[legko.require("/_sys_/_head.html")]
Зиндагиномаи саййида Руқая (р)
(Силсиламақолаҳои духтарони Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам, №2)
Руқая (р) падарашон Муҳаммад (с) ва модарашон Хадиҷа (р) мебошад, баъди Зайнаб (р) мутаваллид шуда, бо ҳамроҳи модар ва хоҳаронаш Ислом оварда, ду ҳиҷрат намудааст: яке ба сўи ҳабаша ва дигаре ба сўи Мадинаи мунаввара.
Хонадор шавии ў (р)
Бо Утба ибни Абулаҳаб оила барпо намуд ва чун сухани Худо дар ҳақи Абулаҳаб нозил шуд:
«Дастҳои Абулаҳаб бурида бод ва ҳалок бар ў бод».
(Сураи масад, ояти 1)
Абулаҳаб ба писараш гуфт: сарам аз сарат ҳаром бод, агар духтарашро талоқ надиҳӣ! Сипас, пеш аз ин,ки духул сурат гирад (ҳамхоба шаванд), Утба ўро талоқ дод.
Паёмбар (с) алами талоқашро чашиданд. Талоқ ин шикасти зан мебошад ва инчунин шикаст барои волидайн аст ва чун Худо паёмбар (с)-ро пешвои ҳасана қарор намудааст, барои муъминон то рӯзи қиёмат паёмбар (с) дар тамоми мавқиф ҳамчун шахси комил истодагарӣ намуданд, дарди фақдони фарзандро ва талоқи духтарро чашиданд ва чашиданд дарди ончиро, ки дар ҳаққи Оиша (р) дар Мадина паҳн шуд, дар ҳоле ки ин лоиқи ў (Оиша) набуд ва инчунин фақр ва дороиро чашиданд, ҳазимат ва пирўзӣ барояшон пеш омад, касалӣ ва саломатиро чашиданд… Дар тамоми имтиҳонҳои илоҳӣ мавқифи шахси комилро доштанд, то барои мову шумо умматон, пешвои ҳасана бошанд.
Чӣ касе Руқая (р)-ро ба занӣ гирифт?
Ба сабаби ояте, ки нозил шуд, байни Руқая (р) ва Утба талоқ воқеъ шуд, пеш аз ин, ки духул сурат гирад, Усмон барои хостигорӣ назди Паёмбар (с) омад, то аз шарафи хеш шудан бо паёмбар (с) ноил гардад, Паёмбар (с) талаби Усмонро пазируфтанд ва ӯ аввалин шахсе буд, ки дар зери дасти Абубакар (р) Исломро пазируфт.
Дар ҳаққи ин ду ҷуфт чунин гуфта шудааст:
Ба мисоли ин ду ҷуфт зебогие дида намешуд ва чунон хурсанду хушбахт буданд, вале ин хушбахтӣ дер давом накард. Чаро? Зеро, вақте хешовандони Усмон (р) фаҳмиданд, ки ў исломро пазируфтааст, алоқашонро бо Усмон (р) қатъ карданд ва чун шуниданд, ки бар замми исломаш, боз духтари Муҳаммад (с)-ро ба занӣ гирифтааст, оташи душманиашон зиёдтар шуд. Инчунин, шаъни ҳаққу ботил ҳамин аст, то рўзи қиёмат, абабаш дар пайравӣ мебошад, зеро ў пайравӣ аз ҳақ мекунад ва онҳо пайравӣ аз ботил. Усмон (р) дар байни қавмаш маконати бузурге дошт ва чун имон ба Муҳаммад (с) овард, ҳама атрофиёнашро аз даст дод. Ин як имтиҳони илоҳӣ мебошад. Як саҳобии бузурге аст, ки номаш Мусъаб ибни Умайр аст, як ҳаёти хиёлӣ дошт, беҳтарин таъомро мехурд, беҳтарин либос дар тан дошт ва як манзалати бузурге дошт, пулу мол дошт, зебо ва хушрӯй буд, дар ҳоле, ки ў ҷавон буд, ҳаёти бисёр хубе дошт ва чун Исломро пазируфт, тамоми аҳлаш аз ў дур шуданд ва тамоми дороияшро кашида гирифтанд. Ин ҳам имтиҳони илоҳӣ барои ў мебошад. Ту ҷаннатеро талаб мекунӣ, ки паҳноияш заминҳову осмонҳост ва абадист, имкон надорад, ки гирифтори бало нашуда, ба ин макон бирасӣ! Худо мефармояд: «Оё гумон доред, ки ба биҳишт хоҳед рафт ва ҳол он, ки ҳанӯз Худо маълум накардааст, ки аз миёни шумо чӣ касоне ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне сабр мекунанд?»
( Сураи оли Имрон, ояти 142).
ва дар дигар оят мефармояд:
«Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем (ва ба ягонагии Худо ва рисолати паёмбар иқрор кардаем), раҳо шаванд ва дигар (бо таколиф ва вазоиф ва ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Худо таҳаммул кард) озмоиш нашаванд».
(Сураи Анкабут, ояти 2).
Бале, Усмон (р) чун Ислом овард, аз машварати хешовандонаш даст кашид, барои ҳамин бо ў душманӣ карданд. Занону мардонаш, қурайш ва хешовандонаш аз пайи макру душманӣ барои ӯ ва ҳамсараш шуданд, зеро ў дини қавмашро тарк карду дини беҳтаринро тобеъ шуд.
қурайш нақша кашид, ки шахсоне ба Муҳаммад (с) имон меоваранд ва бо ӯ наздик мешаванд, бояд озоб дода шаванд. Ба Билол (р) менигарем, ӯро бароварда дар болои реги тафсон мехобонидану дар болояш санги калон мемонданд, то сахттар азоб бикашаду аз ин дин бигардад, вале Билол як сухан дошт, он ҳам бошад: «Аҳаду Аҳад». Ва ягона роҳи халосӣ аз ин ҳама ранҷу азоб ин буд, ки ҳиҷрат кунанд.
Ҳиҷрат ба сўи Ҳабаша
Барои заъифоне аз мусулмонҳо, ки аз сабаби Ислом оварданашон ранҷу азоб ва азият кашида буданд, аз ҷониби Худованд барои ҳиҷрат ба сўи Ҳабаша рухсат дода шуда буд. Ва чун паёмбар (с) диданд, ки худ тавонои манъ кардани азоби мушрикин аз асҳоби худро надоранд, ба асҳоб фармуданд: «агар ба диёри Ҳабаша ҳиҷрат намоед, дар он ҷой як падшоҳе ҳаст, ки дар назди ӯ касе зулм нахоҳад дид, то он даме, ки Худо кушоише бароятон насиб кунад».
Аз ин сухани паёмбар (с) чӣ чизе истинбот кардан мумкин?
Аз ин сухан инро истинбот кардан мумкин, ки паёмбар (с) барои асҳобашон бисёр мушфиқу меҳрубон буданд. Сипас, асҳоби паёмбар (с) ба ҳиҷрат баромаданд ба сабаби фитна дар динашон ва фирор карданд ба сўи Худо бо динашон ва ин аввалин ҳиҷрат дар Ислом буд.
Аввалин шахсе, ки ба ҳиҷрат равона шуд, ин Усмон (р) ва ҳамсараш Руқая (р) буд ва инчунин иддае аз саҳобагон (р) низ рӯй ба ҳиҷрат оварданд. Барои бузурдошти ҳиҷрат, Худованд оятҳое нозил кардааст, ки то рӯзи қиёмат тиловат карда мешаванд:
97. «Касоне ҳастанд, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки бар хештан ситам карда буданд. Аз онҳо мепурсанд: дар чӣ коре будед? Гӯянд: мо дар рӯи замин мардуме будем бечора. Фариштагон гӯянд: Оё замини Худо паҳновар набуд, ки дар он ҳиҷират кунед?. Макони инҳо ҷаҳаннам аст ва саранҷомашон бад! 98. Ғайри мардону занон ва кӯдакони нотавоне, ки ҳеҷ чорае наёбанд ва ба ҳеҷ ҷо роҳ набаранд.
(Сураи Нисо, оятҳои 97- 98).
Бозгашти Усмон (р) бо ҳамроҳи Руқая аз Ҳабаша
Баъзе аз асҳоб гумон карданд,ки қурайш Исломро пазируфтааст ва ин сабаб шуд, то баъзе асҳоб, аз он ҷумла Усмон (р) ва ҳамсараш-ро водор созад ба Макка бозгарданд. Чун Усмон (р) ва Руқая (р) бозгаштанд, аз ин хабари дуруғ шигифтзада шуданд. Шунидани хабари марги модараш, дидани азобу машаққати асҳоби паёмбар (с) бештар ба шигифташон овард ва аз Паёмбар(с) барои ҳиҷрат намудан ба сӯи Мадина рухсат талабиданд.
Ҳиҷрати Усмон (р) ва Руқая (р) ба сўи Мадинаи мунаввара
Усмон (р) ва Руқая (р) ба сўи Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карда, дар он ҷо соҳиби фарзанде мешаванд бо номи Абдуллоҳ ибни Усмон.
Бемории Руқая (р) ва нигоҳубини Усмон (р) ба ў
Чун Руқая (р) таваллуд кард, ба бемории сурхакон мубтало шуд. Усмон (р) дар канори ҳамсари худ монд ва ўро беморбонӣ ва нигоҳубин менамуд. Паёмбар (с) асҳобро барои ғазваи бадр фаро хонданд, ки ҷиҳод як мақоми баланде дорад, вале ба Усмон амр намуданд, ки ҳамроҳи ҳамсараш бимонад, чун ӯ (ҳамсараш) бемор буд. Аҷибиаш дар ин аст, ки ҳазрати Усмон (р) дар ин ҷанг, ки Худо мусулмонҳоро иззат дод, иштирок наварзида буданд, вале чун ғаниматҳоро тақсим карданд, баробари дигар муҷоҳидон ба Усмон (р) низ ҳақ доданд. Мебинед ин амали хубро? Ҳам ҳамсарашро беморбонӣ мекунад ва ҳам дар назди паёмбар аз ҷумлаи муҷоҳидин маҳсуб меёбад. Аз ин бар меояд, ки нигоҳубин кардани зан ҳам навъест аз ҷиҳод!
Вафоти Руқая (р)
Вақте Паёмбар (с) аз ғазваи бадр бозгаштанд, хабари вафоти духтарашонро шунида, чашҳояшон пур аз ашк шуданд, сипас бо ҳамроҳи Фотимаи заҳро (р) ба зиёрати қабраш рафтанд. Фотима (р) дар назди қабраш нишаст ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд, вале паёмбар (с) ӯро таскин медоданд ва дар ҳаққи духтарашон дуои хайр мекарданд.
Валҳамдулиллаҳи роббил ъаламин.
асоси1
[legko.require("/_sys_/_foot.html")]