[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад Мустафо (с.а.в)
Қиссаи зане, ки иродаи ҷиҳод мекунад ва суханони Набӣ (с) ба ӯ, ки тоъати шавҳар баробари ҷиҳод аст
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Зане назди Паёмбари Худо (с) омада гуфт: - Ё Расулаллоҳ, маро занон назди шумо фиристоданд, то бипурсам: - Ин ҷиҳод аст, ки Аллоҳ ба мардон насиб гардонидааст, агар осебе ба онҳо бирасад, аҷрашон аз Парвардигор аст ва агар кушта шаванд, дар назди Худованд зинда буда ризқашонро соҳиб мешаванд. Аммо мо тоифаи занон бар хидмати эшон ҳастем, пас мо чӣ гуна он аҷрро соҳиб мешавем? Ровӣ мегӯяд: - Паёмбар (с) гуфт: - «Ба занон бирасон, ки итоъати шавҳар ва шинохти ҳаққи ӯ баробари ҷиҳод аст ва кам ҳастанд аз шумо (яъне занон) касоне, ки онро анҷом бидиҳанд».
Қиссаи чӣ гуна муносибат кардани он Ҳазрат (с) бо ҷавоне, ки иродаи зино дошт
Аз Абуумома ривоят аст, ки ҷавоне назди Паёмбар (с) омада гуфт: - Эй Муҳаммад (с), маро иҷозат диҳед, то зино кунам. Мардум ӯро танбеҳ дода сарзаниш карданд. Паёмбар(с) гуфт: - «Наздиктар биё». Чун он мард наздики Паёмбар (с) омада нишаст, Паёмбар (с) фармуд: - «Оё ин амалро (зиноро) барои модарат дӯст медорӣ?» Он ҷавон гуфт: - На, савганд ба Худо. Паёмбар (с) гуфт: - «Мардум низ онро барои модаронашон дӯст намедоранд». Сипас фармуд: - «Оё ин амалро барои духтарат дӯст медорӣ?» Он мард гуфт: - Қурбони шумо шавам, на, савганд ба Худо. Ӯ (с) фармуд: - «Мардум низ онро барои духтаронашон дӯст намедоранд». Он Ҳазрат(с) фармуд: - «Оё ин амалро (зиноро) барои хоҳарат дӯст медорӣ?» Ҷавон гуфт: - На савганд ба Худо. Ӯ (с) фармуд: - «Мардум низ онро барои хоҳаронашон дӯст намедоранд». Боз фармуд: - «Оё ин амалро барои аммаат дӯст медорӣ?» Ҷавон гуфт: - На, савганд ба Худо. Ӯ (с) фармуд: - «Мардум низ онро барои аммаҳояшон дӯст намедоранд». Паёмбар (с) фармуд: - «Оё ин амалро барои холаат дӯст медорӣ?» Ҷавон гуфт: - Қурбони шумо шавам эй Расули Худо, на, савганд ба Худо, (ҳаргиз дӯст намедорам воқеъ шудани чунин амалро). Ӯ (с) фармуд: - «Мардум низ инро барои холаҳояшон дӯст намедоранд». Ровӣ мегӯяд: - Пас, Паёмбар (с) дасташро болои он ҷавон гузошта гуфт: - «Эй бор Худоё, гуноҳонашро биёмурз, қалбашро поку тоҳир бигардон ва аз иртикоби зино ҳифозаташ бинамо». Ровӣ мегӯяд: - Пас аз ин воқеъа ҷавон ба сӯи чизе (аз гуноҳ) илтифот (назар) намекард.
Қиссаи адолати Паёмбар (с) дар масъалаи зане, ки дуздӣ карда буд
Урва ибни Зубайр (р) ривоят мекунад, ки зане дар замони Паёмбар (с) дар ғазваи «Фатҳ» даст ба дуздӣ зада буду қавми ӯ аз Усома ибни Зайд (р) хостанд, то назди Паёмбар (с) онро шафоъат кунад. Чун Усома назди Паёмбар (с) аз ин боб сухан оғоз намуд, ранги чеҳраи Расули Худо (с) дигаргун шуда гуфт: - «Оё дар бораи ҳадде (ҳукми ҷазои муайян намудаи шаръ) аз ҳудуди Худованд маро сухан мегӯӣ (яъне, назди ман шафиъ мешавӣ)?» Усома гуфт: - Эй Расули Худо (с), бароям талаби омурзиш кун. Чун шомгоҳон шуд, Паёмбар (с) хутба эрод намуда, ҳамду санои Худоро ба ҷой оварда, гуфт: - «Аммо баъд: - Ҳароина, мардумоне, ки пеш аз шумо буданд, ба он сабаб ҳалок шуданд, ки агар шахси дорову соҳибманзалату тавоное дуздӣ мекард, ӯро ба ҳолаш мегузоштанд ва агар шахси заъифу нотавон дуздӣ мекард, ҳаддро (ҳукми ҷазои дуздиро) бар вай ҷорӣ менамуданд. -Савганд ба он зоте, ки нафси ман дар дасти Ӯст, агар Фотимаи духтари Муҳаммад дуздӣ кунад, дасташро қатъ хоҳам кард. Баъд аз он Расули Худо амр намуд, то дасти он занро бурида шуд ва тавбааш накӯ гардид ва баъдан издивоҷ намуд. Оиша (р) мегӯяд: - Баъдан он зан ҳар вақт, ки барои ҳоҷате меомад, ҳоҷаташро ба Расули Худо (с) мерасонидам.
Аз Паёмбар (с) чизе пурсида шавад, манъ намекунад
Саҳл ибни Саъд (р) ривоят мекунад, ки зане назди Расули Худо (с) омад ва бо худ ҷомае (бурдае) дошту гуфт: - Эй Расули Худо (с) ин ҷомаро овардаам, то шумо онро бипӯшед. Расули Худо (с) он ҷомаро гирифта ба бар карданд, зеро ба он ниёз доштанд. Сипас, яке аз асҳобаш онро бар тани Расули Худо дида гуфт: - Эй Расули Худо (с), аҷаб либоси шинаме, мехоҳам онро ба ман пӯшонед. Расули Худо (с), «бале, хуб шудааст» гуфта, ҷомаро бар тани он саҳобиашон пӯшониданд. Чун Расули Худо (с) аз маҷлис берун шуданд, асҳоб он мардро барои ин рафтораш сарзаниш намуда гуфтанд: - Кори хубе накардед, ки онро аз Расули Худо (с) гирифтед ва ҳол он ки дида будед, ки эшон онро дар ҳоли эҳтиёҷ доштанашон гирифта буданд ва шумо медонистед, ки ҳар чизеро, ки аз ӯ(с) пурсида шавад, манъ намекунад! Он мард гуфт: - Савганд ба Худо, ин корро танҳо ба хотири баракати он ҷома, ки аз ба бар кардардани Расулуллоҳ ҳосил намудааст кардам, ки шояд бо он ҷома кафан карда шавам.
Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки аз гуруснагӣ азоб мекашид
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: - Ман дар ҳолати ногувор ва пурмашаққату эҳтиёҷи гуруснагӣ қарор дорам. Он Ҳазрат(с) нафареро назди яке аз ҳамсаронаш мефиристад, то чизе биёрад, вале он ҳамсараш мегӯяд: - Савганд ба Худо, чизе надорам, ба ҷуз об. Сипас, он Ҳазрат (с), назди ҳамсари дигараш кас мефиристад ва ӯ низ чунин ҷавоб мегӯяд. Хулоса ҳамаи ҳамсаронаш мисли ҳамин посухро медиҳанд. Сипас, он Ҳазрат (с) мефармояд: - «Ҳар касе, ки ин мардро имшаб меҳмон гирад, Худованд ӯро шомили раҳматаш қарор диҳад». Марде аз ансор аз ҷой бархоста меҳмондории он мардро ба гардан мегирад ва ба хона рафта ба ҳамсараш мегӯяд: - Оё дар хона чизе барои хӯрдан доред? Ҳамсараш мегӯяд: На, чизе нест, магар хӯроки кудаконамон. Мард мегӯяд: - Чун (тифлон) хӯроки шом хостанд онҳоро бо чизе машғул бисоз ва коре карда бихобонашон ва ҳамин, ки меҳмон омад ва хурокро ҳозир кардӣ, шамъро хомӯш намо ва чунин нишон деҳ, ки гӯё мо низ хӯрда истодаем. Дар дигар ривоят омадааст: - Чун майл ба хӯрдан намуд, чароғро хомӯш намо. Ровӣ мегӯяд: - Эшон нишастанд ва меҳмон хӯрдан гирифт ва ҳар ду бо шиками гурусна хобиданд ва чун субҳ назди Расули Худо (с) омаданд, он Ҳазрат (с) фармуданд: «Шумо зану шавҳар дар муъомала бо меҳмони дишабаатон, Худовандро хушнуд сохтед». Дар дигар ривоят зиёда омадааст, ки пас ин оят нозил шуд. «...ва дигаронро бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳарчанд худ мӯҳтоҷ бошанд...» (Сураи Ҳашр ояти 9).
Паёмбар (с) ва қиссаи фурӯхтани Абудаҳдоҳ бӯстонашро бо дарахте дар биҳишт
Аз Анас (р) ривоят аст, ки марде гуфт: - Эй Расули Худо (с) фалон шахс дар ҳамсоягии ман дарахти хурмое дорад ва ман мехоҳам он ҷо девори боғамро бино намоям. - Мехоҳам амраш намоед то онро ба ман бахшад. Паёмбар (с) ба он мард гуфт: - «Онро дар ивази дарахти хурмое дар ҷаннат ба ӯ бидеҳ». Он мард қабул накард. Ровӣ мегӯяд: - Сипас Абудаҳдоҳ омада ба он марди соҳиби дарахти хурмо гуфт: - Дарахти хурмоатро дар ивази боғи атрофаш девордори ман ба ман фурӯш. Он мард розӣ шуд. Абудаҳдоҳ гуфт: - Эй Расули Худо (с), дарахти хурмоашро дар ивази бӯстонам харидам, ки акнун он моли шумост ва метавонед онро ба он мард бидиҳед. Паёмбар (с) фармуд: - Абудаҳдоҳ аҷаб дарахти хурмои пурмеваи ҷаннатиро соҳиб гашт. Ва Паёмбар (с) ин суханро чандин бор такрор мекунад. Ровӣ мегӯяд: - Он мард назди ҳамсараш омада гуфт: - Эй модари Даҳдоҳ, аз бӯстон берун шав, ки ман онро ба ивази дарахти хурмое дар ҷаннат фурӯхтам. Ӯ (модари Даҳдоҳ) гуфт: - Аҷаб хариду фурӯши фоиданоке ! Ё сухане гуфт, ки монанди ин буд.
Қиссаи Паёмбар (с) ва Усмон (р) дар харидории чашмае аз чашмаҳои биҳишт
Аз Башир ал-Асламӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Замоне, ки муҳоҷирон ба Мадина омаданд аз беобӣ азият мекашиданд. Марде аз бани Ғиффор чоҳе дошт, ки онро чоҳи Рума мегуфтанд ва оби он чоҳро ба мардум мефурӯхт. Паёмбар (с) ба ӯ гуфтанд: - «Чоҳатро ба ивази чоҳе дар ҷаннат ба ман фурӯш.» Он мард гуфт: - Ё Расулаллоҳ, ман фурӯхта наметавонам, зеро ман ва аҳлу аёлам ба ҷуз ин чоҳ манбаи дигари даромад надорем. Чун ин хабар ба Усмон (р) расид, он чоҳро ба маблағи сивупанҷ ҳазор дирҳам аз он мард харидорӣ кард. Баъд аз он назди расули Худо (с) омада гуфт: - Эй Расули Худо (с), оё барои ман низ чоҳе дар ҷаннат ваъда медиҳӣ, чуноне, ки барои он мард ваъда карда будӣ? Он Ҳазрат (с) фармуданд: - «Бале»! Усмон (р) гуфт: - Он чоҳро ман харидам ва дар хизмати мусалмонон гузоштам.
Қиссаи гуруснагии Расулуллоҳ (с) дар рӯзи «Хандақ» ва бастани санг дар шикамашон
Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Мо рӯзи муҳорибаи Хандақ чуқурӣ мекандем ва ногоҳ ба чизи сахте рӯ ба рӯ шудем, ки табару каланд ба он кора намекард. Пас ҳама ба Паёмбар (с) муроҷиъат намуда гуфтанд: - Ин санги бузургест, ки дар Хандақ баромадааст. Он Ҳазрат (с) фармуд: - «Ман ҳозир ба он ҷо мефароям». Баъд аз он Расули Худо (с) аз ҷой бархост ва аз гуруснагӣ дар шикамаш санг баста буд ва мудати се рӯз буд, ки обу ноне начашида будем ва табари бузурги сангшиканро гирифта ба он санг зад ва санг пора-пора шуд. Сипас, ман аз Расули Худо (с), иҷозат пурсида хона рафтам ва ба занам гуфтам: - Ҳолати Паёмбар (с)-ро чунон ёфтам, ки сабрам намонд. - Оё чизе дар хона дорӣ? Гуфт: -Миқдоре ҷав ва як чорпои хурд ҳаст. Сипас он чорпои хурдро забҳ намуда ҷавро орд кардам ва гӯштро дар дег андохтам, то ки пухта таёр шавад ва худам ба назди Расули Худо (с) рафта гуфтам: - Эй Расулуллоҳ (с), каме таъом ҳаст, шумо ва як ду нафари дигар бо ман биёед. Он Ҳазрат (с) пурсиданд: - «Чӣ миқдор аст?». Чун миқдори таъомро барояш маълум кардам, гуфт: - «Бисёр хуш ва пок аст. - Ба ҳамсарат бигӯ, то омадани ман дегро аз дегдон ва нонро аз танӯр нагирад». Сипас (ба он ҷо будагон) гуфт: - «Бархезед !» Пас, муҳоҷирон ва ансор ва касе, ки ҳамроҳаш буд, аз ҷой бархостанд. (Ҷобир(р) мегӯяд:) - Чун назди ҳамсарам расидам, гуфтам: - Вой бар ҳоли ту, Паёмбар (с) бо муҳоҷирину ансор омада истодаанд. Ҳамсарам гуфт: - Оё шуморо пурсиданд? Гуфтам: - «Бале». Сипас Паёмбар (с) фармуд: - «Даромадан гиред ва издиҳом накунед». Расули Худо (с) нонро шикаста бо гӯшт якҷоя карда тақсим мекард ва чун (нонро) аз танӯр ва (гуштро аз) дег мегирифт даҳони ононро бо сарпӯше мепӯшонид ва ба ёронашон оварда тақсим мекарданду боз пас мебурданд. Ин амалро анҷом додан гирифт, то ин ки ҳама сер шуданд ва таъом боқӣ монд. Он Ҳазрат (с) фармуданд: - «Ин таъомро хӯред ва аз он гирифта ҳадя намоед, зеро мардум гурусна ҳастанд».
Қиссаи баракати Набӣ (с) дар таъоми Абуталҳа
Аз Анас (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Абуталҳа* ба Умми Сулайм гуфт: - Овози Расулуллоҳ (с)-ро шунидам, ки хеле заъиф буд ва дар он асари гуруснагиро эҳсос намудам, оё чизе барои хӯрдан доред? Умми Сулайм гуфт: - Бале, пас чанд дона нони ҷавинро бароварда дар порчае печонда зери ҷомаи ман, яъне Анас, писараш, гузошта ба назди Расулуллоҳ фиристод. Анас (р) мегӯяд: - Нонро гирфта ба масҷид рафтам, ки Паёмбар (с) бо баъзе мардум нишаста буд. Чун болои сарашон истодам Расули Худо (с) фармуд: - «Абуталҳа туро фиристод?» Гуфтам: - Бале. Боз фармуд: - «Таъом аст»? Гуфтам: - Бале. Сипас Паёмбар (с) ба ҳамнишинонаш гуфт: - «Бархезед». Анас (р) мегӯяд: Пас якҷоя бо Расули Худо (с) ва ёронаш омадем ва ман пештар аз онҳо омада Абуталҳаро огоҳ кардам. Абуталҳа гуфт: - Эй Умми Сулайм, Паёмбар (с) бо мардум омада истодааст ва мо чизе надорем, ки ба онҳо хӯронем. Ӯ гуфт: - Худованд ва Расулаш донотар аст. Анас (р) мегӯяд: - Сипас, Абуталҳа ба пешвози Расули Худо (с) баромада ҳарду якҷоя дохили хона шуданд ва Паёмбар (с) фармуд: - «Эй Умми Сулайм, ҳар чӣ доред биёред». Пас ӯ он нонҳоро овард ва бо дастури Паёмбар (с) реза-реза карда ба болояшон равған рехт. Сипас Расули Худо (с) бар онон чизе аз дуъоҳо хонда, баъд аз он фармуд: - «Ба даҳ нафар иҷозати дохил шудан диҳед». Ба даҳ нафар иҷозат доданд ва он даҳ нафар хӯрда сер шуда берун рафтанд. Баъд аз он фармуд: - (Боз) «Барои даҳ нафар иҷозат диҳед». (Ин) даҳ нафар (низ) дохил шуда, то сер шуданашон хӯрда, берун баромаданд. Ба ҳамин шакл ҳамаи мардум. ки теъдодашон 70-80 нафар мард буд, хӯрда сер карданд.
Қиссаи дохил шудани Амр назди Паёмбар (с) ва қиссаи аҷиби ба Ислом рӯ овардани ӯ
Аз Амр ибни Мурраи Ҷуманӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Дар замони ҷоҳилият бо гурӯҳе аз ҳамқавмҳоямон ба мақсади
ҳаҷ баромадем. Дар хобам дидам, ки дар Макка ҳастам ва аз хонаи Каъба нури дурахшоне баромад, ҳатто, ки кӯҳҳои Мадина ва кӯҳи Ашъараи Қабилаи Ҷуҳайна бароям дурахшид ва аз он нур овозе шунидам,
ки мегуфт: - Торикиҳо (ширк ва бе динӣ) бартараф шуд ва нур (Ислом) дурахшид ва хотамул-анбиё (Муҳаммад (с)) фиристода шуд. Баъд аз он бори дуввум рӯшноӣ кард ва ин маротиба қасрҳои Ҳира ва
Мадоинро дидам ва аз он нур овозе шунидам, ки мегуфт: - Ислом зоҳир гашту бутҳо шикаста шуд ва силаи раҳм риъоя шуд. Ман дар ҳолати тарсу даҳшат аз хоб бедор шуда ба қавмам гуфтам: - Савганд ба
Худо, ба ростӣ, ки дар маҳаллаи Қурайш ҳодисае рух медиҳад. Сипас, хоби дидаамро барояшон нақл кардам. Чун баргашта ба диёри худ расидем, ба мо хабар расид, ки марде бо номи Аҳмад Паёмбар
шудааст. Вақте ба назди ӯ (с) омада, он чӣ дар хоб дида будам барояш нақл кардам ӯ (с) фармуд: - Эй Амр ибни Мурра, ман набийи фиристодашуда ба сӯи ҳамаи мардум ҳастам, ки онҳоро ба Ислом
мехонам ва ба ҳифзи хуни мардум ва силаи раҳм даъват мекунам. Инчунин аз онҳо мехоҳам, ки Худои ягонаро парастиш намоянд ва аз бутҳо рӯй гардонанду ҳаҷҷи байтуллоҳ намоянд ва рӯзаи моҳи
рамазонро, ки яке аз моҳҳои дувоздаҳгона аст, бидоранд. Ҳар шахсе, ки ин даъватро иҷобат намояд, мукофоташ ҷаннат аст ва касе нофармонӣ кунад, ҷойгаҳаш дӯзах аст. - Эй Амр, имон биёвар,
Худованд туро аз даҳшати ҷаҳаннам эмин медорад. Пас гуфтам: - Шаҳодат медиҳам, ки Худо яккаву ягона аст ва шумо фиристодаи Ӯ мебошед ва ба ҳамаи он чӣ аз ҳалолу ҳаром, ки мехонед, имон овардам,
гарчанде бисёре аз ақвом онро рад мекунанд. Баъд аз он, порае аз назмеро, ки ҳангоми шунидани биъсати он Ҳазрат (с) хонда будам барояш сурудам. Ва инчунин барои мо буте буд, ки онро падарам
сохта буд, рафта онро шикастаму ба хидмати Паёмбар (с) расидам ва Паёмбар (с) бароям гуфтанд: - «Марҳабо, хуш омадӣ эй Амр».
Қиссаи ҷустуҷӯи он Ҳазрат (с) аз ёваре, ки дар даъвати ба сӯи
Худо ӯро кӯмак кунад ва ба ивазаш вориди ҷаннат шавад
Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) дар Макка даҳ сол истода мардумро дар ҷойҳои ҷамъиятие монанди бозорҳои машҳури Укоз ва
Миҷанна ва дар мавсими ҳаҷ пайгирӣ карда мегуфт: - «Оё касе ҳаст, ки маро паноҳ дода кӯмак кунад, то рисолати Парвардигорамро расонам ва бар ивазаш соҳиби ҷаннат шавад?». Пас касеро пайдо
накард, ки паноҳгоҳаш диҳад ва кӯмакаш кунад, то ин ки марде аз Яман ё аз Музар (яке аз қабилаҳои араб) мебарояд ва ҳамқавмон ва хешу ақрабояш ба наздаш омада ӯро ҳушдор медиҳанд, ки аз
ҷавонмарди Қурайшӣ канораҷӯи кунад, то ӯро бероҳа накунад ва ӯ дар байни зиёраткунандагон мегашту мардум бо ангушт ба сӯяш ишора мекарданд ва ҳол инчунин буд, то ки Худованд моро аз Ясриб назди
ӯ фиристод ва ба ӯ(с) имон овардем ва паноҳаш додем. Сипас, мардум аз байни мо ба тадриҷ ба сӯи Макка рафта имон меоварданд ва Қуръонро меомӯхтанд ва баргашта аҳлу аёли худро низ, ба Ислом
мехонданд. Дар натиҷа ҳеҷ ҳавлие дар Ясриб боқӣ намонд, ки гурӯҳе он ҷо Исломро напазируфта бошад ва ба дигарон талқин накунад. Баъд аз чанде, ҳамагӣ машварат карда гуфтанд: - То ба кай Расули
Худо (с) бо азобу машаққат ва ҳарос дар Макка мегардад? Сипас, ҳафтод мард аз мо дар мавсими ҳаҷ бо он Ҳазрат (с) вохурда, дар шиъби Ақаба бо ӯ (с) ҷамъ омада гуфтем: - Эй Расули Худо (с)! Бо
шумо чӣ гуна байъат намоем? Ӯ (с) фармуд: «Бо ман байъат мекунед бар ин, ки дар ҳама ҳолатҳои хушӣ ва нохушӣ маро итоъат мекунед ва дар хама ҳолатҳои дороӣ ва нодорӣ (ба андозаи қудрату
тавоноиятон дар роҳи Худо) хайру эҳсон менамоед ва амр ба маъруф (ба корҳои нек амр намудан) ва наҳй аз мункар (аз корҳои бад боз доштан) мекунед ва дар роҳи Худо бе тарсу ваҳм сухани ҳақро
мегӯед ва бар ин, ки ҳар гоҳ назди шумо ба Мадина рафтам, маро монанди аҳл ва хонаводаи худатон дифоъ мекунед ва ба ивази ин ҷаннатро соҳиб мешавед».
Қиссаи азобу азияте, ки он Ҳазрат (с) аз
аҳли Қурайш дидааст
Урва ибни Зубайр (р) мегӯяд: - Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос пурсидам: - Аз шадидтарин корҳое, ки мушрикҳо ба Расули Худо (с) кардаанд, маро огоҳ намоед. Ӯ гуфт: - Ҳангоме,
ки Расули Худо (с) дар Каъба намоз мегузорид, Уқба ибни Абумуъайт омада дасторашро ба гардани ӯ (с) ҳалқа занонда буғӣ кард, ки дар ҳамин вақт Абубакр (р) омада, ӯро аз китфонаш гирифта аз
Паёмбар (с) дур сохт ва фарёд кард: - «Оё мекушед мардеро, ки мегӯяд Худои ман Аллоҳ аст ва ҳол он ки ба шумоён далелу бурҳон аз Парвардигоратон овардааст?!».
Қиссаи гузоштани ахлоти уштур
бар пушти Паёмбар (с) дар ҳоле, ки ӯ намоз мегузорид
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чунин ривоят мекунад: - Паёмбар (с) дар назди хонаи Каъба намоз мегузорид ва Абуҷаҳл бо чанде аз ёронаш нишаста
буданд. Сипас, баъзе аз онҳо гуфтанд: - Кадоме аз шумо ахлотҳои уштурони фалон қавмро меорад ва ҳини саҷда карданаш бар пушти Муҳаммад меандозад? Яке аз бадтарин ва пасттарини қавмро
фиристоданд ва ӯ он ифлосиҳоро ҳозир кард ва интизор истод, то ин ки он Ҳазрат (с) ба саҷда рафт, пас, онро бар болои пушт ва миёни ҳарду китфони Муҳаммад (с) гузошт ва ман ин манзараро
мушоҳида мекардам, аммо аз дастам чизе намеомад. Ровӣ мегӯяд: - Онҳо масхаракунон бо завқ механдиданд ва аз шиддати ханда ба сӯи ҳамдигар хаму рост мешуданд ва Расулуллоҳ (с) дар ҳоли саҷда буд
ва сари муборакро аз саҷда бар надошт, то ки Фотима (р) омада он ахлот ва саргини вазнину сангини уштурҳоро аз пушти падараш гирифта дур андохт. Паёмбар (с) сарашро бардошта гуфт: - «Худоё,
Қурайшро худат саришта кун !» ва ин дуъоро се маротиба такрор кард. Мушрикон чун ин дуъоро шуниданд, хеле мутаассир шуданд. Ровӣ мегӯяд: - Онҳо чунин бовар доштанд, ки дуъо дар ин ҷои муқаддас
мустаҷоб (мавриди қабул) аст. Баъд аз он ном гирифта дуъо кард: - «Худоё, Абуҷаҳлу Утба ва Шайбаву Валид ва Умаяву Уқба ибни Абумуъайтро ба Ту супоридам». Ровӣ мегӯяд: - Ҳафтум нафарро низ ном
гирифт, лекин дар хотирам намондааст. Инчунин ровӣ илова кардааст: - Савганд ба Худое, ки нафси ман дар дасти Ӯст, касонеро, ки Расули Худо (с) он ҷо номбар карда буд, дар ғазваи Бадр ҳамаашро
кушта дидам.
Қиссаи озору азияти аҳли Тоиф ба Паёмбар (с) ва нозил шудани малоикаи кӯҳҳо барои нобудии эшон
Аз Урва ибни Зубайр (р) ривоят аст, ки мегӯяд: - Оиша (р) ба Паёмбар (с) гуфт: -
Оё ба сари шумо рӯзе омада, ки сахттар аз рӯзи «Уҳуд» бошад? Он Ҳазрат гуфт: - «Аз қавми шумо бисёр чизҳо дидаам ва шадидтарини онҳо рӯзи Ақаба буд, ки бо ибни Абдуёлайл ибни Абдукалол вохурдам
ва пешниҳодамро қабул накард. Сипас ман бо ғаму андӯҳ равон гаштам ва танҳо дар мавзеъи «Қарни саъолиб» ба худ омадам. Чун сар бардоштам, абре дидам болои сарам соя меафканд ва аз болои он
Ҷабраил (а) маро нидо карду гуфт: - Худованд суханони қавмат ва радди эшонро ба шумо шунид ва малоикаи кӯҳҳоро фиристод то ба он чӣ дар ҳаққи онҳо мехоҳӣ, амраш намоӣ. Пас, малоикаи кӯҳҳо нидо
кард ва ба ман салом дода гуфт: - Эй Муҳаммад, агар хоҳед ин ду кӯҳро болои эшон андозам. Паёмбар (с) мегӯяд: - «Балки умед дорам, ки Худованд аз насли онҳо касонеро ба дунё оварад, ки Худои
ягонаро ибодат намуда ба Ӯ шарике наёваранд».
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]