[legko.require("/_sys_/_head.html")]
ПОСУХҲОИ РАСУЛУЛЛОҲ (с)
Оварданд, ки рӯзе аъробие дар назди ҳазрати Расул (с) омада гуфт:
- Ё Расулуллоҳ (с), мехоҳам ва чӣ бояд кард, ки донотарини мардумон бошам?
- Аз Оллоҳ Таъоло битарс!
- Тавонгартарини мардумон бошам?
- Ба неъматҳои Худои Таъоло шокир бош!
- Беҳтарини мардумон бошам?
- Ба халқу Худои Таъоло манфиат расон!
- Дӯсти Худо бошам?
- Доим Қуръон хон!
- Бузургтарини мардумон бошам?
- Маргро ёд овар!
- Аз раҳмати Оллоҳ бархурдор бошам?
- Ба мардумон меҳрубон бош!
- Қавитарини мардумон бошам?
- Таваккал ба Худои Таъоло кун!
- Азизтарини мардумон бошам?
- Парҳезгор бош!
- Дарозумртарини мардумон бошам?
- Синаи раҳм нигоҳ кун!
- Фараҳмандтарини мардумон бошам?
- Ҳамеша бо вузӯъ бош!
- Ба дӯзах гирифтор нашавам?
- Хашматро фурӯ бихӯр!
- Сабуктарини мардумон бошам?
- Аз ҳеҷ кас чизе махоҳ!
- Мустаҷобуддаъват бошам?
- Аз луқмаи ҳаром парҳез кун!
- Сиррам фош нашавад?
- Сирри мардум фош макун!
- Гуноҳи банда ба чӣ амвол авф шавад?
- Ба бечорагӣ ва ниёзмандӣ!
- Дар номаи аъмолам фотиҳаи хайрӯ бошад?
- Волидонро хушнуд дор!
- Ғазаби Худованд бар ман набошад?
- Садоқат пинҳонӣ кун!
- Худованд аз ман хушнуд бошад?
- Волидонатро розӣ кун, нафсатро лаҷом зан, рӯза дор!
- Мӯъмини ҳақиқӣ мебошам?
- Мӯъминро наёзорӣ!
- Аз боми қиёмат эмин бошам?
- Миёни намози асру шом дар зикри Худо бош!
- Дилу хотирам ҷамъ бошад?
- Либосатро аз наҷосат пок дор!
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]