносиб бошад ба ҷуз ду дарахте, ки дар канораҳои водӣ буданд. Паёмбар (с) ба назди яке аз он дарахтҳо рафта аз шохаҳои он гирифта гуфтанд: - «Бо хости Худо (ҷ), аз паси ман биё!» Ва он дарахт чун шутури нухтазадае, ки аз паси соҳибаш меравад, аз қафои Расулуллоҳ (с) омадан гирифт, то ки ба дарахти дуввум расиданд. Пас, Паёмбар (с) аз шохаҳои дарахти дуввум низ гирифта гуфтанд: - «Бо хости Худо (ҷ) биё аз паси ман». Пас ҳар ду дарахт дар миёнароҳе ҷойгир шуданд ва Паёмбар (с) амр кард: - «Бо хости Худо ба ҳамдигар ҷафс шавед!» Ва ҳар ду дарахт ба ҳамдигар пайвастанд. Ҷобир мегӯяд: - Аз хавфи он, ки Паёмбар (с) наздик будани маро ҳис мекунад, аз он ҷо тозон дур шудам ва нишаста бо худ гап мезадам ва гузашти вақтро нафаҳмида мондам, дидам, ки Паёмбар (с) аз рӯ ба рӯям омада истодааст ва он ду дарахт аз ҳам ҷудо дар ҷойи муқаррарияшон қарор доранд. Пас, Расулуллоҳ (с)-ро дидам, ки дар як ҷо андак истода бо сараш ба чапу рост ишора карда чизе гуфт, баъд аз он чун ба наздики ман расид гуфт: - «Эй Ҷобир, оё ҷои истодагии маро дидӣ?». Гуфтам: - «Бале, ё Расулаллоҳ (с)». Гуфт: - Ба назди он ду дарахт рафта, аз шохаҳои онон канда бо худ биёр ва вақте, ки ба ҷои истодагии ман расидӣ, яке аз шохаҳоро ба тарафи ростат ва дигариро ба тарафи чапат раҳо соз ва биё. Пас бархоста сангеро гирифта онро шикастам, ки як тарафаш пораи тезе шуд. Ба он дарахтон наздик шуда аз ҳар кадомашон як шоха бурида гирифтам ва кашон-кашон ба тарафи ҷои истодагии Паёмбар (с) ҳаракат кардам ва ҳине, ки ба маҳалли Расулуллоҳ (с) расидам, як шохаро ба тарафи чапу як шохаро ба тарафи рост раҳо кардам. Пас, ба Паёмбар (с) гуфтам: - Ман фармудаатонро иҷро кардам ва он чӣ асроре дошт? Расулуллоҳ(с) гуфт: - Аз назди ду қабр гузар кардам ва дидам, ки соҳибонашон дар азобанд, пас хостам шафоъате барояшон кунам, то азобашон барканор шавад. Он ду шохаи тару тоза болои он қабрҳо боқӣ монданд.
Қиссаи овози нолаи дарахт ва шохае, ки Паёмбар (с) назди онҳо хутба мехонд
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) рӯзи ҷумъа паҳлӯи дарахте истода хутба мехонд. Ба он Ҳазрат пешниҳод карданд, ки минбаре барояшон созанд. Он Ҳазрат (с) гуфтанд: - «Агар хоҳед, созед». Пас барои ӯ (с) минбаре сохтанд. Чун рӯзи ҷумъа шуд ва ӯ (с) сӯи минбар рафтанд, он дарахт монанди тифл овози нола баровард. Пас, он Ҳазрат (с) аз минбар фаромада он дарахтро, ки нола мекард, монанди хурдсоле, ки оромаш мекунанд, ба оғуш кашиданд ва фармуданд: - «Ба хотири зикре, ки дар наздаш мешуду онро мешунавид, гиря мекунад».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Қутода ҳине, ки чашми баромадаашро ба маконаш баргардонид
Қутода ибни Нӯъмон (р) мегӯяд: - Ба Расулуллоҳ (с) камоне ҳадя шуда буд ва эшон онро дар рӯзи ғазваи Уҳуд ба ман доданд. Пас бо он силоҳ дар назди он Ҳазрат истода тир андохтан гирифтам, то ин ки камон шикаст ва баъдан бо дасти холӣ аз худ ва Паёмбар (с) дар баробари тирҳои душман дифоъ мекардам. Дар охир тире ба рӯям зад, ки аз зарбаи он чашмам баромад. Ҳама парешон шуда буданд. Ман он чашмамро рӯи дастам гирифта ба суроғи Расулуллоҳ (с) шитофтам. Чун он Ҳазрат ҳоли маро дид ашк аз чашмонашон равон шуд ва гуфт: - «Худоё, ҳароина, Қутода рӯяшро фидои рӯи Паёмбар (с) кардааст, пас ин чашмашро беҳтарини чашмҳо ва бинотаринашон гардон». Пас он чашми маҷрӯҳгардидаи Қутода шифо ёфта, яке аз бинотарини ду чашмонаш гардид.
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде ки дасташ шал гардид
Аз Салма ибни Акваъ (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Марде назди Паёмбар (с) бо дасти чап хӯрок хӯрд. Паёмбар (с) ба вай гуфт: - «Бо дасти ростат бихӯр». Ӯ аз рӯи кибру ғурур амри Расулуллоҳро иҷро накард ва гуфт: - Наметавонам. Он Ҳазрат (с) гуфтанд: - «Нахоҳи тавонист». Ровӣ мегӯяд: - Он шахс пас аз он ҳаргиз дасти росташро ба даҳонаш бурда натавонист.
Қиссаи Паёмбар (с) ва Абдуллоҳ ибни Салом ва се суоли вай
Аз Анас ибни Малик (р) ривоят аст, ки Абдуллоҳ ибни Салом ҳине, ки Паёмбар (с) вориди Мадина шуд, омада ба вай гуфт: - Ман шуморо аз се чизе мепурсам, ки онҳоро ҷуз Набӣ каси дигар намедонад: - Аввалин нишонаҳои қиёмат кадом аст ва аввалин таъоме, ки аҳли ҷаннат мехӯрад кадом аст ва сабаби ба падар ва ё ба модар монанд будани фарзанд чист? Паёмбар(с) фармуд: - «Ҳозир Ҷабраил (а) маро аз ин саволҳо хабар дод». Абдуллоҳ гуфт: - Ӯ душмани яҳуд аз малоикаҳост. Расули Худо (с) гуфтанд: - «Аммо аввалин нишонаҳои қиёмат оташест, ки аз Машриқ баромада ба сӯи Мағриб мардумро ҷамъ мекунад ва аввалин таъоме, ки аҳли ҷаннат мехӯранд зиёдати ҷигари наҳанг аст. Аммо фарзанд, агар оби мард оби занро сабқат намояд, кӯдакро ба сӯи худ мекашад ва агар оби зан оби мардро сабқат кунад фарзандро ба сӯи худ мекашад». Абдуллоҳ ибни Салом гуфт: - Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва аннака Расулуллоҳ. Боз гуфт: - Эй Расули Худо яҳудиён қавми дурӯя ва дуруғбоф ҳастанд ва қабл аз ин ки аз ислом оварданам бохабар шаванд, дар мавриди ман аз эшон бипурс. Чун яҳудиён омаданд Паёмбар (с) пурсид: - «Абдуллоҳ ибни Салом дар байни шумо чӣ гуна мард аст?» Гуфтанд: - Беҳтарини мо ва писари беҳтарини мо. Паёмбар (с) фармуд: - «Агар Ибни Салом имон биёварад, чӣ. Онҳо гуфтанд: - Худо ӯро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Боз Паёмбар (с) ин суханро такрор карданд ва онҳо низ ҷавобашонро такрор карданд. Пас Абдуллоҳ ибни Салом наздашон баромада гуфт: - Ашҳаду ан-ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ. Яҳудиён гуфтанд: - Бадбахттарини мо ва зодаи бадбахттарини мост. Инро гуфта ва боз ба айбгирифтани ӯ пардохтанд. Абдуллоҳ гуфт: - Ин аст он чизе, ки ман аз он хавф доштам, эй Расули Худо».
Ҳайбати Абумасъуд аз Паёмбар (с)
Абумасъуд (р) мегӯяд: - Ман ғуломе доштам ва ӯро зада истода будам, ки ногаҳон овозе аз пушти сарам шунидам, ки мегуфт: - «Абумасъуд, огоҳ бош !» Боз мегӯяд: - Ман аз шиддати ғазаб ба тарафи овоз таваҷҷӯҳ накардам, то ки наздам расид ва дидам, ки Расулуллоҳ аст. Чун ӯро дидам, аз ҳайбаташ қамчин аз дастам афтод. Сипас ӯ (с) ба ман гуфт: - «Савганд ба Худо, ҳароина, Худованд бар шумо қодиртар аст аз қудрати ту бар ин ғулом дида ». Гуфтам: - Савганд ба Худо, эй Расулуллоҳ дигар ҳаргиз ғуломи худро намезанам.
Қиссаи Паёмбар (с) ва Уяйна дар бораи раҳм намудан бар фарзандон
Абуҳурайра (р) мегӯяд: Паёмбар (с) забонашонро барои Ҳусейн (р) бароварда нишон медоданд (ва ба ин восита нисбати тифли хурдсол меҳрубонӣ ва нармиш зоҳир мекарданд) ва тифли хурдсол сурхии забонро дида, сӯи он майл мекард. Уяйна ибни Бадр ин ҳолро дида гуфт: - Мебинам, ки шумо чунин мекунед ва савганд ба Худо, ки ман низ фарзанд дорам, лекин ҳаргиз ӯро бӯса накардаам. Паёмбар (с) фармуд: - «Касе, ки раҳм накунад, раҳм карда нашавад».
Қиссаи Паёмбар (с) ва Абубакр (р), ҳангоме, ки ӯро марде дашном дод
Абуҳурайра (р) мегӯяд: Марде Абубакр (р)-ро дашном медод ва Паёмбар (с) он ҷо нишаста буд ва аз (ахлоқи накӯи Абубакр (р)) таъаҷҷуб карда табассум менамуд. Чун он мард дашноми зиёд дод, баъзеи он дашномҳоро Абубакр (р) дар ҷавоби ӯ гуфт. Паёмбар (с) ғазаболуд шуда аз ҷояшон бархоста рафтанд. Абубакр (р) аз пасаш равон шуд ва ба ӯ (с) расида гуфтанд: - Эй Расули Худо (с) ӯ маро дашном дода истода буд, шумо нишаста будед ва чун баъзе аз алфозашро ҷавоб гуфтам, ғазаболуд шуда бархостед?! Ӯ (с) фармуд: - «Дарҳақиқат, он ҳангом, ҳамроҳи ту фариштае буд, ки туро муҳофизат мекард ва чун баъзе алфозашро бар ӯ рад кардӣ шайтон он ҷо воқеъ шуд, пас ман ҳамроҳи шайтон наменишинам». Баъд аз он фармуд: - «Эй Абубакр, се коре аст, ки натиҷаи ҳар сеи он ҳақ аст: - а) Ҳар бандае, ки бар ӯ зулме шудааст, агар ба хотири Худо аз баргардонидани он зулм даст кашад, Парвардигори азза ва ҷалла ӯро пирӯз мегардонад. - б) Ҳар бандае, ки дари хайрро барои пайвастан мекушояд, Худованд дар ивазаш хайру неъматҳои зиёде ва арзиши моли ӯро таъмин мекунад. - в) Ҳар бандае, ки дари суолро (яъне, гадои карданро) баҳри зиёдшавии молаш мекушояд, Парвардигор ба молу неъмати ӯ камию бебаракатиро меорад ».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки ба иззати марди мусалмон расид
Анас ибни Молик (р) мегӯяд: - Марде дар назди Паёмбар (с) ба иззати нафси марди дигаре расид. Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: - «Бархез, ки шаҳодати ту дигар нест». Он мард гуфт: - Эй Расули Худо, дигар ин корро такрор намекунам. Паёмбар (с) гуфт: - «Бо Қуръон масхарабозӣ мекунӣ?! - Шахсе, ки ҳаром кардаи онро ҳалол бишуморад, ба Қуръон имон наовардааст».
Қиссаи Паёмбар (с) ва марди дузд
Амр ибни Шуъайб (р) ривоят мекунад, ки аввалин ҷазои шаръӣ, ки дар Ислом ҷорӣ карда шуд, бар марде буд, ки ӯро ба сабаби дуздиаш назди Паёмбар (с) оварданд ва бар он шоҳидӣ доданд. Сипас, Паёмбар (с) ба буридани дасташ амр кард. Чун ҷазо барояш муқаррар шуд, ба рӯи Паёмбар (с) назар кард, гӯӣ чунин буд, ки дар вай хокистар нишастааст. Он ҷо будагон гуфтанд: - Эй Расули Худо, чунин менамояд, ки ҷазои буридани даст бар вай сахт таъсир кардааст? Паёмбар (с) фармуд: Маро чӣ бозмедорад ва ҳол он ки шумоён бар зидди бародаратон ёвари шайтон шудед. Гуфтанд: - Пас, раҳояш кун! Гуфт: - Пеш аз ба назди ман овардан чаро чунин накардед? - Дарҳақиқат, барои пешво ва раис ҳукми ҷазоеро оварда шавад, сазовор нест ӯро, ки ҳукми ҷазоро ба таъхир гузорад ё бекор кунад».
Қиссаи мадоро кардани Паёмбар (с) бо марди бад
Оиша (р) мегӯяд: - Марде барои даромадан ба назди Паёмбар (с) иҷозат пурсид. Он Ҳазрат (с) фармуд: - «Аҷаб марди бади ин қавм аст». Чун он мард дохил шуд Паёмбар (с) бо ӯ муъомилаи хуб намуда, изҳори хурсандӣ кард ва чеҳрааш кушода шуд. Чун он мард берун шуд марди дигаре иҷозати дохил шудан пурсид. Паёмбар (с) фармуд: - «Чӣ шахсияти неки ин қавм аст». Чун он мард даромад, Паёмбар (с) бе тағйир монд ва бо ин кас монанди шахси пештара муъомила накард. Вақте берун шуд гуфтам: - Эй Паёмбари Худо, фалонӣ иҷозати дохил шудан пурсид, барои вай чунин сифати бадро гуфтӣ ва боз ба рӯяш чеҳра кушодӣ ва барои фалонӣ чунин сифати некро гуфтӣ ва лекин бо ӯ монанди шахси аввалӣ муомила накардӣ? Паёмбар (с) гуфт: - «Эй Оиша, дарҳақиқат, аз бадтарини мардум касест, ки мардум, худро аз шарри ӯ ҳифз мекунанд».
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]