[legko.require("/_sys_/_head.html")]
ДАҲ САДБАРГ
Аз “Хушбахттарин зан дар олам”
Садбарги якум:
Дар хотир дошта бош, ки Парвардигорат омӯрзишхоҳандаро меомӯрзад, тавбаи тавбакунандаро мепазирад ва шахси ба сӯяш ояндаро қабул мекунад.
Садбарги дуюм:
Ба бечорагон раҳму меҳрубонӣ кун то хушбахт шавӣ; ба мӯҳтоҷон ато намо то шифо ёбӣ; бадбиниҳоро таҳаммул бикун, то саломат бимонӣ.
Садбарги саввум:
Худо ҳамроҳи туст ва фариштагон бароят омӯрзиш мехоҳанд ва биҳишт интизори туст.
Садбарги чаҳорум:
Ашки чашмонатро бо ғарази некӯӣ хостан аз Парвардигори худ пок намо ва бо ёд кардани неъматҳои Худованд ғамҳоятро дур бикун.
Садбарги панҷум:
Гумон макун, ки дунё барои касе комил шуда бошад. Дар рӯйи замин касе нест, ки тамоми хостаҳояш ҳосил шуда бошад ва аз зиёни ғаму мушкилот эмин бимонад.
Садбарги шашум:
Мисли дарахти хурмо олиҳиммат бош, ки аз озор додан барҳазар аст, чун бо санг онро бизанӣ, меваашро бароят ҳадя диҳад.
Садбарги ҳафтум:
Оё боре шунидаӣ, ки андӯҳгин шудан чизи аз даст рафтаро бозпас орад, ё ғамгинӣ хастагиро ислоҳ кунад? Пас ғаму андӯҳ кашидан чӣ зарурат дорад?!
Садбарги ҳаштум:
Нороҳатӣ ва фитнаи ҳаромро интизор мабош, балки эминӣ ва сиҳатмандиро, агар Худо хоста бошад, нигарон бош.
Садбарги нӯҳум:
Дар ивази бахшидани гуноҳи тамоми шахсоне, ки бароят бадӣ кардаанд, оташи кинаро дар дилат хомӯш бигардон.
Садбарги даҳум:
Ғуслу таҳорат, хушбӯию мисвок ва низому тартиб давоҳое ҳастанд, ки туро аз тамоми бадбахтию мушкилот, агар Худо хоста бошад, наҷот мебахшанд.
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]