[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Шеърҳо
Чун теша ба суи худ доим матарош,
Чун ранда зи кори худ бебахра мабош.
Хамеша чу арра бош дар айни маош,
Гохе суи худ мекашу гохе мепошт.
Эй дил чи кунам Худо чунин мехохад,
Неъмат хамма бар душмани дин мехохад.
Фиравми лаъин нишаста бар тахти зарин,
Муссо зи Худо нони чавин мехохад.
Шайтон,ки ронда гашт ба чуз як хато накард,
Худро барои сачдаи одам ризо накард.
Шайто хазор мартаба бехтар зи бенамоз,
У сачда бари одаму ин бар Худо накард.
Он руз,ки обу хок бар хам задаанд,
Бад тинати одам рақами ғам задаанд.
Холи набувад одами аз дарду бало,
Кин зарбати аввалин бар одам задаанд.
Хангоми шаби қабр чу хангоми бахор,
Дилтанг мабошед дар ин кулбаи тор.
Мо мехмонем сохиби хона Карим,
Харгиз набувад карим мехмонозор
Ё Раб,ту чунон кун,ки парешон нашавам,
Мухточи бародарону хешон нашавам.
Бе миннати халқ худ маро рузи дех,
То аз дари ту бар дари эшон нашавам.
Гар холи нек хохи фарзандро хамеша,
Омузаш эй бародар Қуръону хатту пеша.
Зеро,ки пеша бояд рузе ки кор уфтад,
Чун пешае надонад белу каланду теша.
Ё чун хате надонад ё пешае надонад,
Пас гову хар чаронад дар куху дару дашта
асоси1 [legko.require("/_sys_/_foot.html")]