[legko.require("/_sys_/_head.html")]
НАСИҲАТ ГӮШ КУН ҶОНО
Эй, бас ки набошему ҷаҳон хоҳад буд,
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.
З-ин пеш набудему набуд ҳеҷ халал,
З-ин пас чу набошем, ҳамон хоҳад буд.
Шайх Неъматуллоҳи Кирмонӣ баъди сайру сафарҳои зиёд ба хулосае омада, ки дунёи фонӣ бақо надорад. Бинобар он ӯ одамонро ҳамеша ба саховатмандию ҷавонмардӣ даъват намудааст.
Замоне фикр кун дар кори олам,
Бубин, к-аз даври Одам то бад-ин дам.
Киён буданду ин лаҳза куҷоянд?
Саросар ғарқи дунёи фаноянд.
Куҷо шуд Одаму ку Нӯҳу Ҷирҷис,
Куҷо шуд Дониёлу Шису Идрис?
Куҷо шуд Юсуфу Сиддиқу Яъқуб?
Куҷо шуд Юнусу Зулкафлу Аюб?
Куҷо шуд ҳашмати мулки Сулаймон?
Куҷо шуд дониши бисёри Луқмон?
Ку Иброҳиму Исмоилу Довуд?
Ку Исҳоқу куҷо шуд Солеҳу Ҳуд?
Куҷо шуд сарвари Авлодu Одам?
Муҳаммад садру бадри ҳарду олам.
Ҳама рафтанду мо аз пай равонем,
Ҳамоно к-аз шумори рафтагонем.
Агар ҷоҳил найӣ в-аз оқилонӣ,
Машав ғарра бад-ин дунёи фонӣ.
Бо вуҷуди фонӣ будани дунё Яздони пок ба мо дар ин дунё ҳам биҳишт ато кардааст. Магар рӯдҳои шӯхоб, ҷӯйҳои равон, ҳавсҳои пуроб, меваҳои шаккарину гулҳои анбарин, зимистони нарму тобистони салқин аломати биҳишт нестанд.
Дустони азиз, барои ҳамаи неъматҳои номбурда ҳар лаҳза шукри Худо намуда, бо чунин тарз зиндагонӣ намоед:
- Бо нони ҳалол, покиза зиндагонӣ намоед,
- Иморатҳои зебо сохта дар он истиқомат кунед.
- Фарзанди боодоб ва солеҳ тарбия намоед.
- То тавонед, ниҳолҳои мевадор шинонед ё боғ бунёд кунед.
- То тавонед, дилеро ба даст оред, вале наранҷонед.
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Дил гузаргоҳи ҷалили Акбар аст,
Каъба бунёоди Халили Озар аст, гуфтаанд.
Аммо дар замони муосир қадру қиммат, ҳурмату эҳтиром, одаму одамгарӣ, одобу ахлоқ, дӯстиву рафоқат, ҳаққу ҳамсоягӣ, хешу таборӣ, бародарию хоҳарӣ, худшиносию хештаншиносӣ, ҳатто волидию фарзандӣ коҳиш ёфта маънавиётамон хеле коста гардидааст. Ба замоне омада расидем, ки муҳити олам пур аз шӯру шар буда, сухани кас ба касе маъқул нест. Бисёр касон насиҳат шунидан намехоҳанд. Бисёр одамон, алалхусус ҷавонон ба тарбияи фарзандонашон аҳамият намедиҳанд. Ҳамин ки бегоҳ шуд ҳама аҳли оила гирди оинаи нилгун нишаста тавъам ҳамаи намоишҳоро мебинанд, ки ин кор то бевақтии шиб идома мекунад. Пагоҳии рӯзи дигар то чоштгоҳ ҳама дар хоби ғафлат. Бачагон бошанд, насиҳат як сӯ истад, ҳатто супоришҳои мактабиро ҳам иҷро накарда саросемавор ба мактаб мераванд.
Дар натиҷа бачагон салому алек, пурсу посух ва баъзе ириму диримҳои ниёгонамонро наомӯхта ба воя мерасанд, ки ин ба ҳаёти ояндаи эшон бетаъсир намемонад.
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]